Рузи 1-уми майи соли равон, дар яке аз хонахои кучаи Шорси шахраки Железнодорожникови нохияи Зима, вилояти Иркутски Русия, ду часад ёфт шуд, ки якеаш ба шахрванди 29 солаи Точикистон таалук дорад. Часади дигар зани 24 сола, истикоматкунандаи тахчои буд.
Аз руи гуфтаи кормандони милиса ин гуна куштори вахшиёнаро бори аввал мебинанд. Дасту пои онхо баста ва дар сарашон пакети полиэтилени кашида буд. Аз хонаашон чизе ба ягмо набурда, ва зиёда аз 500 хазор рубли руси дар чояш буд. Ба гуфти хамсояхо, онхо ки дар ин хона ичоранишин буданд, бе чангу гавго ва оромона мезистанд.
Сабабхои ин казияро коркунони милиса, ба кору фаъолияти шахрванди Точикистон дахлдор мепиндоранд ва дар ёфтани котилон очизанд. Мархум ба савдои калони чубу тахта машгул буд.
Ин куштор пурра метавонад аз дасти миллатчиёни рус, дар асоси бадбинию нафрат нисбати гайрирусон сурат гирифта бошад.
Бовар кунед агар точик мекушт хатман пулхои онхоро мегирифт, ин кори Русхо аст. ё дигар миллат. Умуман миллати точик кушанда нест.