Нома ба модари Бахтиёри чавонмарг

2 12 2011

Модар, бо умед писар ба воя расонидиву бо сари баланд ба Русия фиристодиву аммо Бахтиёрат аз он чо дар сандуки оханй бе сар баргашт.
Туъмаи сиёсатхои палиди Русия гашт. Рондани сесад точик аз Русия ва катли ду хаммиллат дар посух ба ду халабонхои зиндонй. Агар хамин халабонхо катрае одамгарй ва заррае вичдону каме мардигарй медоштанд, зидди ин маъракаи зиддиточикона садо мебароварданд. Онхо назди модаронашон баргаштанд, аммо ба назди модари Бахтиёр часаде бесар рафт. Часад хам не, лундае гушти сухта.
Модари азиз, намедонам бо чй суханхо каме дили хунчакони туро таскин бахшам. Чи дарде насибат гашт. Чи мусибате ба сарат омад. Худованд сабри чамил ба ту ато гардонад. Дасти дуо бардор, то дилат таскин ёбад. Дасти дуо бардор, ки Илохо чои Бахтиёратро чаннат гардонад. Дасти дуо бардор, ки миллати моро сарчамъ ва дусту бародар гардонида аз балохо эмин нигах дорад. Дасти дуо бардор, ки ин миллатчиёни рус ба бадтарин рузхо гирифтор шаванд. Дасти дуо бардор, то он дастоне ки сари Бахтиёратро буриданд, сари сарвару рохнамохояшонро бибуранд. Дасти дуо бардор ки дасти он котилон бишканаду бипусаду бирезад. Дасти дуо бардор, ки он котилон аз чабри рузхои бад марги хеш хоханду мисли сагони дайду руй ба нести оранд. Дасти дуо бардор, ки ин рузи сияхи ту ба сари хар яки онхо, аз болонишинаш то каториаш ояд. Дасти дуо бардор, ки хар нафаре зидди точикон садо баровард гунгу бесадо гардад ва хар нафаре ки зидди точикон бинавишт дастонаш бишкананд. Дасти дуо бардор.. Мо ва хар як хонандагони ин сатрхо низ омин хохем кард, дигар чизе аз дастамон намеояд, чуз талаби кумак аз Парвардигор. Илохо дуохои мову модари Бахтиёрро мустачоб гардон, Омин, Оллоху акбар.


Действия

Информация

Ответов: 2

8 12 2011
Салимшо

Аслан мегуянд, ки ба бадкарда бад макун, вале ман ин дафъа исключение мекунаму ба гуфтахои муаллиф хамрох мешавам….

17 12 2011
yusufisufi

Дар ҳаққи ононе ки вазифаи ҷониашон ба кор таъмин кардани мардум дар ватан асту эшон ба “таҳкиму арҷгузорӣ” ба истиқлолияту парчаму нишону дигар саргарм ҳастанд низ дуъои “хайре” кунед, ончунон ки дар ҳикояти Саъдӣ дарвеше Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфро…

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s




Follow

Get every new post delivered to your Inbox.