Мусо, телефони дастӣ ва гурбачаи хокистаранг

2 11 2014

gurbachaОхирин рӯзҳои тирамоҳ буд. Барфпӯш будани замин ва хунукиву яхбандӣ аз омад-омади зимистон дарак медод. Хар вақте ки дари долони бино кушода шуда ягон истиқоматкунандаи он даро баро мекард, шамоли хунук аз берун ба дохили бино медаромад.  Гурбачаи хокистарранг аз хунукӣ меларзид ва аз хар нафари аз наздаш гузашта «мияв»-гуен ерӣ мехост. Нафаре эътибор ва нафаре баргашта ба у хурдание меовард. Кампирзане аз дилсӯзӣ ба ӯ дар косачае шир овард ва сари ӯро сила карда «эҳ бечорае, ҳанӯз хурдакак. Кӣ туро инҷо партофта бошад?» гуфт. Гурбача шояд на хурок, балки ба хоначаи гармаш ба назди Мусо баргаштан мехост.  Баъзан чашмонашро пушида пинак мерафт. Шояд он рузхои бозиву хурсандии бо Мусо гузаштаашро ба ед меовард.

Гурбачаро ҳанӯз як ҳафта пеш як кампири рус дар назди мағоза истода ба роҳгузарон пешниҳод мекард. Мусо он рӯз барои шишаи дуввуми шароб ба мағоза рафт. Вақти аз магоза баромадан кампир ба Мусо низ пешниҳод кард, ки ин гурбачаро бо худ бигирад. Мусо аввал рад карда роҳашро идома кард, вале пас аз ду се қадам бозистода фикр кард, ки айни ҳол ба ин гурбача ниез дорад. Куҷое хонда буд ки гурбаҳо асабро ором менамоянд ва ҳатто табобат ҳам мекунанд.

Он рӯзҳо ҳолати рӯҳии Мусо хеле вазнин буд. Барои ором кардани худ рӯй ба шаробнӯшӣ оварда буд. Ӯ ҳашт моҳ мешавад дур аз хона аст. Ҳар баҳор ҳаминтавр ба Русия кор омада тирамоҳ ба хона бармегашт. Дар тӯли ин омаду рафташ ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ чун одат шуда буд. Дар муҳоҷират телефони дастӣ ҳаети оилавии ӯро гоҳ чун асал ширин ва гоҳо то дараҷае талх мекард, ки ҷонаш ба лаб меомад. Бо телефони дастӣ ба ҳамсараш занг мезад ва агар ҳамсараш гӯширо набардорад ба дили ӯ ҳазору як шубҳа меафтид. Пас аз он ки бардошт саволҳо сар мешуданд, «чаро гӯширо набардоштӣ?», «дар куҷо будӣ?», «бо кӣ будӣ?», «ин қадар дастат банд буд?» ва ҳоказо.

Ва агар ҳамсараш занг занаду ӯ набардошт, баъдаш вуруди паемакҳо (смс) чун «чаро гӯширо набардоштед?», «дар куҷо ҳастед?», «бо кӣ ҳастед?», «халал додам?», « дар назди духтаракони хушқадуболо гап зада наметавонед?» ва ҳоказо.

Ин паемакҳо мисли бомба дар сари Мусо метаркиданд. Хусусан аламовар буд, вақте ӯ пас аз меҳнати ҷисмонии вазнин ба хона бармегашту аз хастагӣ хобаш мебурд ва вақте бедор мешуду ин паемакҳоро мехонд.

Муҳоҷират, ва дур будан аз ҳамдигар онҳоро бемор кард. Ҳарду ҳам аз бемории асаб сар карда то бемории фишори хун расиданд.

Ниҳоят рӯзе пас аз нагӯмагӯҳои телефонӣ Мусо ҳамсарашро «талоқ» гуфт. Дар ҳолати асабонияти шадид чӣ хел ин калимаро гуфт худ намефаҳмид. Дар ҳолати «шок» корро партофта ба ҷои хобаш шитофт ва раҳораҳ шароб харида менӯшид.

Саҳарӣ вақте аз хоб хест дар болои сараш гурбачаи хокистаррангро дида аввал ҳайрон шуд. Баъд хира-хира ба едаш омад, ки гурбачаро дар назди мағоза кампире ба ӯ дод.

Гурбача воқеан ӯро ба худ андармон карда хумосашро каме парешон менамуд. Зуд аз мағоза хурокии «вискас» харида овард. Дар зарфе хок оварда дар як кунҷи хона гузошт. Дар косачае об ҳам овард. Пахтачаеро ба ришта баста бо ӯ бозӣ мекард.

Мусо пас аз ду рӯз пас аз ҷанҷоли ҷудоиандоз дубора ба кор баромад. Ҳолати рӯҳии ӯ вазнин буд. Мехост ба коре машғул шуда ҷудоӣ аз ҳамсарашро ба ед наорад, вале аз сараш ин ҷангҷол берун намешуд. Аз гуфтаю аз карда пушаймон буд ва ба ҳар сӯ занг зада илоҷ мепурсид.

Ниҳоят пас аз як ҳафта бо ҳамсараш оштӣ карданд. Муллоҳо гуфтаанд, ки гуфтаи ӯ як талоқ ҳисоб мешавад ва ҳанӯз имконияти ҳифз намудани оилаи онҳо вуҷуд дорад. Он рӯз шодию хушнудии Мусову ҳамсараш ҳадду канор надошт.

Аз хурсандӣ корро партофта ба хона баргашт. Чун ҳамеша гурбачаи хокистарранг дар назди тиреза нишаста берунро тамошо мекард. Шояд омадани Мусоро интизор буд. Вақте Мусо дарро кушода ба хона ворид шуд, чун ҳарвақта ҷуробҳояшро дар байни хона парешон, дар рӯи гилем изи хоколуди пойи гурбачаро дид. Ин бор ба назараш хона бетартиб менамуд. Ҳавои хона низ ба назараш ғализ буд.

Ба сари миз ба хӯрокхӯрӣ  нишаст. Садои «мияв»-и гурбача ба дараҷае ба гӯшаш нафорид, ки нон дар гулӯяш дармонд. Ба косачаи гурбача нигарист. Он пур аз хурок буд.

Пас аз хурок хурда шудан ба ҷои хобаш дароз кашид. Гурбача чун ҳаррӯза ба ангуштони пойҳои Мусо дарафтода онҳоро маҳин мегазид. Гурбача бозӣ кардан мехост. Ба Мусо ин кори гурбача намефорид ва ӯро аз худ дур мекард. Вале гурбача боз ба пойҳои ӯ мечаспид. Мусо ба хулосае омад, ки гурбачаро бояд ба соҳибаш баргардонад.

Мусо соатҳо дар назди мағоза рост истод то шояд он кампирро бинад. Гурбача дар бағал, дар зери пироҳанаш бетоқатӣ мекард. Мехост сарашро аз торикии зери либос берун намояд. Ниҳоят Мусо бетоқат шуда ба наздиктарин бино рафт. Ба долони он даромада гурбачаро сар дод  ва худаш зуд аз наздаш фирор карда ба хонааш баргашт. Акнун дигар дар либосҳояш муйҳои гурбача нахоҳанд буд, ҳавои хона дигар буи саргини ҳайвон нахоҳад кард.

Гурбачаро бошад кампирзан ефта боз дар назди мағоза ба ягон бадмасти дигар пешниҳод хоҳад кард.





Точикистон-«КАЗИНО»

16 05 2014

 

econom

Ҳар вақте ки аз муҳоҷират ба Тоҷикистон бармегардам ба худ қавл медиҳам, ки дигар ба Русия намеравам. Ин бор низ бо ҳамин қарор истодагарӣ намуда тули панҷ моҳ дар Тоҷикистон кор кардам. Инак ба хулосае омадам, ки бо маоши инҷо зиндагӣ роҳ намеравад ва бояд боз борхалта ба китф гирифту аз «казино» берун шуд.

Соҳибкорони Тоҷикистон то ҳадди имкон кӯшиш менамоянд то мутахасисонашон ба Русия нараванд. Аммо онҳо низ барои баланд намудани маоши коргарон дигар илоҷу имконият надоранд. Сабаби асосиаш андози баланд.

Масалан 1метри мураббаъе, ки барои истеҳсолот истифода мешавад дар се моҳ 40 доллар будааст! Яъне агар соҳибкоре сех кушояду он аз 100 метри мураббаъ иборат бошад, онгоҳ ӯ дар як моҳ бояд 1333 доллар танҳо як намуди андозро супорад. Ҳоло боз дигар хароҷоту боҷ аз ҳисоб берун.

Истеҳсолоту сатҳи иқтисодиёт дар Тоҷикистон бо суръати сангпушт меравад. Маоши миёнаи коргарони коргоҳҳои истеҳсолӣ 500-700 сомонӣ мубодили 100-140 доллар. Боҷу андози соҳаи савдо, фурӯшгоҳу бозорҳо ба торафт баланд шудани нархи маҳсулот расонида истодааст. Ба баланд шудани нархи маҳсулот пулчинаки роҳ IRS низ таъсири худро расонида истодааст.

Хешутаборбозии мансабдорони Душанбе, порахӯрӣ, монополияи воридоти маҳсулот ва монополияи хидматрасонӣ намегузорад, кӣ рақобати солим боиси арзоншавии маҳсулоту ин ё он хидматрасониҳо гардад.

Имрӯзҳо баръало маълум шуда истодааст, ки Тоҷикистон ба як коммандаи иқтисодиётшиносҳои варзида, ба як сарвари иқтисодиётшинос ниёзи беандоза дорад. Бо рӯёрӯии Ҳизби Тоҷикистони Нав ҳама умедвор будем, ки акнун ин гурӯҳи асосан иқтисодиётшинос кишварро наҷот хоҳанд дод. Аммо ҳукумат зуд онҳоро яктарафа кард. Чунин ба назар мерасад, ки Ҳукумати Тоҷикистон, аз вакилон сар карда то Ҷаноб дар паи беҳ намудани сатҳи ҳаёти мардум нестанд. Соҳибкорони муваффақро мешикананд ва коргоҳашро авбошона аз худ мекунанд. Бо қонунҳои ночаспою дуруғин онҳоро ҷарима, муҳосираи молу мулк ва ҳабс менамоянд. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Агар воқеан Ҷаноб ва коммандааш хостори беҳ намудани сатҳи ҳаёти мардум бошанд, онгоҳ метавон аз ин роҳҳо истифода намуд.

Бо ҷалби иқтисодиётдонҳо аз нав дида баромадани Қонун дар бораи андоз. Бо истифода аз таҷрибаҳои кишварҳои мутараққӣ ва бо назардоштӣ маоши ҳадди ақал сабукӣ додан ба соҳибкорони Ватанӣ. Сабукии бештар додан ба соҳибкорони соҳаи истеҳсолот. Паст намудани хидматрасониҳо ба мардум. Ройгон намудани намак ва об дар Тоҷикистон. Бекор намудани пулчинаки роҳ IRS. Ихтисор намудани вазоратҳои камкору зиёдатӣ, ки аз буҷа, аз кисаи мардум маош мегиранд. Пароканда намудани вакилони Маҷлисҳои ноҳиявӣ, вакилони Маҷлисҳои вилоятӣ, вакилони Маҷлиси поёнии Ҳукуматӣ ки некие ба мардум накардаанд ва аммо маошашон аз кисаи мардум пардохт мешавад. Ихтисор намудани муовинҳои зиёдатихур.

Ҳоло бубинед, ки фарз кардем дар як раёсати маорифи шаҳри Х….  зиёда аз 50 нафар кор мекунад. Аммо аз онҳо чӣ нафъ ба мардум мерасад? Баръакс сол аз сол сатҳи дониш паст шуда истодааст. Албатта маоши онҳо ба зиндагиашон намерасад. Пас чӣ кор мекунанд? Аз волидони хонандаҳо бо зурию зорӣ пул талаб мекунанд. Стипендияҳои президентӣ, маблағҳо барои таъмири мактабҳо ва дигар маблағҳои аз буҷа ҷудошударо обу лой мекунанд. Пас агар маоши басандаю расанда ба кормандони маориф дода натавонем чаро ин қадар муовинчаву роҳбарчаҳоро дар вазифа нигоҳ медорем? То онҳо мардумро ғорат карда гарданд? На танҳо дар маориф, балки дар ҳамаи идораҳои давлатӣ ҳамин система аст.

Маоши як дӯсти милисаам 580 сомонӣ. Ман ки бо маоши 1600 сомонӣ оилаи кӯчакамро таъмин карда натавонистам, ин милисаҳо бо ин маошашон чӣ хел зиндагӣ доранд? Яқин ба ғорати мардум машғуланд. Деҳқонеро бо помидорҳояш қапида, сертификату ким-кадом терминҳоро истифода карда чойпулӣ талаб менамоянд. Ё сигоркашеро дар кӯча дида шодон ба тарафаш медаванд, бо умеде, ки онрӯз ба хонаашон ду нон хоҳанд бурд.

Солҳои донишҷӯи муаллим ҳамчун кори курсӣ донишҷӯйҳоро вазифадор намуд, ки «Бизнес-нақша» тартиб диҳем. Аммо аз 24 «Бизнес нақша» пас аз таҳлили ҳамакаса бо муаллим ягонтоаш кори мешудагӣ ва ба воқеият наздик набаромад. Хамаи нақшаҳои тартибдода аз сабаби қонунгузории нодуруст ва андозҳои баланди Тоҷикистон ба нокомӣ дучор гаштанд ва ба хулосае омадем, ки дар Тоҷикистон бо роҳи шаффофу росткорӣ соҳибкориро ба роҳ мондан амрест маҳол. Бояд ё коргарҳоро расман ба қайд нагирем, ё ноқили барқи дуздӣ дошта бошем, ё пинҳонҷои захираи маҳсулот дошта бошем, ё тамоман аз қайди давлатӣ нагузарем, ё дар андозу дигар мақомот шиносу тағо дошта бошем, ё бо ягон нафари наздики Ҷаноб ошнои дошта бошем. Онгоҳ «Бизнес-нақшаҳо» метавонанд амалӣ гарданд. Ин чӣ системаи фалаҷи зиддимардумист?

Бояд муҳит чунин бошад, ки ҳар шаҳрванди дуюм, ё сеюм бемамониат тавонад коргоҳи истеҳсолиеро ба роҳ монад. Бояд қонунгузории кишвар созгор бошад ва иқтисодиётро тавре ба роҳ монад то пуле, ки ба Тоҷикистон медарояд дубора ба берун наравад ва дар дохил гардиш намояд. Аммо мутаасифона пулҳо ба оффшору Хитой ва ба Русияву дигар кишварҳо бо суръати баланд пош мехӯранд.

Дирӯз дар истгоҳ зиёда аз як соат интизори мусофиркаш шудам. Дар истгоҳе, ки мусофиркашҳо паи ҳам омада барои мусофиронро савор намудан кашмакашӣ мекарданд на ягон мусофиркаш буду на ягон таксӣ. Ниҳоят як мусофиркаш базӯр-базӯр омад. Як илоҷ карда бо кашмакашиҳо савор шудам ва ба ронанда эътироз намудам, ки чаро имрӯз мусофиркашҳои хатсайри шумо каманд? Посух дод, ки имрӯз «налог» ба шикор баромадааст ва эълон кард ӯ низ то истгоҳи охир намеравад, чунки дар онҷо «рейди налог» рафта истодааст.

Бечора ронандаи мусофиркаш нагурехта чи кор ҳам мекард? Ё рӯзи дароз меҳнат карда аз нисф зиёди даромадашро ба бекорхӯҷаҳои курсинишин диҳад? Охир агар андоз каме боадолатона мебуд ӯ ва садҳо нафари дигар ҳаргиз саркашӣ намекарданд ва сафи андозсупорандагон баръакс зиёд мешуд.

Ҳамин тавр бори гарони Давлату давлатдорӣ дар китфи мардум боқӣ мемонад. Аниқтараш дар китфи муҳоҷири меҳнатӣ. Ғорати мардум аз фурӯдгоҳ то фурӯдгоҳ. Ғорати мардикор аз нишастани ҳавопаймои ӯ ба Тоҷикистон то парвозаш пас аз 2-3 моҳ. Ба гуфти як дӯстам воқеан Тоҷикистон чун «казино» шудааст. Ба Русия рафта кор карда меоию ба «казино» дода боз меравӣ. Казиное, ки соҳибони онро заррае инсоф намондааст. Казиное, ки онҷо мардуми одиро танҳо бохт, бохт, бохт интизор аст.





Муллошо ва kinder-surprize

14 04 2014

kinder-surprise                Фурудгоҳи шаҳри Навасибир (Новосибирск). Мусо ва Муллошо дар ниҳояти бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон. Ҳарду аз тафтиши сарҳадбонҳо гузашта навбат ба муоинаи боғоҷи дастӣ расид. Корманди фурудгоҳ, зани миёнасоли урус, ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи Муллошо табассум кард. Мусо кунҷковона сабаби табассуми он занакро фаҳмиданӣ шуда гардан дароз кард, то даруни борхалтаи Муллошоро бубинад.

Муллошо аз борхалтааш қуттичаҳои зарди тухмшаклро берун мемонд. Ин бозичаҳои сохташавандаи киндерсюрприз, бе қабати шоколотӣ буданд. Муллошо як-як қуттичаҳоро мекушоду бозичаҳоро нишон медод ва аз нав пӯшонида берун аз борхалта мегузошт.

Муллошо нигоҳи дуздонаи Мусоро пай бурда, китфонашро паҳн кард то бо тани худ борхалтаашро аз назари Мусо пинҳон намояд. Мусо бошад гоҳ аз болои китф, гоҳ аз зери оринҷи Муллошо тамошо мекард. Муллошо бетоқат шуда, бо забони урусӣ гуфт:
— Маладой челавек, прахадите дальше! Не мешайте! Идите на свой дарога!
Корманди фурудгоҳ Муллошоро дастгирӣ карда низ гуфт:
— Да, да. Чего уставились?
Мусо табассум карду саросема аз назди онҳо дур шуд. Муллошо ки ба Мусо бо урусӣ Харф зада буд аз тарафгирии ин зани корманди фурудгоҳ руҳбаланд шуда бо тоҷикӣ ба ӯ гуфт:
— Ин Мусояш ҳэъ одами хира да. Агар ҳамин киндерчаҳоро дида бошад, кора бало зад. Як сол мазоҳ карда гуфта мегардад… Корманди фурудгоҳ чизе нафаҳмида ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карда гуфт:
— Ладно соберите свои вещи обратно в сумку и проходите дальше.

Муллошо ҳамаи тафтишҳоро гузашта ба ҳолли интизорӣ ворид гашт ва ба назди Мусо, ки дар курсие менишаст рафта нишаст. Мусо бо бехи бинӣ пуххос занон пастак-пастак механдид ва руяшро бо дастонаш дошта аз байни ангуштонаш гоҳ-гоҳ ба Муллошо нигоҳ мекард. Муллошодигар тоқаташ намонда гуфт:
— Ҳа? Чӣ шудааст? Бозичаҳои напанав ку. Шакалоташ об шуда рехт бозичаҳош монд мегӯям. Мебарам бачаҳоям бозӣ мекунанд.
Мусо дар посух:
— Не. Шабҳои аввал ҳамроҳи янга дар «перерыв»-ҳои нимашаби онҳоро «собирать» кунед баъд саҳарӣ ба бачаҳо диҳед.
Ҳарду қаҳ-қаҳ зада хандиданд….

Ҳанӯз тахминан як сол пеш Мусою Муллошо маҷбур буданд дар як вагончаи ҷои кор ҳамроҳи ду қирғиз зиндагӣ намоянд. Ҳамаашон дар як коргоҳ кор мекарданд. Хӯроки нисфирӯзӣ аз тарафи коргоҳ буд. Хӯроки бегоҳирӯзиро бо навбат аз мағоза мехариданд. Рӯзе навбати як ҳамкори қирғизашон расиду ӯ пурсид, ки аз мағоза чӣ орад? Ҳама тухм фармоиш доданд. Қирғизи бечора аз супермаркет дар ду ҳазор тухмгӯён 30-то шоколоти киндер-сюрприз оварда буд. )))))





Зулмоти поёни шаби сияҳ (қисми 7)

15 04 2013

Модари Аслиддинро ҳиссиёти бад фаро гирифта буд. Дилаш гувоҳй медод, ки ба писараш ягон ҳодиса рух додааст. Хобҳои рўзҳои охир дидааш ўро ба чунин ҳолат расонда буд. Ба келинаш мегуфт, «ҳамин Аслиддинам сихату саломат аз дар дарояд, пагоҳаш ба мардум як ош карда медиҳем.»
То Душанбе расидани ҳавопаймо камтар аз ним соат монда буд. Сўхбати Некрўз ва Аслиддин идома дошт.
— Аслй, аз Ориф хабар дорй чй шуд? — суол кард Некрўз.
— Не. Чй шудааст?
— Ээ, бечора бача имсол сахт шикаст хурд. Вай дар як корхона кор мекард. Бо раиси он корхона муносибаташон хеле хуб мешавад.
Ориф як ҳамсинфи дигари Некрўзу Аслиддин буд. Мактабро базўр бо баҳои се хатм карда буд, вале дониши хуби исломй дошт. Миёнақад, хоксор ва зудранч. Аммо шояд пуртоқативу хоксорияш буд, ки ўро як каме тарсу нишон медод. Аз хурдияш намоз мегузошт. Дар муқоиса бо ҳамсинфонаш ягон тори мўяш сафед нашуда буд. Хусусан Некрўз аз нисф зиёди мўяш сафед шуда буд. Аслиддин бошад ҳам торҳои сафед дошт ҳам аз рехтани мўй болои сараш наздик ба калшавй буд. Ориф сермўй ва сиёҳмўй буд, аммо пешонию атрофи чашмонаш сахт пурожанг буд.

Некрўз нақлашро идома медод:
—«Шеф» Орифро сахт ҳурмат мекард. Раис як муддат Орифро дар хонааш ҳамчун боғбон ва посбон ба кор мемонад.Аммо Ориф, ки устои хуб аст, будани ў дар корхона низ барои «шеф» зарур буд.

Орифи меҳнатдўст вазифаи боғбониву посбониро низ хуб ичро мекард. Раис аз ботартибию озодагии ў розй буд, аммо пас аз моҳе мачбур шуд баргашта Орифро ба корхона барад.
Баъд аз ин раис аз Ориф хоҳиш кард, ки ягон точики мисли худаш коргару боадабро ба вазифаи боғбонй ва посбонй ёбад.
Ориф ба якчанд шиносҳояш занг зада пурсучўй мекунад, аммо дўстони дилкашаш ҳама банд буданд. Ахиран Улуғбеки писари раҳматии Қосимбой аз ин чои кор бохабар шуда ба Ориф занг мезанад ва илтимос мекунад бо раис гапзанон карда, ўро ба он кор монад. Ориф Улуғбекро на он қадар хуб мешинохт. Танҳо ҳаминро медонист, ки Улуғбек бармаҳал бепадар монда буду модараш ба дигар деҳа шавҳар кард ва ў дар хонаи тағояш ба воя расид. Ориф ба чанд нафар занг зада аз хулқу атвори Улуғбек пурсид. Дўстон бо як овоз гуфтанд, ки Улуғбек шаробнўш аст ва бинобар ин инсони боваринок нест.
Соҳиби хона ёфтани нафари боэътимодро бар зиммаи Ориф партофта буд. Ориф масъулиятро ҳис карда мехост коргаре ёбад, ки оянда гапшунав ё чавобгар нашавад.
Ориф ба Улуғбек посухи дурўғ дод, ки чои кор банд шудааст ва ҳатто ба Точикистон занг зада аз бародараш хоҳиш кард ягон инсони хубро наздаш фиристад. Маош ва шарту шароитро низ ба бародараш фаҳмонд.
Рўзи дигар «шеф» хоҳиш кард, ки дар давоми ду рўз ба ў посбон ёбад. Чунки ў бо чамъи оилааш ба хорича истироҳат меравад.
Аз байн як рўз гузашт. Бегохй Ориф ноилоч ба Улуғбек занг зад. Бигзор як сағира пул кор кунад гуфта, ўро таклиф кард. Ориф бо Улуғбек вохўрда ўро ба хонаи «шеф» мебарад. «Шеф», ки ба Ориф бовар мекард ба Улуғбек аҳамияти хоса намедиҳад.
Улуғбек чавони 7-8 сол хурдтар аз Ориф буд. Бо пўсти сиёҳи моил ба зардй, чашмҳои танг ва хараки паст, ё худ пачақи бинияш бештар ба муғултаборҳо монандй дошт.

Улуғбек саҳарй ба кор шурўъ кард. Раис ба Улуғбек хурокпулии 15-рўза дода, худ ба хорича рафт ва як қасри боҳашамат дар ихтиёри Улуғбек монда буд. Ориф чанд рўз пас ба Улуғбек занг зада аҳволпурсй мекард. Сипас насиҳат мекард, ки мабодо шароб нанўшад ва баръакс дар чунин шароити хуб намозхониро огоз намояд.

Аз байн якчанд рўз гузашт ва омад-омади «шеф» ҳам наздик шуд. Боре Ориф занг зада дар рафти сўҳбати пай бурд, ки Улуғбек ширакайф аст. Хавотир шуда, бегоҳ беогоҳй хабаргирй меравад.

Даричаи бўстонсарои «шеф»-ро як чавони тангчашми ношинос мекушояд, ки аз мастй базўр бо пой меистод. Ориф ҳайрон шуда ба хона медарояд. Он ношинос чизе гуфта калавида-калавида аз пасаш меомад. Ориф баробари дидани саҳнаи дохили хона аз ҳайрату ғазаб чй гуфтанашро намедонист. Дар як курсии чармин Улуғбек ва дар болои зонуяш як духтаре нишаста буд. Дар курсиҳои дигар, боз ду духтари дигар нишаста буданд. Дар болои миз якчанд намуди мевачот ва дар таги миз шишаҳои холии нўшокиҳои спиртй буд.

Улуғбек бо дидани Ориф гўё ҳушёр шуда буд, духтарро аз худ дур карда аз чояш хест. Ориф чизе намегуфт, танҳо бо табассуми ғазаболуд ба чашмони Улуғбек назар мекард. Улуғбек ба ин нигоҳ тоб наоварда гуноҳкорона сарашро поин кард ва ба гапзанй даромад. Чавони ношинос даромада дар назди як духтар нишаст ва ҳайрон-ҳайрон ба Ориф нигоҳ мекард. Улуғбек бахшиш пурсида фаҳмонд, ки имрўз зодрўзи ин дусташ буд, бинобар ин як базмча оростанд. Дар ин вакт дар кушода шуда, боз як нафари дигар даромад. Ориф ўро зуд шинохт. Ин Масрури «машенник» буд, ки дар даст як борхалта дошт. Аз сабабе ки бо дуздию фиребгарй ном бароварда буд, ба ў лакаби «машенник» часпида буд. Аз чаранг-чаранги дохили борхалта маълум шуд, ки ончо зарфҳои шишагй ва аз эҳтимол дур не нўшокиҳои спиртй буданд.

Масрур низ Орифро шинохта «ооо, акаи Ориф чй хел шумо…» гуфта ўро бар оғўш мегирад. Масрур чавони сергап ва доим дар лабонаш табассум буд.
Масрур гарчанде, ки худро хуб идора мекард, аммо аз чашмони сурх ва бўи нафасаш фаҳмо буд, ки ў низ нўшидагй аст.
Ориф бо чеҳраи чиддй ба бачаҳо фаҳмонд, ки ин шабу рўз «шеф» бояд аз хорича баргардад ва дар ин хона «банкет» кардан, метавонад на танҳо Улуғбекро, балки ўро низ беобрў карда аз чои кор монад.
Масрур гуфт, «э, акаи Ориф, мо даҳ дақиқа шуд омадем. Дўстамон Улуғбекро як бинем гуфта омадем. Хавотир нашавед. Худи ҳозир нияти рафтан доштем. Дар маркази шаҳри Маскав ҳучраеро ичора гирифтаем. Чарх зада ба меҳмонй оед…»
Ориф бо Масрур эҳтиёткорона сухан мекард.
Ориф бахшиш пурсид, ки базмашонро вайрон кард, аммо ўро низ фаҳманд, ин на хонаи ўст ва на хонаи Улуғбек.

Хуллас, «меҳмонҳо» рафтанд. Ориф боз чанд соати дигар дар хона монд. Шояд дилаш гувоҳй медод, ки «меҳмонҳо» баргашта меоянд. Ориф Улуғбекро насиҳат карда гуфт, «Улуғбек, ту инчо пулкоркунй омадаи на маишат. Кор карда, бо кисаҳои пур ва сари баланд ба деҳа баргард. Ин духтарбозиву шаробнўшй оқибати хуб надорад. Ин духтаракони инчо аксараш бемор ҳам ҳастанд. Ман ба ту насиҳати бародарона кардам. Чои корат хуб аст, шароити зистатро ман дар корхона надорам. Беақлй накун ва саратро хам карда кор карда гард…»
Улуғбек ҳушёр шуда буд ва ваъда медод, ки дигар такрор намешавад.
Ориф ба Улуғбек кўмак карда, хонаро батартиб меорад ва сипас ба корхона бармегардад.
Саҳарй бародари Ориф занг зад ва гуфт, ки шарту шароити кор писандаш шуд, бинобар ин ў худ азми сафар дорад. Ориф, ки ба Улуғбек дигар боварй намекард, ин нияти бародарашро хуш пазируфт.
Аз байн ду рўз гузашт. Ниҳоят ба корхона хабар расид, ки «шеф» баргаштааст. Дере нагузашта ронандаи «шеф» ба корхона омад ва ба Ориф гуфт, ки ба мошин бишинад, раис мехоҳад ўро бинад. Ориф ҳис кард, ки чй гапе шудааст. Ронанда Орифро ба бўстонсарои «шеф» бурд.

Шеф ба Ориф «сейф»-и шикастаи холиро нишон дода, гуфт, ки дар дарунаш 600 ҳазор рубл ва як таппонча буд.

Акнун Ориф бо бародараш чор моҳ аст, ки бемузд дар он корхона кор мекунанд ва боз чор ё панч моҳи дигар бояд ройгон кор кунанд. Бояд ҳаминтавр бо «шеф» ҳисобй кунанд.
Хайрият «шеф» пеш аз ба хорича рафтанаш хавф бурда, на ҳамаи пулҳояшро дар бўстонсарояш монда будааст.
Аз Улуғбек бошад ягон хабар нест. Дар Маскав касе ўро надидааст ва дар Точикистон ҳам нест. Ана ҳамин хел гапҳо, Аслй.
— Эҳаа, кори хуб нашудааст. Бечора Орифи соддае.. Улуғбекро ба даст кунанд ҳам бо он сағираи бехонаву дар чй мекунанд? — афсўс хўрда гуфт Аслиддин.

Некруз ба соати дастияш нигоҳ карда гуфт:
— Қариб расидем. Бист дақиқаи дигар ва мо дар Душанбе…





Қисмат

28 03 2013

Садои занги телефон Мусоро аз хоб бедор кард. «Худоё, дар ин нимашаб кй бошад?» гуён бо чашмони нимбоз ба оинаи телефон нигоҳ карда, «акои Точиддин?» гуфт.
— Лаббай, акои Точиддин?
— Салому алейкум, Мусочон! Аз хобат бедор кардам-а?
— Салом ако, ҳеч гап не. Тинчй аст?
— Нотинчй, Мусо, нотинчй. Олег боз гаранг карда истодааст. Дишаб гапамон сахт гурехт. Хамсояам Евгений Петрович базур халос кард. Окибат «мепаронам!» гуфта, таҳдид карда рафт. Бояд чорае дид.
— Хуб. Пагоҳ бачаҳоро чамъ карда равем, ё ҳозир?
— Не, ҳозир лозим не. Пагоҳ. Мансуру Шавкатро хабар додам. Хамрох биёед ягон маслихат кунем.
— Майлаш ако, гап нест. Олег боз чй мегуяд?
— Э, ҳамон гапҳои куҳна. Хазорон бор пушаймонам, ки хонаи ин ёбоиро сохтам. Хайр, биё, баъд гап мезанем.
— Акои Точиддин, бояд бо роҳи нагзй ва мусолиҳат ҳамаашро ҳал кард. Охир инчо ватани инҳо. Ману шумо кистем дар инчо? Биёед шумо ҳам вазнин шаведу …
— Мусо! Ту ҳам мисли Петрович дар гуши ман насиҳатхониро сар накун! Пагоҳ тавонй биё, натавонй не! Хайр!
— Акои Точиддин,…
Дар он тарафи алока акои Точиддин гуширо гузошта буд. Ин охирин маротиба буд, ки Мусо садои уро шунид.

Мусо телефонро канор гузошта дубора сар ба болин ниҳод ва ба фикр фуру рафт. Хоб аз вучудаш парида буд. Дилашро гам фаро гирифт. Вале аз якравии кудаконаи ин марди калон — акои Точиддин хандааш хам меомад. Мусо ва акои Точиддин аз як деҳа буданд. Дар деҳа ҳамдигарро хуб намешинохтанд. Хамагй ду сол шуд, ки робитаи онҳо дар ин мусофирихо кавй гашта аз ҳоли ҳамдигар зуд-зуд хабар мегирифтанд.
Дар деҳа бошад, Мусо бо писари акои Точиддин, ки 7-8 сол аз у хурд буд, дустй пайдо карданд.

Акаи Точиддин зиёда аз 10-сол мешавад, ки дар ин шаҳраки Усолеи атрофи Иркутск зиндагй мекунад. Мую муйлаби сафед ва руи пурожанг уро на 42 сола, балки наздик ба шаст сола нишон медод. Тану бозуяш кокинаю хароб ҳам бошад, ҳануз чусту чолокона дар сохтмон заҳмат мекашид. Хамдеҳаҳояш собикаи чандинсола доштаи уро медонистанд ва бинобар ин зуд-зуд уро ба коргоҳу сохтмони худ бурда, доир ба ин ё он масъалахои сохтмонй маслиҳат мегирифтанд.
Тули ин солҳо шаҳрвандии Русияро ба даст овард. Ва ниҳоят соли гузашта дар канори шаҳрак хонаи заминиеро харидорй кард. Аммо чун танхоиро дуст медошт, бинобар ин дар он хона танхо мезист. Одатан рузхои якшанбе ҳамдеҳаҳояш меҳмонй омада ошпазй мекарданд.

Боре Мусо маслиҳат дода буд, ки акнун хонаи худро дорад, пас хуб нест оилаашро кучонида барои зисти доимй ба Русия орад. Акои Точиддин дар чавоб бадкаҳрона гуфт, ки ҳаргиз ин корро нахоҳад кард ва илова кард чои зани точик Точикистон аст, на Русия.

Ба зану модараш ва писари донишчуяшу як бародари маъюбаш тез-тез пул фиристода меистод. Бародараш чанд сол пеш дар Маскав аз баландии ошёнаи дуюм афтида, сутунмуҳрааш зарб ёфта буд ва то кунун дар деҳа бистарй аст.

Баҳси акаи Точиддин бо Олег ном чавони рус атрофи сохтмони бустонсарои у буд. Тахминан як сол пеш Евгений Петрович ном ҳамсояи акаи Точиддин онҳоро шинос карда буд.
Онҳо доир ба сохтори даруну беруни хона ва масолехи сохтмон гуфтушунид карданд. Хачми кор калон буд. Бояд як котежи сеошёнаи навсохтаи чубиро пурра, ҳам дарун ва ҳам берунашро тармим мекарданд. Акаи Точиддин дар танҳой аз уҳдаи кор намебаромад, бинобар ин ба ҳамдеҳаҳояш занг зад. Аз байни онҳо як «бригада» иборат аз 8 нафар таъсис дода, корро огоз карданд. Аз чумла Мусо низ бо даъвати акои Точиддин чидани сафолакхоро бар ухда гирифт.

Пас аз гузашти як хафта чй инсон будани Олег барояшон рушантар гашт.
Олег чавони бузургчуссаву девпайкари тахминан си сола буд. Чехрааш хамеша ором, ботамкин ва як соддагие дар у дида мешуд. Дар банди даст ва гарданаш занчирбанди гафси тиллои ва дар ангуштхояш ангуштарихои гаронбахо дошт, ки аз серпул будани у дарак медод.
Олег худро раиси як корхонаи чангалбурй муаррифй карда буд. Гох-гох се чор нафар дустонашро бо худ меовард. Сабки суханронии хам Олег ва хам дустонаш русии гайриодй буд. Акаи Точиддин, ки доир ба сохтмон саволу чавоб мекард онхоро бо мушкилй мефахмид. Чунки гуфтори онхо пур аз «жаргон»-хои олами криминалй буд.
Масалан мегуфт: «Пацаны, чё за дела? Толик, (одатан, акаи Точиддинро хаминтавр ном мебурданд) ты рамсы не путай. Я человек правильный и бабло плачу. И мне над шоб всё была ах..йенна!»

Хаминтавр хама коргарон пай бурданд, ки Олег як авбош, рекетир, «бандит» ва ё ягон чехраи криминалй аст. Хама хавф мебурданд, ки хакки корашонро медода бошад ё не. Як чиз онхоро рухбаланд мекард, ки дар конунхои олами чиноёт хакки мехнаткашро хурдан амали пасту нокасон аст.

Мавсими кор ба охир расид. Тирамох омад. Нихоят тармими бустонсарои Олегро ба охир расониданд. Олег корро кабул карда пули кориро, ки 640 хазор мешуд пурра неву 40 хазор кам ба акаи Точиддин дод. Акаи Точиддин 600 хазор рублро гирифта бо хамаи коргарон хисобй кард. Яке ба Точикистон баргашту дигаре ба шахр, хама хар су пароканда шуданд. Танхо 40 хазори акаи Точиддинро Олег ваъда кард, ки дертар хохад дод.
Моххо мегузаштанду аз пулдихии Олег дарак набуд ва танхо бо ваъдахои имрузу пагох акои Точиддинро баумед мекард.
Зимистон хам гузашту бахор омад. Дар ин айём сафолакхои поёнии атрофи хона як-як аз девор чудо шуда ба афтидан сар карданд.
Рузе Олег акаи Точиддинро ба хонааш таклиф кард. Акаи Точиддин ба умеде, ки пул мегирад, ба бустонсарои Олег рафт.
Аммо бо дидани манзараи ахволи сафолакхо хичил гашт. Аввалин маротиба он руз байни акаи Точиддин ва Олег бахси тунду тез бархост.
Акои Точиддин гунохро ба калла намегирифт. У бар он буд, ки зимистон замин ях карда, бинобар дамида баланд шудани он сафолакхоро бардоштааст ва боиси рехтани сафолакхо шудааст. Аммо Олег аз нав ва ройгон чидани сафолакхои кандашударо талаб мекард, вагарна 40 хазорро нахохад дод. Акои Точиддин иброз кард, ки аз бахри хамон пул гузашт ва бо дугу пуписаю тундй хонаи Олегро тарк кард.

Пас аз чанд вакт, Мусо аз ин бахс дарак ёфт. Акаи Точиддин ба Мусо таъкид кард, ки дар шикасту рехти сафолакхо у гунох надорад, балки аз яхбандии замин рух додааст. Аммо Мусо, ки сафолакхоро соли гузашта у насб карда буд худро гунахкор хис карда ба хонаи Олег рафт. Тули як хафта бепул хамаи сафолакхои рехтаро аз нав насб кард. Ин амали Мусо танхо ба хотири он буд, ки акаи Точиддин маблаги бокимондаашро аз Олег гирад.

Аз байн моҳҳо гузаштанд. Аммо аз пулдиҳии Олег ҳамоно хабаре набуд.
Ниҳоят як бегоҳ Олег худ ба хонаи акаи Точиддин омад. Аммо на ба нияти пулдиҳй, балки ба нияти эътироз.

Аз руи коидаҳои сохтмонй хонаи чубии навсохта бояд ҳадди акал ду сол бе дару тиреза ва тармим гузошта шавад. Дар ин муддат чубҳои ҳануз намдор, бояд пурра хушк шаванд ва хона шакли ниҳоияшро гирад. Ин нозукиро акаи Точиддин ҳануз дар огози кор ба Олег фаҳмонда буд. Олег бошад даст афшонда эътибор надод.

Акнун баландии хона аз ҳисоби хушк шудани чубҳо торафт паст шуда, руз то руз ба шикасту рехти тармимҳои дарунию берунй оварда расонд. Дар дохили хона гачтахтахои дар девор насбшуда кажу валангор мешуданд. Аз берун «сайдинг»-и хонаро ихота карда, тобгулаву дамида мешуд.

Олег талаб мекард то ҳамаи нуксонҳо бартараф карда шаванд. Акаи Точиддин ба хотири Олег оварданй шуд, ки дар вакташ уро огоҳонида буд. Аммо он руз Олег мисли пештара набуд ва талаб мекард, ки ё нуксон бартараф шаванд, ё пули додаашро баргардонда диҳад. Акаи Точиддин фаҳмонданй шуд, ки ин чо коргарон гуноҳ надоранд ва ҳамаи онҳо дастмузди худро гирифта ҳарсу пароканда шуданд. Лек ба гуши Олег ҳеч сухан намедаромад ва дар карори худ катъи буд. Акои Точиддин низ асабй шуда ба Олег дод зад, ки аз баҳри ҳамон 40 ҳазор мебарояд ва Олег хонаи уро тарк карда дигар бо у рубару нашавад.
Олег дар чавоб дод зада мегуфт, «..Слыш батя! Щас как просвистну тут будет центряк и тебе будет хана!..»
Акои Точиддин низ паст наомада, бо дугу пуписа худро иштирокчии чанги шаҳрвандии Точикистон муаррифй карда, ҳушдор дод, ки у эҳтиёт шавад.

Баҳси онҳо ба кашмакашй мубаддал гашт. Аз шуру магали онҳо ҳамсояи акои Точиддин бохабар шуда давида омад.

Онҳоро ба хона дароварда сари миз шинонид ва бо суханҳои нарм кушиш кард онҳоро ба мусолиҳа орад. Аммо ба у муяссар нашуд. Дар охир Олег ба акаи Точиддин таҳдиди куштор карду ба мошинаш нишаста рафт.

Харчанд моҳи апрел бошад ҳам ҳаво 24-26 дарача хунук буд. Барф пас аз ду рузи паи ҳам боридан, дишаб аз боридан бозмонд. Шамол роҳи мошингардро барфпуш
мекард ва изи чархҳои мошин зуд ноаён мешуданд. Мансур бо эҳтиёткорй мошин меронд.
Шавкат ҳикояти Мусоро шунида сигор ба лаб монда оташ гиронд ва ба Мансур руй оварда гуфт:
— Ин кор бо нагзи анчом ёфтанаш дар гумон. — сипас тирезаро ба андозаи як ангушт поин карда дуди сигорро пуф кард ва суханашро идома дод,
— Догистониҳоро овардан даркор, то якбор ин Олегашро гушмол диҳанд..

Мошини онҳо ба хонаи акаи Точиддин наздик шуд. Баробари ба он куча гаштан чашмашон ба мошинҳои сурхи оташхомушкунак афтод. Мансур суръати мошинро тезтар кард.
Дар назди хонаи акои Точиддин ду мошини сухторхомушкунак ва якто мошини полис меистод. Аз хонаи акаи Точиддин кариб нишоне намонда буд. Сухтор алакай хомуш буд ва танҳо аз чубҳои нимсухта ва чархҳои мошини акаи Точиддин, ки дар назди долон меистод дуди бугомез мебаромад.

Фурудгоҳ.
Мансур, Шавкат, Мусо ва боз ду се нафар ҳамдеҳаҳо часади нимсухтаи акои Точиддинро ба Точикистон мефиристоданд..

(бознашр аз ҳафтаномаи «Нигоҳ»)





Иди саиди Фитр муборак!

18 08 2012


Иди Рамазон имруз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебои, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад чуем дар роҳи муроди хеш,
Буе ба машом омад, аз боди сабо табрик.


Инак моҳи Рамазон низ ба охир расид. Ёд дорам дар хурдсолй ин бегоҳи охирони Рамазонро аз ҳама рузҳо дусттар медоштам. Ин бегоҳ, ки номи «Ошбараку ошбиёрон» дошт дигар дар хотир надорам, ки кай охирон бор ошашро чашида будам. Вале лаззати он ошҳои рангу ба ранг гуё то ҳануз дар машомам ҳаст. Ошҳои рангу баранг, сафеду зарду сурх, нахуддору бенахуд, сергушту камгушту тухмдор…
Пагохиаш, дар субҳи солеҳон ҳама пиру чавон шитобон суи масчид ба намози Ид. Масчидхо то чое лабрези намозгузорон мешуданд, ки берун аз саҳни он низ саф меоростанд.
Баъд аз намоз ҳама дастархони идона боз карда тамоми нушу неъматашонро руи он мегузоранд. Бинобар ин мардум як-ду руз пеш аз Ид ба бозорҳо харид мераванд.
Имруз ба Точикистон занг зада аз нарху навои бозор пурсон шудам. Рости гап то ҳануз ба худ наомадаам ва ба суолҳои худ посух наёфтаам. Худ казоват намоед:


1 кг ангур
— то моҳи Рамазон 4-6 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 8-10 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 12-13 сомонй.
1кг шафтолу
— то моҳи Рамазон 6-8 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 9-12 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 16-18 сомонй.
1 дона харбуза
— то моҳи Рамазон 8-12 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 15-20 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 25-30 сомонй.

Хулоса нархи тамоми хурока ҳамин хел якчанд маротиба афзуда аст.

Эй савдогарону точирон аз Худо шарм доред! Оё мусулмонй ҳамин аст? Пагоҳ чи тавр шарм надошта руй суи кибла намоз мехонед? Боварй доред, ки он фоидаи саду дусад фоиза аз ин киматфуруши ба мардуми ночор ҳалол аст? Боварй доред, ки фарзандонатро лукмаи ҳалол медиҳед? Боварй доред, ки аз он фоида сарватманд мешавед? Боварй доред, ки он пулу мол баракат дорад?
Магар Ислом аз мусулмонон ҳаминро мехоҳад? Оилаҳое, ки ноноваре муҳочир доранд ба хайр. Аммо онҳое, ки руй ба маоши кишвар доранд чй сахтй мекашанд?
Рости гап акли кас ҳайрон мемонад, ки чй хел дар моҳи хайру баракат ва шикастани нафс фурушандаю точирон ба чунин амал даст мезананд. Хайфи шумо барин мусулмонҳо. Иди шуморо табрик намегуям. Пагоҳ ба намози Ид ҳам наравед. Аз он пулҳо мабодо ба сандуки хайрияи масчид напартоед, ки метарсам садакаи ҳалоли дигаронро догдор нанамоед.
Имрузҳо ҳама мусулмонон афсус мехуранд, ки моҳи беҳтарини тоату ибодат — Рамазон ба охир расид. Баъзе парҳезгорон дар фироки Рамазон ашк мерезанд.
Шумо — савдогарону фурушандаҳо низ гамгинед, ки Рамазон рафт, ҳарчанд сабаби гамгиниатон лукмаи ҳароматон бошад ҳам. Ашк бирезед, ки моҳи беинсофию киматфурушиатон — Рамазон рафт. Зор бигирйед, то шояд Парвардигор ба сабаби гиряатон дар фироки Рамазон шуморо ба роҳи рост ҳидоят намояд.

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр,ки ин омаду сад ҳайф,ки он рафт.

Ана ҳамин хел, хонандаҳои азизи ин сатрҳо. Хостам «Табрикнома»-е бинависам, нашуд… Маъзарат, агар руҳияи идонаи шуморо гамгин намуда бошам.


ИДИ САИДИ ФИТР БА ХАМА ТОЧИКИСТОНИЁН МУБОРАК БОД !!!!





«ОУШТЕН ФРУШТЕН» (бознашр)

11 08 2012

Вакте мактаб мехондам бачаҳо байни деҳаи «боло» ва деҳаи «поён» чангу хархаша мекардем. Боре маркази ноҳия омадаму ончо дидам, ки деҳаи «боло» ва деҳаи «поён» муттаҳид шуда, мукобилият байни совхози Ленину совхози Сталин… Донишчу шудаму дар маркази вилоят ҳам ленинию ҳам сталиниро «берунй» номида
зидди мо маншаъ мекарданд. Дар пойтахт миллат ба якчанд маҳалҳо…

Дар шаҳраки на он кадар калон бо номи Урай, ки дар ОА (округи автономи) Ханти-мансийск вокеъ аст, ҳамаги 16 нафар мардикорони точик кору зиндаги мекунем. Имруз якшанбе ва ҳамаамон сарчамъ оши ванчй мехурем. Якшанбеи гузашта оши ҳисорй хеле оличаноб омада буд.
Оре, мо, точикон — 3 нафар аз ноҳияи Ванч, 4 нафар аз Помир, 2 нафар аз Ашт, 3 нафар аз Мастчоҳ, 2 нафар аз Айни, 1 нафар аз Кулоб ва 1 нафар аз Хисор ҳар якшанбе якчой чамъ мешавем ва ошхури карда, аз мушкилотҳои якдигар бохабар мешавем. Дар рузҳои аввал баръало ҳис мешуд, ки то кадом дарача забони лаҳчавии мо аз ҳам фарк дорад, аммо оҳиста-оҳиста эътибор намедодем ва ҳамдигарро хуб мефаҳмидем. Аниктараш мисле дар як латифа, «оуштен фруштен»-ро хаёл мекардем забони немисй аст ва сипас одат кардем, ки «ба у об диҳед ва аз ин чо берун кунед» будааст.
Мо 16-нафар ҳамчун 16 бародар шудаем, ки дар гаму шодии якдигар шарикем. Ва хеле мехоҳему орзу дорем, ки дар тамоми шахрхои Русия чунин як ваҳдат пойдор шаваду аз Русия истода, решаи маҳалчигиро дар Точикистон барканем.
Танҳо муттаҳидии мо метавонад кувваи шикастнопазире зидди миллатгароён шавад.








Отслеживать

Get every new post delivered to your Inbox.