Дар озмуни эълонкардаи торнигори “Мардикорнома” хамаги як нафар ширкат намуда чунин шеъре тозаэчод фиристод, ки инчо мегузорам. Ва бе чуну чаро чои аввалро ба Сонй насиб медонем. Табрик!
ВАТАН ТОЧИКИСТОН, ВАТАН ЗИНДА БОД!
БА НОМИ ХУДОЕ, КИ ЧОН ОФАРИД,
ЗАМИНУ САМОЮ ЗАМОН ОФАРИД .
ЗИ РАФТОРУ ПИНДОРУ ХАРФИ НАКУ
ШУКУХИ БАНИ ОРИЁН ОФАРИД
БУВАД МИЛЛАТИ ТОЧИК ОРИНАЖОД,
ХУДО БИДХАД УРО ЗИ САХТИ НАЧОТ
БАДАХШОНУ ХАТЛОНУ РАШТУ ХИСОР
ХУЧАНДУ ФАРОГОНАИ ФАЙЗБОР,
БУХОРУ САМАРКАНДИ ХАЙРОНИ МО,
ШУДА МАНБАИ РУХУ АРМОНИ МО.
ЗИХИ ТОЧИКИСТОНИ ОЗОДИ МО
ДИЁРИ АЗИЗУ ХУДОДОДИ МО.
ХАМА ХАМДИЁРОНИ ЯКЧАВХАРЕМ
БА МАЪНИ ХАМА УЗВИ ХАМДИГАРЕМ
АЗ ИН РУ ХАМА ШАХРВАНДИ ВАТАН
БА ВАХДАТ ШУДА ХАМЧУ ЯК ЧОНУ ТАН
БАРОРЕМ АЗ ЯК ГИРЕБОН САРЕ
ГИРИФТА ХАМА ДАСТИ ХАМДИГАРИ.
ХАМА ТОЧИКИСТОНИЁН ДАР САФАР
ЗИ ВАХДАТ ШАВЕМ ОНЧУНОН БАР БА БАР.
КИ ХАРЧАНД АФРОДИ НОНОВАРЕМ
ЗИ ВАХДАТ БА ХАР ЧО БА БОЛУ ПАРЕМ.
БА ВАХДАТ ХАМА ЧАМЪИ МО ЗИНДА БОД
САРАФРОЗУ ПУРШОНУ ПОЯНДА БОД!
Ман Абдучамил Солехов, шогирди бародар Сони хастам. Алъон дар мактаби миёнаи раками 49, чамоъати дехоти Чоркух, нохияи Исфара ба хайси муаллим машгули дарс мебошам. Номи аслии устоди ман Саъдуллохи МУСО буда, яке аз шахсиятхои фарханги хастанд ва хамрохи журналист сармухаррир Насибчони Амони аз бунёдгузорони хафтаномаи “Сухан” (декабри соли 1989) махсуб меёбанд. То хол мачмуахои ишон бо унвони “Асрори худогохи” (Интишороти “Олисомон”,1996, Душанбе,64 сах. шеър) “Шакар дех, интихобот! (мачмуаи шеъру хикояхои хачви, нашриёти “Адиб” 1999), “Пайки огохи” (шеър, нашриёти “Вароруд”, Хучанд,,2002) “Як бор мард шавед” (хикояхои танзи, нашриёти “Ирфон”, 2005) ба нашр расидаанд. Холо бо хафтаномаи Нигох хамкори доранд ва каламашон сахифаи саввуми он “Илхоми хафта”-ро оро медихад. Чандин бор хамчун рохбалади хуччоч ба Арабистон сафар намудаанд ва дастуреро барои зойирин бо номи “Рохи мукаддас” (нашриёти Вароруд, 2000, 123сах.) ба табъ расонданд. Аз соли 1990 узви Иттиходи журналистон ва аз соли 2002 Аълочии матбуъот. То он чое ки вокиф хастам , хануз соли 1997 нависандагон Начмиддини Шохинбод, Басир Расо ва Ахмадшохи Махмадшох барои пазируфтанашон ба узвияти Иттиходи нависандагони Точикистон тавсия додаанд ва бо сабабхои номаълум ба узвият хануз кабул нагаштаанд..
Ин маълумоти кучакро дар чавоби суоли Ромиш навиштам.
Ахсан бародар барои маълумот! Ростй ман низ бехабар будам. Худо илохо устодро сихату саломат дар панохаш нигах дорад. Комёб бошед, Абдучамил.