Шери точик ва палангхои озарй

25 03 2010

«Хар беша гумон мабар, ки холист..»
Дар шахраки Пушкинои назди Маскав Фаридун (ном тагир дода шудааст) як точикбача бо пахлавониаш номдор гаштааст. Аз накли як шохиди зинда чунин хикояи вокей руи когаз омад.
Тахминан солхои 2004-2005 дар шахраки хурдакаки Пушкино на танхо точикон, балки дилхох мардикори озару узбаку киргиз дар вакти аз магозаи хурокворй баргаштанаш ба дасти хурдсолакони (малолетка) урус меафтид. Хурдсолакони чинояткор, вакте ки туда-туда иборат аз 5 то 15 нафари чамъ шуданд, омодаанд ба сангинтарин чиноят даст зананд. Миллатхои гайри рус аз руи зарурат ба магоза мерафтанд ва хангоми баргашт мавриди горат, латтукуб ва аз хама камаш мазоху дашному шаппотй мегаштанд.

Дар махалли дигар дар як чоррахаи серодам сартосхо чамъ мешуданд ва ягон гайрирусе вакти аз ончо гузаштан бе латтукуб халос намешуд. Рузе як озарро сартосхо хеле «футбол» мекунанд.
Фаридун, аз руи чусса машкдида ё варзишгар наметобад, лекин як бачаи дар куча калоншуда ва аз хурдсолй чангараю чангдида хаст.
Озархо хама барои касос гирифтан омодагй мебинанд. Зиёда аз бист нафар бачахои бакувват чамъ меоянд ва накшаи касос тартиб медиханд.
Фаридун, ду сол мешавад, ки дар сохтмон кор намекунад. На хама медонист манбаъи даромади уро. У дар як зали варзишй, ки дар ончо чангхои рустй, гайрирасмй ва пулакй мегузашт кор мекард. Инчо на ягон намуди «бокс» ва на «бой без правила», балки як чанггохи кучагиро мемонд, ки тамошобинон пул мепартофтанду ду нафар хохишманд бе хеч коида занозан мекунанд ва пул насиби голиб мешавад. Онхо хатто тренер надоранд. Фаридун бештари вакт бо чангхои точикиаш пешсаф аст ва даромади хуб дорад.
Нихоят озархо накша мекашанд, ки ин гурухи миллатчиро бо ягон рох ба тангкучае баранд, то ягонтоаш гурехта натавонад ва милисахо низ халал надиханд. Он махалро хуб санчида сипас амалиётро огоз мебахшанд. Ба ду гурух таксим мешаванд. Гурухи якум бо калтакхо дар тангкуча мемонанд. Як нафарашонро, ки суръати давиданаш хуб аст ба назди тоссархо мефиристанд. Гурухи дуввум бо фосилаи дур дунболи он як нафарро мегиранд. Ин нафари фиристода аз назди тоссархо мегузарад. Онхо уро доштани мешаванд ва у дашномхои сахт дода суи тангкуча мегурезад. Тоссархо бо газаб уро таъкиб мекунанд. Вакте ки ин як нафари тездав то тамомшавии тангкуча мерасад гурухи якум ба майдон мебароянд. Тоссархо ин тудаи бокалтакро дида ба акиб гурехтани мешаванд, вале дер шуда буд. Гурухи дуввум аллакай аз дигар тарафи тангкуча меомаданд. Хуллас, мухосираи тоссархо, на чои гаштану, на чои гурез.
Фаридунро дар куча касе намешинохт. Вакте аз дари магоза берун меояд «малолеткахо» уро давра мекунанд ва аз у сигору пул талаб мекунанд. Фаридун атрофро аз назар мегузаронад, ки оё чои муносиб аст ё на. Сипас аз кисааш хамёнашро бароварда мекушояд. Онхо мебинанд, ки хамёни у серпул аст. Фаридун як фурсати муносиб ёфта, чолокона давраро убур карда мегурезад. Онхо аз паи сайди худ медаванд, вале бехабар, аз он ки кй сайд асту кй шикорчй. Фаридун суи торикй ва беодамй медавад. Чун макони муносиб меёбад ист мегирад ва омода шуда онхоро «пешвоз» мегирад. Бо хар як зарба як нафаре меафтид.
Дар ин тангкуча ягона рохи гурез бол бароварда ба осмон паридан монда буд. Инак, озархо аз ду тараф ба хучум мегузаранд. Танхо садои вою доди тоссархо ва шикастани устухонхо мебаромад. Пас аз дакикахои башумур дар тангкуча танхо тоссар хоб буданд. Ягонтоашро бе «насиба» нагузоштанд.
Фаридун почахои шимашро афшонда аз чанг тоза карда рохашро идома дод. Дар паси у бачахо шикаставу даридаву бехушу бохуш хоб буданд.
Акнун, дар ин шахрак «калласиёхон» озоду бахузур гардиш менамоянд ва касе пишакашонро пишт намегуяд. Хурдсолакон Фаридунро аз дури дида самти рохашонро дигар мекунанд. Тоссархо мисле бухор шуда бошанд дар ин шахрак дигар наменамуданд.








Отслеживать

Get every new post delivered to your Inbox.