Вакте мактаб мехондам бачахо байни дехаи “боло” ва дехаи “поён” чангу хархаша мекардем. Боре маркази нохия омадаму ончо дидам, ки дехаи “боло” ва дехаи “поён” муттахид шуда, мукобилият байни совхози Ленину совхози Сталин… Донишчу шудаму дар маркази вилоят хам ленинию хам сталиниро “берунй” номида
зидди мо маншаъ мекарданд. Дар пойтахт миллат ба якчанд махалхо…
Дар шахраки на он кадар калон бо номи Урай, ки дар ОА (округи автономи) Ханти-мансийск вокеъ аст, хамаги 16 нафар мардикорони точик кору зиндаги мекунем. Имруз якшанбе ва хамаамон сарчамъ оши ванчй мехурем. Якшанбеи гузашта оши ба тарзи хисорй пухта хеле оличаноб омада буд.
Оре, мо, точикон – 3 нафар аз нохияи Ванч, 4 нафар аз Помир, 2 нафар аз Конибодом, 3 нафар аз Мастчох, 2 нафар аз Айни, 1 нафар аз Кулоб ва 1 нафар аз Хисор хар якшанбе якчой чамъ мешавем ва ошхури карда, аз мушкилотхои якдигар бохабар мешавем. Дар рузхои аввал баръало хис мешуд, ки то кадом дарача забони лахчавии мо аз хам фарк дорад, аммо охиста-охиста эътибор намедодем ва хамдигарро хуб мефахмидем. Аниктараш мисле дар як латифа, “оуштен фриштен”-ро хаёл мекардем забони немисй аст ва сипас одат кардем, ки “ба у об дихед ва аз ин чо берун кунед” будааст.
Мо 16-нафар хамчун 16 бародар шудаем, ки дар гаму шодии якдигар шарикем. Ва хеле мехохему орзу дорем, ки дар тамоми шахрхои Русия чунин як вахдат пойдор шаваду аз Русия истода, решаи махалчигиро дар Точикистон барканем. Вокеан мусофирию мухочири метавонад на танхо точикон, балки точику киргизу узбакро муттахид намояд. Дарвокеъ соли гузашта дар идхои Истиклолияти се кишвар – Киргизистон, Узбакистон ва Точикистон, ки намояндахои хар се кишвар дар ин шахрак хузур доранд мехмони хамдигар будем.
Танхо муттахидии мо метавонад кувваи шикастнопазире зидди миллатгароёни рус шавад.
Номахо ба ман