Рузи Чумъа – рузи истирохат.

4 06 2011

Рости гап аз дасти ин миёнаравхо хама мардикорони одй чон ба лаб омадаанд. Беинсофона кариб нисфи маблагро ба киса мезананд. Байни худ мухокима карда, афсус мехурдем, ки касе аз болои онхо назорат намебарад. На хукумати Точикистон ва на Русия.
Аммо гул бе хор, аниктараш хор гул хам доштааст. Садриддин зиёда аз 11 сол аст, ки миёнаравй карда, аз фирмахо корхои калон гирифта бачахои точикро бо кор таъмин менамояд. Маблаги мегирифтааш хамагй дах фоиз аз хисоби умумист. У то хадди имкон кушиш менамояд, ки хукуки мардикорони точик риоя шавад. Ачоибаш он ки аввал бо коргарон сухбат ороста, мутмаин мешавад, ки у точик аст. Хисси миллиаш хеле баланд аст. Ду халкиятро чашми дидан надорад. Инхо арманихо ва узбакхоанд.
Усули дигари корбариаш он аст, ки калонхои фирмаи урусхоро ба он одат намудааст, ки барои точикон рузи истирохат, рузи чумъа эълон шудааст. Дар ин руз хама коргаронаш ба масчиди шахрй мераванд. Рузи якшанбе бошад кор мекунанд. Сохибони кор заррае зиддият нишон намедиханд. Баръакс ба ин амал эхтиром мегузоранд, ки ин гурухи намозхон шаробнушй намекунанд ва сифату суръати кори онхо аз хама бехтар аст.
Шукри Худованд, ки дар инчо акаи Садриддинро макомот гаранг намекунад. Вале агар дар ватани худ рузи Чумъаро рузи истирохат эълон намояд, соате пас уро ба хабс гирифта, бо чурми салафй ё хизбу тахрир зиндони хоханд кард.





“Патент” сар шуд

1 07 2010

Акнун мухочироне, ки дар шахсихо кор мекунанд, метавонанд аз паи гирифтани ичозатномаи кор нашаванд. Аз имруз 1-уми июль конуни нави мухочират дар тамоми шахрхои РФ ба амал баромад. Ин конун асосан барои онхоест, ки дар шахрвандони РФ (яъне шахсй) кор мекунанд. Вале бо гирифтани “Патент” хукуки кор дар корхонахо дода нашудааст.
Ин хуччатхо барои гирифтани “патент” заруранд:
(Узр бо урусй менависам)

1. Заявление о выдаче патента.
2. Документ удостоверяющий личность.
3. Миграционная карта.
4. Квитанция госпошлина в размере 1000 рублей.
5. Сведения о видах трудовой деятельности.

“Патент” барои аз 1 то 3 мох дода мешавад. Хар мох 1000 сум ба банк супоридан лозим мешавад. Дар холати ба итмомрасии мухлат метавон онро боз 1-3 дароз кард ва хамин тарик то як сол. Пас аз як сол боз ба сархад убур кардан, барои дарёфти миграсионкаи нав..





“Мама, менты!”

28 06 2010

Акаи Муллошо, чанд вакт боз бекор хобаст. Аниктараш кор бисёру лекин корхои у мекардагй не. У факат бор кашондан, хок кофтан, хок пушондан, шикастан ва кандан метавонаду халос.

Акаи Муллошо як марди коматбаланду гандумгин, тахминан 40 сола, бо муйлаби сиёхи гафс, пешониаш васеъ, то пушти гардан (яъне кал) ва танхо ду тарафи сараш муй дорад. У шухиомез хар бегох мегуяд, ки “имруз ду куб хоб задам..” (куб – яъне кубометр, ченаки хачм ва одатан дар сохтмон девори хиштиву “бетон” ва хокканиро хисоб мекунанд).

Мусо дируз ба акаи Муллошо кор ёфт. Як шиноси русаш кату курсихои (дивану кресло) нав харидааст ва ёрй дода онхоро ба чахорум ошёна баровардан лозим буд.

Мусо аслан ягон ракамро аз хотираи тилфуни дастиаш намеронад. Ба гуфти худаш, хануз файлхои ду сол пеш хам дар хотираи тилфун ва хам дар хотираи худаш хифзанд. Аз ин чост, ки хеле сершинос аст ва як-як ба онхо занг зада аз холашон пурсон мешавад.

Ин алокаро накандани у дар хакикат кор медихад ва бисёре аз мардикорони точикро бо кор таъмин менамояд. Аз яке ба ивази корёбиаш маблаги дах дар сад меситонад, аз дигаре не.

Бегох акаи Муллошо омад ва киссаи чи тавр як кудаки 5-6 сола уро аз милисахо начот доданашро накл кард. Гап дар сари он, ки акаи Муллошо ичозатномаи кор надорад. У умедворй ба конуни нави мухочират – “патент” дошт, аммо дуввум мох аст, ки хеч не ин конун ба амал барояд.

Дарвокеъ, ба диккати хамаи мардикорон, нихоят пас аз интизории тулонй, сар аз 1-уми июл конуни нав ба амал мебарояд. Ба фикри бисёрихо, конуни нав ба фоидаи мардикорон аст, вале бар зарари миёнаравхо, ки барои ичозатномаи кор аз корафтодагон се чор маротиба зиёд маблаг меситонанд. Акнун мустакилона хар мардикор метавонад дар як мох 1000 рубли уруси супорида хукуки кор дар шахсихоро пайдо намояд.
Мухтасар дар ин бора дар матлаби баъди хохам навишт.
Маъзарат, аз мавзуъ хеле дур шудам..

Хуллас, акаи Муллошои бе ичозатномаи кор вакти фаровардани кату курсихо аз мошин чашмаш ба “уазики” милиса меафтад, ки онхо низ мисле ки гурба мушро дида бошад хурсандона чамбараки мошинро суи онхо метобанд.

Дар назди мошини боркаш хучаини борхо, ки аз як гушаи кат дошта буд ва сохибхоназани урус бо писарчаи тахминан 5 сола меистод.

Милисахо наздиктар омада истоданд ва ронанда- милиса тирезаро фароварда хост чизе гуяд.
Дар ин вакт писарчаи хурдакак бо овози баланд дод зада “Мама! Смотри, менты! Вот, вот! Папа, менты!”

Модараш гуфт “Нет Никита, (номи писарча) это уважаемый дядя милиционер..”
“Ты же сама говорила папе, про ментов..”
“Успокойся Никит! Пошли домой!”

Акаи Муллошо аз тахдиди хатар дасту по мехурд ва дуздида-дуздида бо гушаи чашмаш суи мошини “сагхо” нигох мекард.

“Дядя милисионер” бошад, шояд аз суханхои писарча хичолат кашид, ки сурху сафед шуда нимтабассум карду рафт.





Як хамлаи скинхедхо (давомаш).

28 02 2010

Алишер нафас намегирифт. Танхо дилаш бо як сусти базур-базур метапид.
Дере нагузашта, як хамшахрии онхо омад. Ва аз паси у нихоят ёрии таъчилй низ расид. Духтурзанак бо як ёрдамчии худ давон назди Алишер омаданд. Духтур набзи дасташро санчида, сипас аз чомадонаш пахтаро бо доруе тар карда, ба бинии Алишер гузошт.
Дар ин хол ду милиса низ аз кучое пайдо шуданд ва аз марди солрафта вокеаро пурсон шуданд.
Алишер аз буи дору сурфае карда, ба нафаскашй даромад ва чашмонашро кушода харакати аз чой хестан мекард. Духтур уро ором кардани мешуд ва барои фахмидани хотираю хуш, номашро пурсон мешуд. Вале Алишер чизе намегуфт ва танхо мачоли аз чой бархостан мекард.
Аз кучое садои сирена ба гуш мерасид ва торафт баланд мешуд. Инак боз як мошинаи ёрии таъчилй омад. Инаш шояд даъвати хамон урусзанак буд. Духтурхо дуто шуданд.
Алишер хамоно ба саволхои духтур чавоб намедод. Пас аз фурсате аз харакат боз монд ва аз бинию дахонаш кафк хуруч мекард. Маълум гардид, ки аз нафаскашй бозмонд.
Духтур пахтаро бори дигар ба дору тар карда ба бинии у мемолид, вале Алишер дигар ягон нишонае аз таъсири буи тези дору нишон намедод.
Атрофи Алишерро тудаи одамон милисаю духтурхо ва наздиконаш ихота карда буданд.
Он марди пурожанг дасти чавони хобидаро молиш дода, бо фарёд “Алишер!” мегуфт. Хуни аз абруи зарбёфтааш лат баста буд.
Духтурон бо терминхои тиббй байни худ чизе гуфта, сипас ба ёрдамчихояшон ишора карданд, ки замбарро оранд.
Алишерро бурданд ва аз паси ёрии таъчилй хешовандони у рафтанд.
Пас аз дидани ин вокеа хар боре, ки аз ончо гузар мекардам, шуру гавгою даву тозй он марди пурожанг бо руи хуншор ва он чавони кокинаи тарсуи гурезпою симои Алишер бо чашмони нимпуш пеши назарам меояд.
Афсус аккалан ягон раками телефон аз онхо напурсидам, то фахмам, ки Алишер чи шуд..
Ва агар тасодуфан яке аз онхо, ё ягон шиносу хешовандони огох аз ин ходиса ин сатрхоро хонад, хохиш дорам аз ахволи Алишер иттилоъ дихад.
Агар он чавони хароб намегурехт ва дар пахлуи рафиконаш истода мечангид, шояд голибиятро ба даст меоварданд.
Худо нигахдорад аз ин хел хамсафарони тарсую гурезпо. Дар урфият мегуянд, ки “Як шарти мард – гурехтан аст”, аммо дар инчо гурехтан шарти номардист.
Камина, низ замоне гурехта будам. Вале ман хеч касро партофта нагурехтам. Танхо будам ва онхо чор нафар ва аз тарси ширинии чон ру ба гурез нихода будам.
Ва баъд аз он ходиса аз зарфхои пластикй ва бетон хар гуна лавозимотхои машки (гантелу штанга..) сохта ба обу тоби бадан ва варзиш машгул шудем. Гарчанде, ки пас аз рузи вазнини корй хаста мешудем, вале ба нигох доштани чуссаи варзишй ва иродаи кавии чангй сахт ахамият медодем.





Як хамлаи скинхедхо.

26 02 2010

(Аз сиёхнависи ёддоштхои тирамохи соли 2009.)

Вокеае, ки он руз шохидаш гаштам, маро водор кард онро руи торнигор орам. Сахари тахминан соати 7, суи истгохи бозори Черемушки (шахри Краснаяриск) мерафтам, то ба мусофирбари зарурй нишаста ба кор равам. То истгох наздик ба 15 кадам монда буд. Оромии сахарии ончоро як шуру гавгое, ки аз пушти истгох мерасид халалдор мекард. Чашмам ба ду нафар афтод, ки ин су он су медавиданд. Аз онхо дуртар дар руи барф касе мехобид. Аз гандумрангии онхо маълум буд, ки гайрирус хастанд. Дар аввал фикр кардам, ки шояд озарй хастанд, вале вакте калимахои форсй ба гушам расид точик будани онхо фахмо гашт ва зуд наздашон шитофтам. Марде пурожанг, тахминан 40-45 сола дар даст телефони мобилй ин су, он су бошитоб рох гашта, кадом хамшахриашро ба ёрй даъват мекард. Аз суханронихояш фахмо гашт, ки ба онхо дузд, ё миллатчихои урус хамла кардаанд. Боло чашмаш захм бардошта буд ва хун аз пахлуи чашмаш гузашта то ба зери манах равон шуда буд. Дуввумй, чавони хароби кадбаланд ва тахминан 18-20 сола буд. У ягон чояш захмй набуд, вале нигоху ранги руяш гувохй медод, ки хеле тарсидааст. Дар дасташ зарфе обдор суи саввумй мешитофт. Саввумй, бехушу беёд хоб буд. Дар назди нишаста набзи дасташро чустам. Дилаш хеле охиста мезад. Дар руи у ягон захме дида намешуд. Сахт- сахт меларзид. Он марди пурожанг наздам шитофт ва бо чашмони пур аз ашк аз ман ёрй мехост. Худоё, чи ёрй хам аз дастам меояд дар ин холат? Дасту по хурда намедонистам чи тавр кумаки аввалиндарача бояд кард. Ин марди пурожанг вокеаро мефахмонд, ки панч дакика пеш се нафар ба онхо хучум карданд. Ин марди 40 сола ва он чавони бехуши хобида, ки тахминан 30 сола буд, бо онхо муковимат нишон медиханд. Вале он чавони 20 сола ягон муште назада ва нахурда мегурезад. Ин ду бо он се нафар ки дар дасти як нафарашон тахтачуб будааст хеле занозан менамоянд, вале вакте ин пахлавони хобида ба сараш зарбаи сахти тахтачуб мерасад, аз пой меафтад. Тахтачуб аз зарбаи сахт мешиканад, ки порахояш ончо буданд. Миллатчихои урус баробари афтидани у рохи гурез мегиранд…
Ин марди солхурда чавони хобидаро такон дода бо ашки резон, фарёд мекард, ки Алишер хез..
Ба у фахмондам, ки такон надихад уро, чунки агар майнааш лат дида бошад (сотрясение мозга) харгиз уро начунбонанд. Ин хама вокеаро тудаи одамони истгох аз дур наззора мекарданд. Як урусзани тахминан 40 сола наздамон омад ва пурсид, ки ёрии таъчилиро чег задаанд ё на? Он марди пурожанг чавоб дод, ки ха чег заданд. Ба хар хол фикр кардам, ки бехтараш хамин зани урус бори дигар ёрии тиббиро даъват намояд. Бо телефони худ занг зада баробари пайвастшавии алока онро ба зани урус додам. У бо шеваи дурусти руси нишонаи инчоро дод.
Дасту рую пешонии Алишер хеле сард гашта буд..

(Давом дорад)





An die Regierung Bundesrepublik Deutschland (copy)

12 02 2010

An die Regierung
Bundesrepublik
Deutschland, und Federal
Foreign Minister
Guido Westerwelle.
Wir bitten Sie Herrn
Michael Galustjan
kein Visum erstellen,
um nach Nürnberg
zu anreisen. Herr
Michael Galustian im
TV programm “Nascha Russia”
demütigt die Ehre
und die Würde der
tadschikischen
Nation und
entwickelt den
Nationalismus und
Faschismus gegen
die Mittelasiatischen
Völker.

/Нусхаи номае,ки аз номи 11 нафар мухочир ба хукумат ва вазорати корхои хоричии Олмон фиристода шудааст./





Коидахои бакайдгузорй (регистратсия) дар шахрхои Русия.

11 02 2010

Бештари мардикорони точик аз сабаби надонистани тартибу низоми бакайдгузорй мачбуранд ба миёнаравхо дар ивази аз 2 то 4 хазори урусй “регистратсия” намоянд ва дар бисёр холатхо ин когаз калбакй(фалшивий) мебарояд, ки дар оянда боиси чаримасупорй ва хатто берунронй(депортатсия) мегардад. Ин кори душвор нест ва бехтараш худашон мустакилона хамагй як рузи худро сарф карда, бакайд гузоранд. Ба хамагон маълум аст, ки баробари ба чои расида(место прибытие) дар тули се рузи кори худро ба кайд гузоранд. Барои ин албатта сохибхона ё дилхох шахрванди Русия чунин хуччатхоро гирифта ба наздиктарин УФМС равад:
1. Шиносномаи сохибхона.
2. Нусхаи (ксерокопия) шиносномаи сохибхона (сахифаи чои истикомат низ нусха шавад).
3. Шиносномаи шумо.
4. Нусхаи хамаи сахифахои шиносномаи шумо.
5. Варакаи мухочирй (миграсионая карта).
6. Нусхаи харду тарафи, яъне пасу пеши варакаи мухочирй (мигр/карта).
7. Квитансияи “Сбербанк”-и Русия дар бораи ба суратхисоби ФМС, барои бакайдгузорй ба чои расида(регистрасия по месту прибытие) пардохт кардани 180 рубли урусй.

Ана хамин хуччатхоро сохибхонаатон ба ФМС барад шуд, бе иштироки шумо низ, дар давоми ним соат кайдномаи(регистратсия) семоха тайор мешавад. Пас чи зарур се чор хазор додан, дар холе, ки бо 180 рубл метавон гирифт? Муваффакият!





ЖУКИ КОЛОРАДО

31 01 2010

Дируз аз Точикистон боз ба Русия баргаштам. Рости дар андешаи он будам, ки пас аз парвоз матлабе бо танкиди шадид дар бораи пулситонихои гайриконунии фурудгохи шахри Хучанд хохам навишт. Аммо ин тавр нашуд. Хам аз рафтан ва хам аз омадан ягон дирами зиёдатй пора надодаам. Пеш аз сафар дар сайти вароруд хондам, ки хамагй 5 сомону 10 дирам харч бояд шавад. Ду сомонию дах дирам барои назорати фитосанитарй ва се сомонй ба гумрук барои борхалтакобй. Якум назорати фитосанитарй маро пешвоз гирифтанд. Шиносномаамро гирифта 10 сомонй дихед гуфт. Бо нармй ва бе бахсу кашмакаш аз у пурсидам: “бародар, дар кисаам хамин 2 сомону 10 дирам пул мондааст ва дар борхалтаам жуки колорадо надорам ва ягон чизи манъшуда…” Корманди фитосанитария як ачоиб нигох карда, ба яке аз кормандони зердасташ фармон дод борхалтаамро кушоянд. Борхалтаамро кушоданд. Аз хама боло магзу мавизхои модарамдода меистоданд. Ба онхо ишора карда асабона пурсид: “Ина и магзо сертификаташ ку?” Дар ин савол хайрон ва гунахкорона сарамро хам карда “Ака, жук нест ку зато”… :)
У дастафшонду шиносномаамро ба дастам дод ва ишора кард, ки равам. Уффф… Аз якумаш гузаштам. Аз чи бошад бозии машхури компутерии “Марио”, ки хеле мухлисаш будам ба хотирам омад. Бале, мо мусофирон хама мариочаи алохидае будем, ки аз зина ба зина мегузаштем. Яке бобарор мегузашту яке
бебарор. Инак “бозй” идома дорад, ман дар зинаи дуввум – ГУМРУК. Ду нафар маро кабул карданд. Яке борчомаамро мекофту дигари ба ман саволхо дода когази декларатсиаро пур мекард. Пешаки барои пардохти гумрук се сомонй тайор карда будам, вале аз чи буд, ки пас аз чустучу когази декларатсиаро ба дастам дода чавоб доданд. Сипас барои руйпушкунии борхалта 5 сомон ва когази декларатсиаро ба як корманде назди миз нишаста супорида ба гузаргохи Нуктаи Назорати..(пограничнико) рафтам. Дар инчо ба шиноснома мухр гузошта 10 сомонй талаб карданд. Аз онхо боз ба нармй пурсидам, ки барои чй 10 сомон? Корманд ба суям нигох карду шиносномаро баргардонд ва рухсат дод равам.
Хаминтарик бо харчи 7 сомонй аз хама зинахо гузаштам ва дар хавопаймо нишастам. Аз ду нафар кунчковона пурсон шудам, ки ба кй чанд пул доданд. Чунин чавоб гирифтам:
1. Назорати фитосанитарй – 10 сомон.
2. Гумрук барои кофтукови сумка ва навиштани декларатсия – 10 сомонй
3. Як мизи дигар монда декларатсияхоро мегиранд – 5 сомонй.
4. Барои руйпуш намудани богоч – 5 сомонй.
5. Гузаштан аз нуктаи назорати сархади – 5 сомонй.
Хамаги 35 сомонй хар яктоаш харч кардааст. Онхо харчи маро пурсон шуданд. Гуфтам 7 сомону 10 дирам. Ду нафари дигар, ки дар курсихои пеш нишаста моро мешуниданд ба сухбат хамрох шуда гуфтанд, ки онхо ба хеч кадомаш ягон дирам надодаанд.
Ман бошам мисли кахрамон фахр мекардам, ки шояд дар таърихи фурудгох дар поранадодан рекорд гузошта бошам, вале аз ман гандахояш хам будааст. Аз хама ачоибаш пурсиш дар бораи сертификати магзу мавизхои модарамдодагй буд.
Хулоса хамин, ки ин ё он корманд як бор хавой “фалон сомон” мегуяд. Ва яке фавран медихад, дуввумй сабабчуй мекунад ва сеюмй бо гилаву илтимос ягон дирам намедихад.
Хайр, хонандагони азиз ман рафтам ба телефонам пул гузошта аз сихату саломат ба Русия расиданамро ба модар хабар дихам ва хатман шикоят хохам кард, ки чаро аз хосили мевахои хона магзу мавизхоро додеду сертификаташро не..? :)





ГАСТАРБАЙТЕР (Эдуард Багиров)

16 07 2009

… Вадим яке аз каторихои оддии ОМОН буд ва дар вактхои холии баъд аз кор бо ким кадом бригадаи скинхедхо, канорхои нохияи Ленинскии назди Маскавро “тоза” мекард.
Агар риштаи хешй, ки Ираву Надя – апаю хохар, яъне Ира махбубаи ман ва Надя завчаи у, намебуд, шояд Вадим аз ман хуччат хам напурсида ба латукуби ман медаромад.
Ба ин нигох накарда, ки Вадим бо завчааш мехмони ман буд, аз у ходисаи дар мехмонхонаи “Севастопол” рух додаро пурсон шудам. Вадим посух дод:
– Худат як фикр кун. Мана масалан ту хамачихата ба чуркахо монанд нестй ва ман бо ту муомилаи хуб дорам. Ва бо ин сиёххо боз чй гуна муомила бояд кард, дар холе ки уно конунро риоят намекунанд? Кайднома (регистратсия) надоранд. Исто ки ту чаро аз онхо дифоъ менамой? Ту ку дигар астй..
– Мон ин харзагуиро, Вадим. – буридам сухани уро.
– Чи хел ман дигарам? Ман хам мисли унхо. Ман на танхо кайднома, хатто шиноснома надорам. Шармат намеояд, ки дар рузи равшан даст ба горати одамон мезанй? Ту мент хасти ва бояд химояту дифоъ намои. – аз ин суханхо Вадим асабй шуда посух дод:
– Бале, ман мент, вале дар навбати аввал менти маскавй. Аз ин лихоз ман маскавихоро химоят менамоям, на ким кадом чуркахоро! “Севастопол” – ин холо хубии мо буд. Медони, мо баъзан бозорхоро низ “зиёрат” менамоем. Мана ончо бетартибиро бин. Тамоми Кафкоз ба Маскав кучидааст ва мисле, ки дар хонаи худашон бошанд. Ман ин сиёххоро мекуфтам ва дар оянда низ хохам куфт. Барои ман дар Маскав хама кор ичоза аст. Мохонаи ман на онкадар зиёд бошад хам, вале танкиси надорам. Дилхох сиёхро дар куча боздорам – мана пул. Ман тобу токати дидани онхоро надорам. Рузе мерасаду хамаи онхоро аз Маскав хохем ронд! – аз ин гапхои у хандаам меомад ва оромона ба у гуфтам:
– Меронй? Ту медони, ки дар Маскав чанд хазор озарихову чанд хазор точику узбак хаст? Агар онхо ба по хезанд, медони холи Маскав чй мешавад? Шумоён кай мефахмед, ки бо шиканчаю азият ва бадбинию нафрати руирост, баръакс аксуламалхоро аз чониби онхо метавонед ба бор оваред. Дар Ню-йорк хамагй чихил хазор пулис ва дар Маскав бошад саду панчох хазор мент! Шумо бо ин рафтору кирдорхоятон вазъро бад менамоеду бех не ва сазовори эхтироми бегонагон нахохед шуд…





Дод аз дасти “миёнаравхо”!

5 06 2009

Шамсиддин, як мардикори собикадор, пас аз хондани “Оуштен фруштен” ба камина занг зада, чунин эътироз кард ва онро сабти садои намудам. Танхо эътирози уро каме тахриру ислох намуда, инчо овардам. Ба хулосае омадан мумкин, ки дар шахрхои сермардикор вазъи муносибати байнихамдигарии хамватанон бад будааст.

“Салом дустам, Илхом. Навиштаи ахир тахти номи “Оуштен фуруштен”-ро хонда, ошики он шахраки афсонави шудам. Хеч боварам намеояд, ки ин хел макон дар Русия вучуд дошта бошаду ончо мо точикон ин гуна ахл бошем. Намедонам ё фантазият бой аст, ё дар хакикат рост..

Дар шахраки мо медони барои пул шуда, соли гузашта як чиян тагояшро кушт. Сангу кулухи хамватанони мо миёнрав (посредник) шудаанд. Мардикорони одди кори новобаста аз онхоро карибки намеёбанд. Хама чо ва хама корро “захват” карда моро бо нархи арзон кор мефармоянд. Дуруст, хастанд як ду миёнаравхое, ки кор медиханд, дар бобати хуччатхо кумак мекунанд, гамхоранду хамаги 10-20 фоизи маблагро мегиранд.

Аммо бештари онхо аз инсофу одамгари дур буда, аз мардикорони ночор суйистифода менамоянд ва 50-60 дарсади маблагро аз худ мекунанд.

Масалан, яке аз онхо Бойир, (ном тагир дода шудааст) наздик ба 200 нафарро мисли лагери давраи чанги немис, кор мефармояд. Онхо вазъи вазнин доранд. Чое барои шустушуй надоранд ва шароити зисташон бад аст.

Аз ним сол то як сол мехнат карда, руи пулро намебинанд. Танхо вакте ба Ватан бармегарданд бо онхо хисоби мекунад, ки ба як мохи кори 5-7 хазори руси рост меояд. Шикамаш чунон равгани шудааст, ки базур нафас мекашад. Аммо заррае парво надорад, ки коргарони у гайр аз макарон дигар хуроке надоранд.

Ин гуна миёнаравхо бисёранд ва дар Точикистон касрхои бохашамат сохтаанд.
Дар ин гуна афродон заррае мусулмонй хам намондааст. Мисли давраи гуломдорй байни хам мардикор мефурушанд.

Дар бобати муносибати байни мардикорон на хамеша хамдигарфахмй хукмфармост. Дар навбати аввал барои бештари онхо ПУЛ меистад ва фикри одамгарй, обруи милй ва мардигариро як су мондаанд.

Дустам, Илхом, бароям дар он шахраки “фантастикиат” коре пайдо намой, то ин маконро тарк намоям.

Хайр, панохи Худо /бо эхтироми хамсинфат Шамсиддин аз шахри Ангарски Русия.








Follow

Get every new post delivered to your Inbox.