Бохти Хадамоти Мухочирати Точикистон

6 10 2012

Раиси ФР В.В.Путин рузи 5-уми октябр бо раиси чумҳурии мо Э. Рахмон вохурда як катор созишномаҳоро ба фоидаи Русия имзо намуданд. Акнун пойгоҳи ҳарбии Русия то соли 2042 (!) дар Точикистон монданй аст. Ба болои ин ҳарбиёни русро, ки акнун соҳиби мақоми дахлнопазирй гаштанд, «гурбаашонро дигар пишт ҳам гуфта намешавад» ва бо иштиҳои том «бизнес»-и худро ба роҳ мемонанд.
Аммо оё нафаре дар фикри мақоми муҳочири точик нест.

Дар расонаҳои хабарй омадааст, ки муҳлати бакайдгирй аз 3-руз ба 15-руз ва давомнокии ичозатномаи кор то се сол дароз шуд. Оё С. Девонаев намедонист, ки муҳлати ҳузури беқайди муҳочирони точик, на се руз, балки хафт рузи корй буд?

«..Обращаем Ваше внимание на то что каждый иностранный гражданин прибывший РФ обязан встать на миграционный учёт по месту пребывания (регистрация) в течении семи рабочих дней…»
http://www.ufms-rf.ru/

Акнун дар бораи ичозаи кор. Шахсан ман ду мох пеш корафтода шуда ба ИФХМ (УФМС) барои боз се мох дароз намудани кайднома рафтам. Ба ман дар ончо гуфтанд, ки мо хак дорем бо як корти миграсионй, то се сол ичозаи кор бигирем ва хочат ба убури (пересечение границ) сархад нест.
Наход шахси масъул, рахбари хадамоти мухочират, С. Девонаев аз ин конунхои кайхо дар амал буда хабар надошт?
Чаро дар ивази макоми дахлнопазирии сарбози рус натавонист ба ноновари точик макоми дахлнопазирии 3 моха ба даст орад?
Ба хар як вохурихои президентхои Русияву Точикистон мухочирони точик ба умед менигаранд, аммо афсус ин бор низ ноумед шуданд…