Накхати дастони модар

18 04 2012

Бозори хариди яклухти “Южний”-и шаҳри Красноярск. Акаи Муллошо аз як точири хушкмевафуруши точик ним кило магз ва ним кило мавиз харида зуд ба таксй нишаста меравад.

- Ало! Модар! Оча?!..
- Лаббай, Раҳматуллои оча! Чони оча, мешунавам! Нагз ҳастй, писарам?..
- Ман нагз, модар, шумо чй хел? Саломатиатон чй хел? Акаму хоҳараку додараконам чй хел?..
- Нагз писарам, ҳамаамон нагз. На телефон мекунию, на ягон гапу хабар. Хайр майлаш пуле намефиристй, о аккалан як-як телефон кун, Раҳматуллоҳ. Эээ…
- Оча.. Оча, хайр гиря чй лозим?..
- Охир инчо ҳар руз як гапи нав мешунавам. Хоҳарат хабар овард, ки ту дар махбасй барои ҳамин ба чанозаи падарат наомадй. Духтари ҳамсоя аз акояш шунидааст. Тамоми деҳа овоза буд..
- Оча..
- Хайрият боз додарат пурсучу карда, хабар овард, ки дуруг будааст..
- Оча, шумо ба ҳар гап бовар мекунед? Ман хубам. Факат корҳо мазааш набуд, бекор будам.
- Фотеҳи писари ҳамсоя шаш маротибае рафта меояду.. Се сол шуд, писарам. Хайр ягон зани рус гирифта бошй ҳамроҳат биёр. Ё биё дар ҳаминчо духтари дилхоҳатро туй кун. Додарат ҳам калон шудааст. То кай навбат мепояд? Раҳматии падарат то дами марг чашм ба дар буд.
- ….
- Писарам, биё якбор баргард ба хона. Ин хел дур гаштан гирифтй дур шуда меравй.
- …
- Раҳмат?
- ҳа, модар.
- Баргард писарам.
- …
- Раҳмат, ба дасти Фотеҳ туша фиристода будам, ду нону магзу мавиз. Гирифтй?
- Кай? Оча, охир писари ҳамсоя ба дигар шаҳри Русия рафта меояд, ман дар дигар шаҳр, чанд бор гуфтам..
- Ээ писарам у ҳам Расия меравад доим. Нагирифтй – чй?
- Гирифтам оча, гирифтам, раҳмат.
- Хайр майлаш паноҳат ба Худо, писарам. Бисёр гап назанем пули телефонат тамом нашавад..
- Ээ модар, гами телефони маро ҳам хурдед..
- Хайр писарам, худата эҳтиёт кун! Аз вай обҳои сафед нахур писарам. Кушоиши корат диҳад Худо! Согу саломат амоната баргардонад Худо!
- Хайр, модар, хайр…

Сарди ба -37-39 градус мерасид. Шохҳои дарахтон дар огуши барф сархам менамуданд. На шамоле, на насиме, на шаббодае. Осмон якранг буд, сафеди моил ба хокистарй. Офтоб сеюм моҳ аст, ки боре ҳам худро нишон надодааст. Рузҳои беофтоб. Дар осмон ҳатто мавзеи будани офтобро наметавон ёфт. Хатто зоге наменамуд дар ин зимистонҳои Сургут. Табиат гуё мурда буд.
Раҳмат низ бо табиат ҳамовоз шуда, намехост дараке аз ҳаракат нишон диҳад. Гуё ях карда бошад худ бехабар монд, ки чанд дакика карахт ва аз чои нишастааш намечунбид. Нигоҳаш ба намие, ки ончо ашки чашмонаш чакида буд духта шуда, ҳатто мижа намезад. Садои модараш боз чанд муддат дар гушаш садо медод. Охирон маротиба чор моҳ пеш аз ҳабсхона бо модараш гап зада буд. Буи дастони модарро аввалин маротиба дар ончо эҳсос карда буд. Он вакт ҳамсинфаш Алишер тушаҳо аз модарашро то ба ҳабсхона ба у расонид. Харисона порае аз кулча мегазид, мавизе ба даҳон мебурду ашкҳо аз дидагонаш фуруд меомаданд. Накҳати дастони модар ба машомаш мерасид.
Оромии ҳучраро садои аз кафи дасташ лагжида афтидани телефон халалдор намуд.
Телефонро аз тахтафарш бардошту байни кафи ҳарду дастонаш дошта, сар ба девор такя зад ва ба шифти хона нигоҳ карда боз ба фикр фуру рафт.
Хамсинфаш Алишер, ки сабабгори асоси се сол маҳбас шудани Раҳмат буд, то кушта шуданаш уро дастгирй мекард. Маҳз бо пулрезиҳои Алишер муҳлати зиндонй шудани Раҳмат, то як андоза кам гардид. Раҳмат ба ҳама азобу шиканчаҳо тоб оварда ҳамсинфашро нафурухт ва дар ниҳоят бегуноҳ ҳабс шуд. Оҳ, агар медонист, ки дар ҳучраи уву Алишер маводи наъшадор ҳаст, онгоҳ натанҳо аз он ҳучра мегурехт, балки тарки он шаҳр мекард.
Барои Раҳмат аз ҳама аламовараш марги нобаҳангоми падараш буд. Як хислати падараш ба ёдаш омаду дар лабонаш табассум дамид. Падараш нос намекашид, аммо хамеша бо худ нос гирифта мегашт. Чунки боре як ҳамдеҳааш аз у нос пурсид ва вакте, ки носкаш набуданашро изҳор намуд, он ҳамдеҳааш уро шухиомез “номард” хонд. Пас аз ҳамон руз то дами марг дар чайбаш барои носкашҳои бенос, нос гирифта мегашт, то барои ба онхо нос надоданаш номардаш нахонанд.
Раҳмат боз чанд муддат ба фикр фуру рафта, сипас ба додараш занг зад.
– Ало, Неъмат? Оча дар наздат нестанд?
- Не, ако. Наздашон равам?
- Не, не…
- Ако ман дар фикри бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбй рафтан…
- Хуб, хуб. Гуш кун, ба ман раками телефони Фотеҳро ёфта бо паёмак (смс) фирист.
- Гап нест ако.
- Факат зудтар. Хайр..





Муллошо “посредникро” “чуб зад”

30 09 2011

Нихоят Мусою Муллошо аз ухдаи сафолтахтазанй набаромаданд ва ба сохибхона “Завтра с утра начнём..” гуфта рохи гурез пеш гирифтанд. Дар рох то хона акои Муллошо аз руи одат гаштаю баргашта богурур мегуфт “Хайр Мусочон, ман аз хамон аввал гуфта будам-а, ки ин кори зику дилгир барои ману ту не..”.
Мусо хандиду зери лаб гурунгид “..Гарбатово магила исправит..”
– Рост гуфти Мусочон, ин сафолтахтазанй одама “гарбатй” карда мекушад.. – сухани Мусоро бурида гуфт Муллошо.

Аз байн ду руз гузашт. Мусо аз тарс телефони дастиашро хомуш нигах медошт. Чунки бо ба кор андохтани он паихам паёмак(sms) меомад, ки хучаини сафолтахтахо фалон маротиба занг задааст.
Харду тули ин ду руз аз бекорй зик шуда буданд.

Нихоят рузи сеюм Мусо телефонашро ба кор андохту дигар паёмаке наомад. У зуд ба миёнаравхои (посредник) шинос занг зада аз кор пурсон шуд. Яке аз онхо чавоби мусбат дод, ки кор хаст ва пагох ба фалон чой раванд.

Рузи дигар бо миёнарав вохурда маслихати корро пазониданд. Як биноро аз берунаш андова кардан даркор буд. Нархи як метри квадрат андоваро 80 сумй гапзанон карданд.

Мусою Муллошо корро сар карданд. Миёнарав таъкид кард, ки бо сохибхона умуман дар ягон бора сухбат накунанд ва у одами ганда аст.

Сохибхона як марди такрибан 50 сола камгап ва чиддй менамуд. Абрувони поёнхамидааш чехраи уро бадкахр нишон медод.

Миёнарав бо онхо хайрухуш карда рафт ва илова кард ки пагох меояд.

Он руз то бегох сохибхона сари андовачиёнро гаранг кард. Мусо гохо асабонй шуда бо забони точикй дашном медод, “Очаи ира ов бара, барои хамин 80 сум мекушад мара?!”.

Ба сохибхона андова бо сифати аъло лозим буд. Бинобар ин гаштаю баргашта андоваи онхоро тафтиш мекард.

Сохибхона асабй шудани Мусоро пай бурда гуфт:
- Ребята, вы не нервничайте пожалуйста. У вас не плохо получается, но вы меня тоже поймите. Я плачу большие денги. Вот и требую качеству.
Инро гуфта ба дохили бино рафт. Мусо дили нохохам ба девор лой мезад ва гуд-гуд мекард, ки талаботи сифат ба нарх дуруст намеояд.
Муллошо, ки кораш факат лойкашонй буд таъкид кард, ки фардо бо миёнарав аз нав гап хоханд зад ва нархро каме боло хоханд бурд.

Сатили лойи назди Мусо буда холй шуд ва “лой!”-гуён фарёд кард то Муллошо ба у лой орад. Аммо аз Муллошо дарак набуд. Инсу кофт, онсу кофт Муллошоро наёфт. “Ин мардак ба кучо гайб зад-а?” гурунгос зад Мусо.
(давом дорад)





Порае аз ашъори Сонй

31 08 2011

Касалмусалмонем?

Гарчи мо сар ба сар мусалмонем, Рахрави навсафармусалмонем,
Дар алифбои куи имонем, Гаштаи гаркичармусалмонем.
Гах нигах афкани ба чашми дил, Неку бигар: башармусалмонем. Пешвомон, ки “Мухтасар”-хон аст,
Мардуми мухтасармусалмонем. Нафсамон беш аз ин ба мо гуяд:
Мо хаме пухтагармусалмонем.
Гаркаи ширку ташнаи бидъат, Шабгарони камармусалмонем.
Даври хоки мазор мечархем, Мурдапарварнафармусалмонем.
Ай салаф ,зан табар ба бидъатмон, Мо, ки ахли табармусалмонем.
Душмани дин азизи мост,аммо, Мушт бархамдигармусалмонем.
Соя афканда бахри хам аз шарр, Хамчаворони шармусалмонем.
Дар Урупо адуи Хак моро, Хачв созад: батармусалмонем.
Расми поки расул ихонат гашт,
Мо чаро хап? Магар мусалмонем.?! Аз сахар то ба шаб ба гап андар,
Гуйи шаб то сахар мусалмонем.
Ё зи сар то камар баимонем,
Ё зи по то камар мусалмонем. Не гами даъвати башар дар сар,
Не хаво аз Хабар* мусалмонем. Зухдамон шуд ба мох андоза, Гах рачаб, гах сафармусалмонем.
Не ба тан сурати мусалмонй , Сирате чун? Назармусалмонем.
Муфтй дар сатр дод фатво муфт,
“Дар малобис дигармусалмонем.”
Хам вакилон бигуфта: хамдуллах, “Шасту се нафар – мусалмонем.” Рагми Хак рой додаву гуянд: “Мо хама муътабармусалмонем”. Иштиёке ба илму суннат ку? Андар исму шумар: мусалмононем. Дар риё гутавармусалмонем,
Пас хабар шав: хатармусалмонем.
Сонй, худ баъд аз ин хамефармо: Ахлаке гунгукармусалмонем.
————–

* Хабар-Киёмат

(Сонй)





Андӯҳи дилҳо намегузарад…

24 05 2011

Дунёи савдо бигзарад,
Андухи дилхо бигзарад.
Ҳам навбати мо, ҳам навбати мо,
Ҳам навбати мо бигзарад…

Овози дилнишини Далер Назар аз баландгӯяки телефон  меомад. Шоҳин, одат дошт, ки  таҳти садои мусиқӣ кор кунад. Агар рузе тилфуни дастиаш хомуш гардад, он руз рухан хаста мешуд. Хомӯшӣ фикри ӯро парешон мекард. Хар гуна лахзахои хаёташ, гох аз бист сол ва гох аз як сол пеш мисли навори филм пеши назараш мегузашт.

Аз ёдбуди лахзахои умраш баъзан механдиду баъзан ба газаб омада, асаби мешуд. Хандааш дар ин хол хандае буд мисли заҳр ба рӯи кирдори номардонаи одамоне дар хакки у. Ва он хандаи дилхушкунанда набуд. Ба дил меандешид, ки чаро фалон вакт дар чавоби фалон одам фалон чй нагуфт ё фалон амал накард. Акнун у калон шудаасту аклаш даромадааст ва акнун дарк кард, ки бист сол пеш у хеле содаву камакл будааст. Аммо чи хел у, ки мактабро бо бахои аъло хатм кардаасту ин кадар сода буд? Шояд акл дигар чиз асту дониш дигар чиз? Ё шояд у чунин тарбия гирифтааст? Тилфони у имруз дубайте аз таронаи Далер Назар хонду бо сабаби тамом шудани неруяш хомуш гашт.

Акнун боз хамушй.. Боз оромй.. Танхо садои ба девор молидани гач мебарояд. Боз андешахо… Боз тахлили лахзахо, тахлили вокеахо, тахлили умре, ки аз сар гузаронд. Ох ин мусофирй чй дарди сахт аст. Имрузи у чи гуна ва бо кадом хаёлхо шаб мешуда бошад? Боз кадом давраи хаёташ беихтиёр вориди олами андешахои у хохад шуд?

Пеши назараш бозгашти нахустинаш аз мардикорй ба Точикистон омад. Худи хамон руз хамсинфонаш ба дидорбинй омаданд. У пас аз хатми мактаб аз байни хамсинфонаш аввалин шахсе буд, ки тарки Ватан кардаву хаёти гарибй мардикориро чашида буд. Хамсинфонаш уро ихота карда бо хавас аз хаёти у дар Русия ва чй хел будани он чо пурсон мешуданд. Барои онхо шавковар буд донистани хаёт дар Русия. Аммо пас аз ним соати саволборон яке аз хамсинфонаш бо кахр изхор кард, ки ин чй дидорбиниву ин чй сухбат? Худамон савол медихему худамон чавоб. Мо чаро омадем назди у? Хезед, рафтем бачахо, Шохин, чи хеле ки дигар шудааст…

- Бачахо хайр чй гуям? Истед! Ман намедонам чй накл кунам..– аз паси хамсинфонаш гуфт Шохин. Аммо хамсинфонаш ба гапи у норозиёна нимнигохе карда, рафтанд. Шохин хайрон монд ва намедонист чй чизхоро бояд накл мекард. Аз паси онхо менигаристу ба дил мегуфт, “Чи чиз гуям ба шумо? Он ки мисли хар кор мекардаму хамкоронам, ин бачаи майда гуфта, аз худашон се мартаба кам маош медоданд? Шояд мегуфтам, ки чй хел маро таъна зада “ин хлеб бисёр мехурад..” гуфта, хар вакт дар сари дастархон нонро бурида, чор тиккагй таксим мекарданд. Ин холро танхо аз накли калонсолон мешунидем, ки солхои чанги 41-45 хаминхел будааст. Охир ман корам аз хама вазнин буд. Онхо болои харакча девор мекарданду ман хам хишт ва хам гил ба ду деворгар мекашондам. Бар замми ин холо вакти чушу хуруши чавониам аст ва танам гизо талаб мекард. Шояд онхо дар хона ба фарзандонашон низ дар сари дастархон нонро таксим мекарданд. Аммо падари ман харгиз ин корро накардааст. Шабе шикамам аз гуруснагй печутоб мехурду мачбур рафта як бурида нон хурдам. Пагохаш ин хамшину хамкорон, ки харсеяш аз ман 10-15 сол калон буданд “теревога” бардоштанд. Чи гап шудааст? Кадоме шаб нон хурдааст…

Ё бояд мегуфтам, ки чй тавр хамаамон хоришак шуда, баъд фахмидем, ки хонаву либосу палосро шабушк зер кардааст?

Хамсинфони азизам, мебоист, ки ин чизхоро бароятон накл кунам? Чи тавр шабони дароз ба ёди мулки падар ашкрезиамро накл кунам?..”

Хамсинфони Шоҳин аз у ранчида буданд ва аз пасаш мегуфтанд, ки у дигар шудааст, серпул шудааст ва аз худ рафтааст.

Шохин ба девор гач мемолиду табассум мекард. У хеле барвакт умри мусофириро чашид. У он вакт 18 сола буд. Акнун 38. Мусофирӣ уро дигар кард, комати баланду тахтапушти росташро хаму логар кард, руйи пурожанг муйхои сафед ба у дод, ва хануз хам, сол аз сол дигар шуда истодааст. У мубориза мебарад. Мубориза бо зиндагй барои зинда мондан.

Дареғ, ки на ҳар кас мефаҳмад дарди дили муҳоҷирро…





Аспи този шуда мачрух…

14 05 2011

Инак ман боз дар Русия. Чахор мох пеш, вакте ки ба Точикистон бармегаштам ба кучаю пайрахаву хиебону бинохои баланди инчо бо дил хайрухуш мекардам. Меандешидам, ки ин хамаро дигар харгиз намебинам. Аслан харборе ба Ватан бармегардам, бо нияте меравам, ки рохе ёфта дигар ба мардикори наоям. Аммо хеч имконияти дар Точикистон кор карда зиндагиро пеш бурдана наёфтам. Ахсан ба одамоне, ки дар Ватан ризку рузии худро меёбанд. На, ин хасад не, балки як хайронист ки чи тавр..? Рохашро ёфтаанд. Мо бошем оему равему боз оему равем. Мо – зиёда аз як миллион нафар, нокобилону беаклон, ки рохе наёфтем руй ба мардикорй овардаем. Танхо он мардикороне, ки мешиносам ба хотир меораму дархол нодуруст будани назари худро дарк менамоям. Чунки онхо:
Эшони Нозим-рухонии донишманде, ки фалсафаи дини мубини Исломро ба дарачаи олй медонад. Музаффар – омузгори фанхои дакик, ки хой-хой нагуед конунхои Нютонро нодуруст эълон мекунад. Расул – иктисодчй, ки бо дилхох шахс шартнома баста уро ба лаби дарё ташна бурда, ташна меорад. Диловар – хукукшиносе, ки пулиси аз у хуччатпурсида мисли кудак хандону сархам меравад, Мухаммад – файласуфу адабиётшиноси мо, ки гох аз Хайём мегуяду, гох аз Лоик, ва боз чандин нафарони дигар. Афсус.. Афсус имруз рузест, ки ин мардон наметавонанд барои Ватани хеш, бо касби хеш хизмат кунанд. Барои Ватане, ки ба онхо ниёз дорад. Барои миллате, ки ташнаи онхост. Афсус…





Мардикорй гунох аст?

11 07 2010

САРСУХАН

Боре дар Маскав хонаи духучрагиеро таъмир мекардем. Таъмирро мебоист то соли нави масехй ба поён мерасонидем. Аммо аз тангии вакт дар хавотир будем ва аз сохибхона хохиш намудем барои таъмири хучраи шустушуй (ванная комната, санузел) устохои иловаги гирад.
Пагохаш як бачаи тахминан 25 солаи узбак бо номи Гайрат, аз Хоразми Узбакистонро овард. Тули як хафта бо хам кор кардем ва он таасуроте ки аз сухбат бо у бардоштам, то хол дар хотираам чарх мезанад.
Гайрат дар масчиди Маскав дарс мегирифт ва дар вактхои холй ба сохтмон машгул буд.
На у точикй медонисту на ман узбакй бинобар ин бахси мо бо забони руси мегузашт.
Кутохи гап он ки у хамаи мусулмонони мардикорро гунахкор дар он мехисобид, ки 3-4 хазор километрро тай карда, ба суроги пул омадаем. Ин кадар мо мусулмони пулдуст шудаем. Ба хотири пул, зану фарзанду волидонро партофта шахр ба шахр овораем. Дар ин оворагй шароити номусоидро бахона карда, на намоз мегузорему на рузаи мохи Шарифи Рамазон медорем. Бисёрихо расму оини бегонаро кабул намуда ба зинову шаробу лукмаи харом дода мешавем.
Фикр намекунем, ки фарзандхо бояд аз тарбияи падар низ бархурдор бошанд.
Фикр намекунем ки занхо низ нафс доранд. Мо ошики пулу моли дунё гаштаем.
Гузаштагони мо агар ба хотири таблиги дини Исломи азиз дунёро мегаштанд, мо бошем танхо ба хотири як чиз – ПУЛ!
Айнан чунин маъно доштанд суханхои Гайрат.

ХАВАС, ТААСУБ, ХАСРАТ

Солхо гузаштанду аз бисёрихо чунин пурсон шудам, ки ба хотири чи тарки диёр кардаанд. Гуфтаи Гайрат тасдики худро ёфт. Танхо чавонхо ба хотири халосй аз хизмати харбй дур аз Ватан гаштаанд. Дигар хама ба хотири пул..

Яке мегуфт, ки мехохад мошини сабукрав бихарад, дигаре хонаю замин, саввуми лихозоти хона (телевизори кимат, диван, кресло, компутар барои писараш), чахорум барои туй арусй ва гайра хоказо.. Таасубу хасрат дар авч. Чаро хамсоя ё писари хамсоя доштаасту ман не..
Дар навбати худ хар яки онхо тасдик мекарданд, ки дар Точикистон барои зиндагии рузмарра метавон кор пайдо кард, яъне танхо барои шикам.
Пас дар хакикат чи зарур аст ин мусофириву гарибиву азоб? Вакте хама дар Ватан аст хукумат аз паи кор шуда ба ислохи камбудихо мекушад то иктисодиёти кишварро боло бардорад, вагарна табаддулот чехрахои окилу кордонро сари мансаб меовард. Вале холо, ки хаёти мардум асосан бо маблаги мардикорон рафта истодааст, зарурат ба кори хукумат намондааст.

Ин пуле, ки мардикорон мефиристанд аз як чихат гардиш хурда ахволи мардуми ончоро бехтар нигох дорад, аз чихати дигар боиси киматии махсулот ва бекурбии пули милли мегардад.

Бисёр хуб мешуд агар дах сол пеш Точикистон бо хама кишвархо худ режими визавиро ба рох мемонд ва то имруз хама чизу хама кас чои худро меёфт.

БАРАКАТ

Аз накли як дустам Чахонгир, пули мардикорй баракат хам надорад. У баробари баргаштан ба хонааш яксола музди мардикориашро ба дасти падараш месупорад ва фикр мекунад ки акнун яксол бепарво хурда мегарданд. Аммо се мох пас бисоти падар холй мешавад. Падараш мегуяд, дидй баракоти пули овардаатро. Акнун бубин баракаи пули маро, ки фардо гусолачаеро аз огил фурухта хамин се мох оиларо мехуронам.
Ба гуфти Чахонгир, дар хакикат пули як гусолача пули мардикориро, ки баробар ба дах гусолача буд як бар сифр зад.
Ё ду хамсояхо, яке мардикори овора, дигари дехкон. Яке дур аз фарзандон, дигари дар огуши чигарбандон. Вале хаёти харду мегузарад ва аз хам на камию на бартарй доранд.

“Медовый месяц”

Бисёр бародарони мардикор хастанд, ки тарки диёр кардаанду пушаймонанд. Ба фикри онхо, акнун, ки омаданд пас набояд бо дасти холй раванд. Чунки бо дасти холй рафтан гуё боиси шарм бошад.
Оё он боиси шарм нест, ки вакте бармегардй фарзандат туро намешиносад ва ё тарбияи нодуруст гирифта асари суханхои ту дар у гум шудааст.
Бо нияти ду се мох омада солхои сол дар “ботлок” дармемонем.
Точиддин аз нохияи Вахш, пас аз як мохи хонадоршавиаш руй ба мардикорй меорад. Мегуяд барои гузаронидани туй карз гирифтаанд ва акнун як сол мешавад, ки карзро пардохт менамояд. Хамсинфаш шухиомез ба у хамдардй карда мегуяд, ки то баргаштани ту кудаки навтавлидат “фигураи янгашкаро” вайрон мекунаду дигар он парии шаби туйи арусиат дидаро дар хобат хам намебинй.
Пас чаро мо вобаста ба вазни маошхои Точикистон зиндагию тую маърака намекунем? Чаро гаронии нарххои Точикистон бо маошхои Русия хамбастагй дорад?

Карорхои корнадода

Раиси чумхур Э. Рахмон заминро дар ихтиёри дехкон вогузошт. Чаро сахми худро аз дасти нахангбригадирони даврони шуравй талаб карда ба кишту кор машгул намешавем? Нахангбригадирон то кудаки дар шиками занхояшон бударо номнавис карда, мардумро аз нони дахонашон махрум сохтанд. Вале агар мо тарки Ватан намекардему болои ин хочагихои дехконй фишор меовардем бехтар набуд?
На. Мо дигар намехохем меваю сабзавот парвариш кунем, пахта чинем. 50, 80, 200, 600 сомонй назарамон намегирад. Чи будани ШУКР-ро гум кардаем.
Раиси чумхур Э. Рахмон ба расму оинхои мардумй низ бинй халонда карор оиди танзим ва каммасрафии тую маъракахоро баровард. Оё бехтар набуд бо назардошти сатхи пасти зиндагй ба ин карор вокеъбинона назар карда, тую маъракахоро бо харочоти камтарин мегузарондем?
На. Мо бехтараш пешакй духазор сомонй чарима супорида, тамоми буду шудамонро дар туй харч мекунему бечора навдомодро пас аз мохе ба “рухсатии мехнатй” ду сола ба Русия мефиристем.





Тухфаи Наврузй ба Путин

10 03 2010

Путин мехохад якбор бо ягон мардикори точик хамсухбат шавад, чунки ба у гуфтанд, ки точикон мардуми хозирчавобу бохираданд, вале у хамаи точиконро чун раис Рахмон медид. Барои ба ин боварй хосил карданаш либосхои факиронаи “бомжй” ба бар карда ба куча мебарояд. Дар назди “Александровский сад” бо як точик вомехурад, ки дар даст чомаву токй мерафт. Аз у мепурсад, ки чи чиз дар даст дорад ва кучо меравад? Мардикор чавоб медихад, ки ин чомаву токиро ба муносибати иди Навруз мехохад ба Путин хадя намояд. Путин мепурсад, ки агар тухфаатро Путин нагирад чи? Мардикор чавоб медихад: “- Э, чтоб его маму вода унесло, возмёт возмёт, невозмёт пох..й! ” Путин ба хашм омадани худро нишон надода меравад. Ва аз у пеш ба кремл рафта либос иваз намуда зуд ду се хукукдон ва милисахоро чег мезанад ва ба онхо мефахмонад, ки хозир бо фармони у як точикро ба хабс кашида хукми катл диханд. Посбонхо ки низ огох карда шуда буданд точикро ичозаи вуруд ба назди Путин медиханд. Мардикор назди Путин медарояд. Мардикор: – Привет Путинчон, как здорове, как дети, янгашка как?
Путин: – Хорошо. Это что у тебя на руках?
Мардикор: – У нас скоро праздник Навруз и вот вам подарок принёс.
Путин: – А если я невозьму..
Мардикор: – Э слушай э, возмёш возмёш, не возмёш ээ ну то что в Александровский сад говорил..
Путин дар хозирчавобй ва фахмиши баланди у коил мешавад, тухфаашро мегирад ва уро хамчун “тухмй” ба шахрвандии Русия кабул менамояд.. Сипас ба Медведев мегуяд: – Дима, блин я думал все таджики такие же лохи, дубы и тупые как Правительства Таджикистана, оказывается я ошибся..





Хабари нохуш аз Казон

28 02 2010

(Як нафар хонандаи торнигор аз Казон чунин иттилоъ дод, ки хеле гамгин шудем. Чояш чаннат бод, Омин.
ва ба наздиконаш аз даргохи Парвардигор сабри чамил металабем.)

Имруз 27 феврали
соли 2010 дар
шахри Казани
Руссия , як бародари
Точик низ чон ба
Хак супурд . Чор руз
пеш уро бо охан
дар пушти сараш
зада буданд , ки то
имруз дар
шифохона бистари
буд . Худо рахматаш
кунад, тахминан 45
сол дошт, бо зану
фарзандонаш дар
ин шахр солхои
зиёд буд , ки
зиндаги мекард.
Чанд сол инчониб
ронандаи автобус
шуда кор мекард .
Ватани аслиаш
нохияи Файзобод
буд . Дар рузхои
наздик ба Ватан
инткол хохад шуд.
Хонандагони азиз,
дар хакаш дуъои
нек кунед . Худоё
Чаннат-ул-
фирдавсро
насибаш
бигардони ! ОМИН!





Як хамлаи скинхедхо (давомаш).

28 02 2010

Алишер нафас намегирифт. Танхо дилаш бо як сусти базур-базур метапид.
Дере нагузашта, як хамшахрии онхо омад. Ва аз паси у нихоят ёрии таъчилй низ расид. Духтурзанак бо як ёрдамчии худ давон назди Алишер омаданд. Духтур набзи дасташро санчида, сипас аз чомадонаш пахтаро бо доруе тар карда, ба бинии Алишер гузошт.
Дар ин хол ду милиса низ аз кучое пайдо шуданд ва аз марди солрафта вокеаро пурсон шуданд.
Алишер аз буи дору сурфае карда, ба нафаскашй даромад ва чашмонашро кушода харакати аз чой хестан мекард. Духтур уро ором кардани мешуд ва барои фахмидани хотираю хуш, номашро пурсон мешуд. Вале Алишер чизе намегуфт ва танхо мачоли аз чой бархостан мекард.
Аз кучое садои сирена ба гуш мерасид ва торафт баланд мешуд. Инак боз як мошинаи ёрии таъчилй омад. Инаш шояд даъвати хамон урусзанак буд. Духтурхо дуто шуданд.
Алишер хамоно ба саволхои духтур чавоб намедод. Пас аз фурсате аз харакат боз монд ва аз бинию дахонаш кафк хуруч мекард. Маълум гардид, ки аз нафаскашй бозмонд.
Духтур пахтаро бори дигар ба дору тар карда ба бинии у мемолид, вале Алишер дигар ягон нишонае аз таъсири буи тези дору нишон намедод.
Атрофи Алишерро тудаи одамон милисаю духтурхо ва наздиконаш ихота карда буданд.
Он марди пурожанг дасти чавони хобидаро молиш дода, бо фарёд “Алишер!” мегуфт. Хуни аз абруи зарбёфтааш лат баста буд.
Духтурон бо терминхои тиббй байни худ чизе гуфта, сипас ба ёрдамчихояшон ишора карданд, ки замбарро оранд.
Алишерро бурданд ва аз паси ёрии таъчилй хешовандони у рафтанд.
Пас аз дидани ин вокеа хар боре, ки аз ончо гузар мекардам, шуру гавгою даву тозй он марди пурожанг бо руи хуншор ва он чавони кокинаи тарсуи гурезпою симои Алишер бо чашмони нимпуш пеши назарам меояд.
Афсус аккалан ягон раками телефон аз онхо напурсидам, то фахмам, ки Алишер чи шуд..
Ва агар тасодуфан яке аз онхо, ё ягон шиносу хешовандони огох аз ин ходиса ин сатрхоро хонад, хохиш дорам аз ахволи Алишер иттилоъ дихад.
Агар он чавони хароб намегурехт ва дар пахлуи рафиконаш истода мечангид, шояд голибиятро ба даст меоварданд.
Худо нигахдорад аз ин хел хамсафарони тарсую гурезпо. Дар урфият мегуянд, ки “Як шарти мард – гурехтан аст”, аммо дар инчо гурехтан шарти номардист.
Камина, низ замоне гурехта будам. Вале ман хеч касро партофта нагурехтам. Танхо будам ва онхо чор нафар ва аз тарси ширинии чон ру ба гурез нихода будам.
Ва баъд аз он ходиса аз зарфхои пластикй ва бетон хар гуна лавозимотхои машки (гантелу штанга..) сохта ба обу тоби бадан ва варзиш машгул шудем. Гарчанде, ки пас аз рузи вазнини корй хаста мешудем, вале ба нигох доштани чуссаи варзишй ва иродаи кавии чангй сахт ахамият медодем.





Як хамлаи скинхедхо.

26 02 2010

(Аз сиёхнависи ёддоштхои тирамохи соли 2009.)

Вокеае, ки он руз шохидаш гаштам, маро водор кард онро руи торнигор орам. Сахари тахминан соати 7, суи истгохи бозори Черемушки (шахри Краснаяриск) мерафтам, то ба мусофирбари зарурй нишаста ба кор равам. То истгох наздик ба 15 кадам монда буд. Оромии сахарии ончоро як шуру гавгое, ки аз пушти истгох мерасид халалдор мекард. Чашмам ба ду нафар афтод, ки ин су он су медавиданд. Аз онхо дуртар дар руи барф касе мехобид. Аз гандумрангии онхо маълум буд, ки гайрирус хастанд. Дар аввал фикр кардам, ки шояд озарй хастанд, вале вакте калимахои форсй ба гушам расид точик будани онхо фахмо гашт ва зуд наздашон шитофтам. Марде пурожанг, тахминан 40-45 сола дар даст телефони мобилй ин су, он су бошитоб рох гашта, кадом хамшахриашро ба ёрй даъват мекард. Аз суханронихояш фахмо гашт, ки ба онхо дузд, ё миллатчихои урус хамла кардаанд. Боло чашмаш захм бардошта буд ва хун аз пахлуи чашмаш гузашта то ба зери манах равон шуда буд. Дуввумй, чавони хароби кадбаланд ва тахминан 18-20 сола буд. У ягон чояш захмй набуд, вале нигоху ранги руяш гувохй медод, ки хеле тарсидааст. Дар дасташ зарфе обдор суи саввумй мешитофт. Саввумй, бехушу беёд хоб буд. Дар назди нишаста набзи дасташро чустам. Дилаш хеле охиста мезад. Дар руи у ягон захме дида намешуд. Сахт- сахт меларзид. Он марди пурожанг наздам шитофт ва бо чашмони пур аз ашк аз ман ёрй мехост. Худоё, чи ёрй хам аз дастам меояд дар ин холат? Дасту по хурда намедонистам чи тавр кумаки аввалиндарача бояд кард. Ин марди пурожанг вокеаро мефахмонд, ки панч дакика пеш се нафар ба онхо хучум карданд. Ин марди 40 сола ва он чавони бехуши хобида, ки тахминан 30 сола буд, бо онхо муковимат нишон медиханд. Вале он чавони 20 сола ягон муште назада ва нахурда мегурезад. Ин ду бо он се нафар ки дар дасти як нафарашон тахтачуб будааст хеле занозан менамоянд, вале вакте ин пахлавони хобида ба сараш зарбаи сахти тахтачуб мерасад, аз пой меафтад. Тахтачуб аз зарбаи сахт мешиканад, ки порахояш ончо буданд. Миллатчихои урус баробари афтидани у рохи гурез мегиранд…
Ин марди солхурда чавони хобидаро такон дода бо ашки резон, фарёд мекард, ки Алишер хез..
Ба у фахмондам, ки такон надихад уро, чунки агар майнааш лат дида бошад (сотрясение мозга) харгиз уро начунбонанд. Ин хама вокеаро тудаи одамони истгох аз дур наззора мекарданд. Як урусзани тахминан 40 сола наздамон омад ва пурсид, ки ёрии таъчилиро чег задаанд ё на? Он марди пурожанг чавоб дод, ки ха чег заданд. Ба хар хол фикр кардам, ки бехтараш хамин зани урус бори дигар ёрии тиббиро даъват намояд. Бо телефони худ занг зада баробари пайвастшавии алока онро ба зани урус додам. У бо шеваи дурусти руси нишонаи инчоро дод.
Дасту рую пешонии Алишер хеле сард гашта буд..

(Давом дорад)








Follow

Get every new post delivered to your Inbox.