Дод аз дасти “миёнаравхо”!

5 06 2009

Шамсиддин, як мардикори собикадор, пас аз хондани “Оуштен фруштен” ба камина занг зада, чунин эътироз кард ва онро сабти садои намудам. Танхо эътирози уро каме тахриру ислох намуда, инчо овардам. Ба хулосае омадан мумкин, ки дар шахрхои сермардикор вазъи муносибати байнихамдигарии хамватанон бад будааст.

“Салом дустам, Илхом. Навиштаи ахир тахти номи “Оуштен фуруштен”-ро хонда, ошики он шахраки афсонави шудам. Хеч боварам намеояд, ки ин хел макон дар Русия вучуд дошта бошаду ончо мо точикон ин гуна ахл бошем. Намедонам ё фантазият бой аст, ё дар хакикат рост..

Дар шахраки мо медони барои пул шуда, соли гузашта як чиян тагояшро кушт. Сангу кулухи хамватанони мо миёнрав (посредник) шудаанд. Мардикорони одди кори новобаста аз онхоро карибки намеёбанд. Хама чо ва хама корро “захват” карда моро бо нархи арзон кор мефармоянд. Дуруст, хастанд як ду миёнаравхое, ки кор медиханд, дар бобати хуччатхо кумак мекунанд, гамхоранду хамаги 10-20 фоизи маблагро мегиранд.

Аммо бештари онхо аз инсофу одамгари дур буда, аз мардикорони ночор суйистифода менамоянд ва 50-60 дарсади маблагро аз худ мекунанд.

Масалан, яке аз онхо Бойир, (ном тагир дода шудааст) наздик ба 200 нафарро мисли лагери давраи чанги немис, кор мефармояд. Онхо вазъи вазнин доранд. Чое барои шустушуй надоранд ва шароити зисташон бад аст.

Аз ним сол то як сол мехнат карда, руи пулро намебинанд. Танхо вакте ба Ватан бармегарданд бо онхо хисоби мекунад, ки ба як мохи кори 5-7 хазори руси рост меояд. Шикамаш чунон равгани шудааст, ки базур нафас мекашад. Аммо заррае парво надорад, ки коргарони у гайр аз макарон дигар хуроке надоранд.

Ин гуна миёнаравхо бисёранд ва дар Точикистон касрхои бохашамат сохтаанд.
Дар ин гуна афродон заррае мусулмонй хам намондааст. Мисли давраи гуломдорй байни хам мардикор мефурушанд.

Дар бобати муносибати байни мардикорон на хамеша хамдигарфахмй хукмфармост. Дар навбати аввал барои бештари онхо ПУЛ меистад ва фикри одамгарй, обруи милй ва мардигариро як су мондаанд.

Дустам, Илхом, бароям дар он шахраки “фантастикиат” коре пайдо намой, то ин маконро тарк намоям.

Хайр, панохи Худо /бо эхтироми хамсинфат Шамсиддин аз шахри Ангарски Русия.


Действия

Информация

Ответов: 4

6 06 2009
Мехварчон

Ман аввалин маротиба ба ин сомона даромадам ва ба Футболи Точикистон ташаккур мегуям, ки барои дарёфти чунин сайт ба ман кумак намуд.

7 06 2009
ilhom

Хуш омадед, Мехварчон. Мо низ ба сардабири торнигори “Футболи Точикистон” ташаккур мегуем, ки боиси афзудани мехмонхои мо гардидааст.

8 06 2009
Samak

Safi bevijdon dar hamajo bisyor ast, ammo dar ba’ni Tojikon bisyortar! Ba in nigoh nakarda bovari va umedro as dast nadihed, inchunin ba vijdoni khud khiyonat nakuned, ki u aslan khiyonatro namebakhshad. Mo hama duogui joni shumo hastem va orzui on ruzro dorem, ki har yak tojik khonai obod dar Tojikiston doshta boshad.

Samak

8 06 2009
ilhom

Ташаккур зиёд барои дилбардорй ва суханхои кимату пурарзиш, Самаки азиз. Саломат бошед.

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s




Follow

Get every new post delivered to your Inbox.