Хабар аз Ватан

19 комментариев

24 05 2009
Мунаввар

Дуруд, бародарон!
Орзуманди саломату тавфики шумо хастам.

25 05 2009
ilhom

Сипосгузорем.. Саломат бошед.

19 02 2011
Баходур

Ва ъалайкумуссалам, рахмат худованд шуморо нигахдор бошад омийн!!!

2 09 2009
Sufii Safavi

Salom dusti arjmand, chikorai? Tashakkur baroi saytat!!!!!!!! —————————————- АЗ САРДАБИР: Дуруду сипос бародари азиз. Як сохтмончие беш нестам, ки ба холи миллати сарсону саргардон дилам реш аст

18 10 2009
Шердил

Салом дусти гироми! Ман як хонанди блоги Илхом… Бори аввал навиштахоятро аз хафтаномаи Нигох ходам. Баъд ба сурогаи блогат сар задам, хеле хондани. Моро хам дил ба миллати овораю сарсонамон месузад, вале феълан гайр аз изхори хамдарди дигар тавону кудрат надорем.
Тасаллои моро бипазиред! Ба умеди рузи катъи хичрону овораги, Шердил. ————————————————— АЗ САРДАБИР: Ташаккур бародар. Ташаккур ба мачаллаи «Нигох». Дар хакикат ин оворагию сарсонй, дард ва доги миллат аст… Саломат бошед.

7 11 2009
Бахтиёр

Офарин.
Точики хакики!!!
Мардуми точик аз азал «илхоми» хастанд 🙂
Эхххх. Точикистон-Точикистон, то ба кай фарзандони азизат дар гариби гарданда!!!! Эх дунёи номард…

7 11 2009
ilhom

Инчо дунё гунох надорад. Нуктаро бояд худамон гузорем, вагарна ин ахвол дахсолахо идома хохад кард.

3 07 2011
TOJIKAM VA MEMONAM

нуктаро чи тавр гузорем ягон таклиф доред точики хакики барои ватан чонашро дарег намедорад

2 10 2010
Дилшод Хакёров

Салом бародари ба дил наздику ба чашм дурам Илхом. Ман аз Шумо як хохиш дорам: «Дар бораи конунхои нави ФР дар бораи мухочират ба ман маълумот дихед ё агар илочаш бошад ин конунхоро ба почтаи электронии ман фиристед. Аз Шумо чавоби мусбиро интизорам. Боки сарбаланду хонаобод ва хамеша дар фикри Худо ва ободои Точикистони азизамон бошед.

26 12 2010
ilhom

Салом Дилшод. Гап дар сари он ки дар баъзе округу вилоятхои Русия конуну коидахои худро доранд ва конунхои Маскав ба онхо таллук надорад. Ба хар хол дар хар минтака амалишавии ин конунхо хар хел аст. Шумо ба Е-мейл вилоят ё округи худро нависед албатта бароятон то хадди имкон маълумот хохам ёфт. Саломат бошед.

14 12 2010
АБДЛУЛМАЧИД

БАРОДАР БАХТИЁРЧОН ДУНЁ ЯГОН АЙБ НАДОРАД
АЙБ АЗ ХУДОМОН АСТ
ВАКТЕ ТОЧИК ТОЧИКИ ХУДРО АХМАК МЕКУНАДУ
ВА ФИРЕБ МЕКУНАД!!!
ЧИХЕЛ БАЪД МО ПЕШ РАВЕМ?????

16 01 2011
пилот

салом . ман хам тарафдори АБДЛУЛМАЧИД хастам . Вакте, ки аз як нафар шунидам ки барои ба кор даромадан 5000$ талаб кардаанд . кадр тайёр намекунем квотахоро мефурушем. Баъдан чи хел мо пеш меравем. Ба диккататон ташаккур.

6 03 2011
Саймиддин Дустов

Салом бародари гироми!
Навиштахоятонро ягон-ягон дар сахфахои «Нигох» ба чоп расонида, ба хулоса омадем, ки блогатонро дар Бахши «Торнигори TojNews» дар портали http://www.tojnews.org чой дихем. Умедворем ба ин розиги медихед.
Комёбу муваффак бошед 🙂

28 03 2012
Ilhom

Салом мухтарам, Саймиддин Дустов. Шодам ки навиштахои банда дар рузномаи Нигох нашр шудаанд. Сипоси беканор! Саломат бошед.

17 11 2011
Рустам Вахобов

Салом бародарон ин рост аст ки мо гуломи рус токай бошад чавони мо меравад Илхом рост мегуяд. Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем,
То ба кай аз бахри пул тарки модар мекунем,
Ин хама шахри урус обод шуд аз дасти мо
Холу ахволи Ватанро кай накутар мекунем.
Пахлавонони диёр зери мушти нокасон,
Аз кабех дашномхо гуши худ кар мекунем
Духтуру омузгор, устои гулдаст то ба кай
Мардикорй зери дасти хар сагу хар мекунем.
Чон падарчонам, чавобе бар суоли ман бигу
То ба кай аз сузиши дил дидаро тар мекунем.
Хайфи ин умри чавонй, хайфи ишку ошикй
Ки чудой аз нигору ёру дилбар мекунем.
Точикистонам шукуфон шав аз бахри худо
То ба кай мо орзую ёди кишвар мекунем.

23 03 2013
Рустам Рахимов

Салом хамватанони азиз. Инчо бародарамон «Точикам ва мемонам» ба Илхомчон савол додиян, ки чи хел нукта гузорем. Саволи хуб. Ичозат дихед ба хамин саволатон ман чавоб дихам. Хаммаи мо хуб медонем, ки холати Ватани мо хеле бад аст. Сабаб чист??? Сабаб яктост: ЯГОНАГИ!!! Мо худамон худамонро аз хамдир чудо мекунем: кулоби, гарми, хучанди(«Будик»), мо нисбати якдигар нафрат дорем ва хар кас танхо барои бехбудии худаш харакат мекунад. Хар руз шумораи мухочирони точик афзуда истодааст. Дар ин холат Ватани мо баъд аз 5-10 сол бесохиб мемонад. Ба русхо нигаред, чавонон «россизм»-ро бунёд намуданд, барои мо, мухочирони беруна ин марг аст, аммо аз дигар чихат нигох кунем чи: Чавонон муттахид шуда истодаанд, бар якдигар ёри мерасонанд, нашъамандхоро мекушанд, шахсоне ки бо роххои харом пул кор мекунанд мекушанд, доимо машгули варзиш. Нигаред, инхо ВАТАНПАРВАР хастанд, бар зиддияти давлат нигох накарда фаъолияти худро давом дода истодаанд. Аммо мо чи? Хукукхои худро мухофизат карда наметавонем. Магар ин аст хамон НАНГУ НОМУСЕ, ки аз бобоёнамон ба мо мерос мондааст??? Чаро мо метарсем? Бародарон, бедор шавед. Вакти хоб гузашт. Мо бояд муттахид шавем!!!! Фарк надорад, ки аз кадом шахр аст, ки дар кадом давлат аст. Мо бояд ЯК МУШТ шавем, БОЯД!!!

25 03 2013
Ilhom

Саломат бошед, бародар Рустамчон. Посухи хуб буд. Вокеан мо бояд «як мушт» шавем. Дигар бас аст ин хамдигарбадбинй.

3 12 2014
Neknoti G.Z.

Салом Дӯстони азизу гироми қадр!
Ман ба ташкилотчии ин сомона(сайт) ва кормандону ҳамсафону ҳамфикрони онҳо изҳори миннатдори мекунам. Барои ин иқдоми нек Ташаккур мегӯям ва барояшон аз даргоҳи Худованд тани сихат , табъи болида ва умри дарози бофароғатро орзу дорам.
Дар фикри миллати худ ва ҳамватаннони худ буданро фаромуш накунед. Барои фикру мулоҳизоти озод ташаккур мегӯям !!!
Дар ватан бе Ватанон бисёранд ба он хотир мегӯям , ки ҳамма соҳа бо пора одат кардаанду ҳақиқат ҷои худро бо ноадолатӣ иваз намудааст.Барои ҳамин мо роҳи худро ва ҳуқуқамонро ҳимоя кардан наметавонем. Сабаб ноадолат бинии Мансабдорони мост ва вазифаро мехаранду пора дода маблағи додаашонро аз мо металабанд. Барои ба кор даромадан донишмандро намегиранду маблағдор ва ба истилоҳ тағадорро мегиранд. Куҷост адолат, Ватандории мо . Бо ин низом мо то ба кай меравем барои мардуми камбағал зулм меоранд ва ҳуқуқҳои онҳоро поймол менамоянд инро ҳаммаи мо медонем ва чаро касе инро намегӯяд? Мо метарсем ! Вале то ба кай чун Донишгоҳро хатмнамуда дар шаҳри Рус бо дипломи Сурх ба тоза кардани хазону барфу таги пои хуку саги онҳоро мерубему дур аз падару модар ва хешону таборонамон мегардем.То ба кай мо бе газу барқ мегардем. Мо аз як гиребон сар барорем ва сарҷамъ бошему дар бари якдигар бошем. Биёед барои пешрафти Тоҷикистони азиз сахми худрогузорем. Ватандорон ватанро дӯст доред ва барояш кӯмаки худро дареғ надоред.
Сарбаланду солиму хона обод бошед !
Ташаккур ба диқататон !!!

6 12 2014
Ilhom

Саломат бошед бародари азиз! Ба Шумо низ бурдборихо таманно дорам.
Мутаасифона хаминхел хаст. Вакте пул дода вазифа харанд, пас у вазифаашро танхо дар пулчидан аз зердастонашу аз мардум медонад. Фаромуш мекунад, ки вазифаи у ободии Ватан аст, на горати мардум.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: