САЛОМ ВАТАН!

19 12 2011

Салом Точикистон! Салом Душанбе!
Нихоят насиб будаасту Худоро шукр сихату саломат боз ба Ватан баргаштам. Ба Ватани торику бебарк. Ба Ватани роххояш пулакй. Ба Ватани точирони беинсофу нарххои осмонй. Ба Ватани мардуми нодору ночор. Ба Ватани хокимонаш “олигарх”-у дар гами худ. Ба Ватане, ки ришу сатр ончо чиноят аст. Ба Ватане, ки чавононро аз масчидравй боздошта онхоро суи “стриптизклуб” мефиристанд. Ба Ватане, ки чашмони кудаконаш дигар кудакона нестанд. Ба Ватане, ки чехраи пиронаш дигар нуронй нестанд. Ба Ватане, ки хама дар гами пул. Ба Ватане, ки фиску фасод аз муборизони зидди фасод огоз гашта.
Аммо бо хамаи рангхояш дуст медорам ин Ватанро. Аз хавопаймо фуруд омада хоки Ватанро ба дида молидам. Чи хуш аст хавои чанголуди Ватан. Чи ширин аст оби сернамаки Ватан. Зиндаву поянда бод, Точикистони ман.








Follow

Get every new post delivered to your Inbox.