Сурудхои гарибй

Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем,
То ба кай аз бахри нафс тарки модар мекунем,
Ин хама шахри урус обод шуд аз дасти мо
Холу ахволи Ватанро кай накутар мекунем.
Пахлавонони диёр зери мушти нокасон,
Аз кабех дашномхо гуши худ кар мекунем,
Духтуру омузгор, устои гулдаст то ба кай
Мардикори зери дасти хар сагу хар мекунем.
Чон падарчонам, чавобе бар суоли ман бигу
То ба кай аз сузиши дил дидаро тар мекунем.
Хайфи ин умри чавони, хайфи ишку ошики
Ки чудои аз нигору ёру дилбар мекунем.
Точикистонам шукуфон шав аз бахри худо
То ба кай мо орзую ёди кишвар мекунем.

(Илхом. ш.Сургут с 1999)

15 комментариев

3 06 2009
Sooroosh

Ало, шодоб соҳилҳо,
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз
Ки рӯзе хушку ҳам мағшуш хоҳад шуд.

Ало, зебои маҳфилҳо,
Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имруз,
Ки рузе аз шамоли ҳодиса хомуш хоҳад шуд.

Ало, раҳҷуи манзилҳо,
Ба қадри раҳкушои аввалин бояд расид имруз,
Ки фардои шумо ҳам як замоне душ хоҳад шуд.

Шумо имруз агар аз толеъу бахту насиби хештан мастед,
Дар оғуши биҳишти дилбарони гулбадан мастед,
Зи атри гесувону кокулони пуршикан мастед,
Замоне завқатон аз кори дунё пир хоҳад шуд,
Замоне навбати базми муҳаббат дер хоҳад шуд.

Ало, беақлу беғамҳо,
Ки фарқи сурату сират намедонед,
Ба қадри нозҳои ёр мебояд расид имруз,
Ба қадри лаҳзаи дидор мебояд расид имруз:
Ба қадри соқи симину ба қадри чеҳраи бечин,
Ба қадри ёри гулрухсор мебояд расид имруз,
Баҳори ҷилвааш пажмурдаву бенур хоҳад шуд.

Ба пои он ниҳоле, ки нишаста бо нигоре хуш
Даме аз ошиқи доред нақди рузгоре хуш,
Намедонед, рузе шохҳои он,
Шуморо чуби боми гур хоҳад шуд!

Ба базме пеши чашмони шумо гар ёр мерақсад,
Ба худ чун мавҷ мепечад, зи сар то пой меларзад.
Агар қадраш намедонед,
Ҳамчун Зуҳраи раққоса
Рузе то фалакҳо дур хоҳад шуд!

Ало, эй соҳибони вақт,
Вақти хеш дарёбед.
Шумо ҳоло ҷавону комрону шодмону зиндаед охир!

Чу рузе бар мазори сард мехобед,
Аҷал баҳри шумо фурсат нахоҳад дод,
Ки ҳар нодидаро бинед,
Гули ночидаро чинед,
Ва як дам дар ғами гумкардаҳои хештан гирйед,
Ва як дам он чиро нагрифта будед аз ҷаҳон, гиред.

Шумо эй соҳибони вақт,
Биштобед!
Биштобед!

Лоик Шерали

19 10 2009
Мирзо

офарин бародар барои мисрахои хубат!
Худо ёру мададгори хамаи бод! —————————— АЗ САРДАБИР: Ба Шумо низ ташаккур барои кадр намуда, нома навиштанатон. Саломат бошед.

14 01 2010
Исфандиёр

МАН АЗ АВВАЛ ТОЧИКЗАБОНАМ,
Я МАРДИ РУИ ЧАХОНАМ,
ОУДАИ ХУНИ ТОЧИКИ,
МФАХРАМ, КИ АЗ ТЧИКИСТОНАМ.
(ифандиёр собиров)

27 02 2010
Домуллоджон

Дуруд аз Худованд ба Шумоён бародарони точик ва мусалмонони мо! Исфандёр бародар гап нест барои ин шерат.. мохам мефахрем ки аз Точикистонем.. Худо хохад Точикистонро мо худамон обод мекунем.. на бо кумаки дигарон! Бародарони точик хамаатон дар панохи яздони поки Иллохи бошед!
ДОМУЛЛОДЖОН!!!

10 06 2010
LIQIN

Офарин барои эчоде, ки кардаед! Ман мехохам чанд мисрахои устод Бозор Собирро барои бароидарони мусофир бинависам
Дубора мох бадар шуд чаро намеои,
Дубора мохи дигар шуд чаро намеои.
Парандахои мусофир ба лона бар гаштанд
Дубора чах — чаха сар шуд чаро намеои.
Хазорон лола ба дил лолазори Файзобод
Дубора хуни чигар шуд чаро намеои
Нихоли пушти дарат бо кадат баробар шуд
Чанори хуш каду бар шуд чаро намеои………….

7 07 2010
Mirzobobur

Assalomualaikum barodaroni tojikam. Dardi mo imruz khelo sakht ast ammo mo bovari dorem in ham meguzarad, durust ki goh-goh amali baze barodaroni tojikamon moro ba yasy noumedi meorad ammo inshooloh mo bovari tojik tojik budanashro ruze amalan mebinad .,,,, Mo boyad che dar russiay va che dar amrikoy digary dugar ba ideyai navi obodkori biyoem ammo afsus bori digar bo bovari guftan mumkin ast Khudovand hama chizro mebinad …..

2 04 2011
ГАРИБ

САЛОМ БАРОДАРОНИ ГАРИБ!
БАРОИ ШЕЪРХО ТАШАККУР……..
….АЗ ИН, КИ ГАРИБЕД НАГАРДЕД ПУШАЙМОН,
ЗЕРО, КИ ГАРИБИ БУДА МЕРОСИ РАСУЛОН……

15 10 2011
Афсар Сармад

Салом бародарону хохарони дур аз Ватан, Аз Худованди Сохибулвучуд таманно дорам, ки хамаи Шуморо аз балохои заминию осмони дар панохи рахматаш нигах дорад. Гарчанде, ман мухочир набошам хам азобу фироки дур аз Ватан будани Шуморо нагз эхсос менамоям. Ва ин шеърхоро барои Шумо азизон мебахшам. Бо эхтиром Афсар Сармад ш. Душанбе

ХОМАИ БИШКАСТАИ МУЊОЉИР

Хомаам бишкаст аз сўзу ѓами паймонаам,
То нависам ман ба модар рўи дафтар номаам.
То ки донад модарам, ман дар ѓарибї доимо,
Дар дилам дорам њамеша мењри ў, њам хонаам,
То расонад ў саломи ин дили саршори ишќ,
Духтари њамсояро к-ў њаст он љононаам.
То бидонад духтарак аз модарам ањволи ман,
Ман ѓарибам, дар суроѓи обу нону донаам.
Мебиёям дар бари он модари рањинтизор,
Чунки дар ин марзу бум ман бекасу бегонаам.
Љањд бинмудам нависам номаамро то ахир,
Баста ман бо латтае мањкам миёни хомаам.
Бо азобе ман ба модар номаам кардам тамом,
Ваъдаю ќавлаш бидодам; мебиёям хонаам.

АРЗИ МУСОФИР

Мусофир њастаму ду по ба занљир,
Шудам дур аз ватан бо њукми таќдир.
Љавонам, лек дар шањри ѓарибї
Шудам аз ѓуссаву ѓам бармањал пир.
Ѓарибињо насибам гашта будаст,
Шудам дар ёди модар зору дилгир.
Зи њоли модари бемору пирам
Набитвонам хабар гирам, чї тадбир?!
Дилам хун гашта аз ишќу људої,
Ѓами дилбар гузашт аз сина чун тир.
Ба ёди дилбари рањинтизорам,
Нависам рўзу шаб њасрат ба тафсир.
Шудам дилгир аз дасти ѓарибї,
Валекин бар касе накшодам ин сир.
Гузаштам аз зару аз моли дунё,
Падарљон, бар Ватан меоям охир.
БА МАЊАЛБОЗОН

Ту суѓдї? Ё хуљандї? Ё бадахшї?
Зи Раштї? Аз Њисорї ё зи Вахшї?
Ба њар љое равї, донанд аввал
Мањалрову маќому мансаб афзал.

Мањалбозе бипурсад аз куљої?
Бигўям тољикам, аз Тољикистон.
Давоми умри Кайковусу Доро,
Нишони зиндагии Оли Сомон.

Бигўям бо ѓурур аз номи Рустам,
Ки як тољикписар, як пањлавонам.
Чу Мавлоно нависам маснавие,
Ки ман аљдоди суѓду ориёнам.

Мапурсам њељ гоње аз куљої,
Ки бар љои љавоби ў сукут бењ.
Бигўям тољики бо нангу орам,
Ту њам доим ба роњи ман ќадам нењ.

Шавад чун роњњои мо кушода,
Бигардад насли мо аз нав зиёда.
Мањал аз вожаи мо дур гардад,
Њаёту зиндагї пурнур гардад.

10 02 2012
Шохзод

Гариби

3 05 2012
naimjon

rahmat bratan sherhoi purmazmunatro khondamu khobam burd vakteki az khob khestam az du dars mondam. rahmat man minatdoramu lekin ilova kuned plise

3 05 2012
Ilhom

Сипос бародар! Нав фахмидам ки «димедрол» навиштаам. Ха ха ха..

11 10 2012
Мухаммади

Ассалому алейкум Илхом, сайти Шуморо зери маколаатон «Бохти хадамоти мухочирати Точикистон» дар рузномаи «Нигох» дидам ва сипас мана ба он ворид шудам. Харчанд ман дар Руссия ба мардикори машгул нестам, вале хешу шиносхои зиёдам дар мардикори мебошанд. Дар хакикат шеъри бисёр хуб ва олидарача навиштаед ва асосаш ин, ки бовари дорам дарди дили тамоми точикони мухочирро навиштаед.

12 10 2012
Ilhom

Мухаммадии гиромй, сипос барои кадам ранча намуда аз торнигор дидан кардед, мархабо. Ва ташаккур ба масъулони «Нигох», ки нигохи моро ба Шумо мерасонанд. Саломат бошед.

9 04 2013
ҷовид

Дилам хоҳад равад бар Тоҷикистон
вуҷудам пур шавад аз буят тоҷикистон
тамоми руи оламро бигаштам
Надидам зебо шахра ба ҷуз ту ТЧК

14 04 2013
Najibullo

МУХОЧИРАМ
Мухочират ба чон расид,ки
токате ба ман намонд,
Ва рохате маро дигар зи кори
кадшикан намонд.
Намерасад зи буи хоки
кишварам машомро,
Дигар мадору куввате маро ба
чону тан намонд.
Чу хар касеву нокасе ба
иззатам расид дигар,
Сурури хештан кучо? Гурури
хештан намонд…
Ба мулки Рус,ки точикон
заминканеву кучаруб,
Ба кавли пир, ба дехае чавони
гуркан намонд.
Ба гуфтани хакикат ар забони
кутахам нашуд,
Чи гуямаш, бародарам, замони
дилбазан намонд.
Зи ханги хармичозхо навои
булбулон хамуш,
Зи пои хукмичозхо ба харкучо
чаман намонд.
Чу бинамаш,ки точикон
махалгарои мекунанд,
Маро мачоли гап задан дигар
ба ин дахан намонд.
Чу мехи хонаро агар зи чуб
канда мебаранд,
Ба хона як кафан намонду
колини кухан намонд.
Натарсамаш, агар касе маро
намешиносадам,
Битарсамаш аз он ,ки чун
саломи хамватан намонд.
Дуои хуб намекунам ба давлату
ба савлаташ,
Ба хар касе,ки хурматаш ба
пиру пиразан намонд.
Суханварони хушсухан кучо
шуданду рафтаанд,
Дилам фишурда мешавад,ки
ошики сухан намонд.
Зи дурихо, чудоихо, зи
бенавои, бепули,
Чи шавку завки мардхо ба
хонаву ба зан намонд. ..
Дареги он,ки дур шудам зи
чашму мехри модарам,
Дареги он ,ки дар бару канори
ман Ватан намонд!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: