Гурдадори мурдабеморем мо (муаллиф Сонй)
Сар ба сар мо мардикору халки бекорем мо,
Гул ба домон ,хок бар сар, мардуми хорем мо.
Мо гаранги дар хавои нафс хушёрем бас, Хуфтагон, аммо ба дидан чашми бедорем мо.
Бо таманои кафан аз дори дунё меравем,
Гарчи то рузи киёмат пунба мекорем мо. Мардуми олам ба дурихо назар афкандаанд,
Дур аз бини надида дидаи чорем мо.
Дар харита гарчи моро нест дарёи кабир,
Дар талоши гайбати хам бахри саршорем мо.
Дар гами барк аз сахар то шом мегардем гарк, Мамлакат баркафкану дар кулбаи торем мо.
Он ки моро дар талоши хак каси бегурда гуфт,
Ай табибо, гурдадори мурдабеморем мо. Ку ба ку дар шахри Русо бахри ноне саргарон,
Аз мухочирхои гардонандабозорем мо.
Бори маъни аз бисоти мо даме н-ояд бурун,
Чун сабукборон гахе бар души худ борем мо.
Мо хама муъмин ба ному дар амал афтода ланг,
Тудаи даъвомусалмонон ба гуфторем мо.
Суннати Ахмад кучо шуд, кори бидъат мекунем, Аз кадомин олу мазхаб хеш бишморем мо?.
(С, СОНИ)
Шеъри олй! Афсус, ки муаллиф – Сониро нашинохтам. Каме маълумот медодед. Ташаккур!
Аз худи шоир Сонй хохиш менамоем, агар зарур бишморанд дар бораи худ маълумот диханд.