«Эхтиёт-ними хаёт» — фаромуш шудааст.

30 05 2009

Чаро бештари мардикороне, ки дар сохтмонхои Русия ба ходисахои нохуш гирифтор мешаванд, точиконанд? Чунин саволро аз дустонамон аз шахрхои гуногуни Русия пурсон шудем. Ва кариб хамаи онхо посухи кутох доданд, ки на хамаи точикон техникаи бехатариро риоя менамоянд. Ва ба сифати мисол хеле наклу факту далелхо оварданд. Инчо якчандтояшро сабт намудем.
Екатаринбург. Бинои чахорошёна. Деворхои он пурра аз бетон (монолит) сохта шуда, дар он сурохихо аз насб намудани тахтачубхо (апаловка) боки монда буд. Мардикорон аз саркор харакхои охани, ки бо хам пайвастшуда, дилхох баланди дастрас мешавад талаб накарда, ба хамон сурохихо меххои охани (аз арматур) мегузоранд. Сипас болои онхо тахтахо гузошта кор мекунанд. Ин амал русхоро дар хайрат монда буд. Саркор низ хурсанд буд, ки мардикорон аз у чизе талаб намекунанд ва худашон хисобашонро меёбанд, вале то он даме, ки аз баландии ошёнаи сеюм мардикори точик афтида сутунмухрааш мешиканад ва сипас дар беморхона чон месупорад.

Дар Маскав се нафар чукури мекофтанд. Ва ба сими баландшиддати барк расида, ду нафарашон чарохати сабук ва яктояшон бо дасту руи сухта чанд мох дар беморхона бистари мешавад.
Дар Сургут ду нафар дар холати кофтани чох дар чукурии тахминан 4-5 метр таги хок монда халок мешаванд.
Дар Нижневартовск як дусти наздикамон вакти вагонхои пур аз сангмайдаро холи кардан таги сангмайдахо мемонад. Уро зуд кофта рахо мекунанд, аммо у чон ба хак супорида буд.
Дар Тюмен мардикорон мошини борбардорро интизор нашуда, болодарихоро(перемичка) ба таври дасти насб кардани мешаванд. Аммо болодари мазкур ки наздикии 200 кг вазн дошт афтида, як мардикор пояшро мешиканад.
Чунин ходисахои
нохуш зиёданд ва кариб дар хамаи онхо саркор, корхона ё хучаинхое ба чавобгари кашида нашудаанд. Як сабаби дар сохтмонхо бештар точикон чалбу таклиф шуданашон арзонии мехнати онхо бошад, дуввум сабаб талаб накардани тачхизоту асбобхо, ки бехатарии коргаронро кафолат дода метавонад мебошад. Хаминтавр точик чону саломатии худро дар хатар монда, хам тез ва хам арзон мехнат мекунад ва кушиш мекунад, ки кордехонро дар ташвиши харидан ва ё овардани тачхизотхо нагузорад.





Шустушу бо шири гарм

29 05 2009

Имруз кариб то соати 2-и нисфирузй аз сабаби набудани масолех, аниктараш хишт, бекор будем. Нихоят имруз нурхои хуршед ба кас гарми мебахшиданд.

10 мох шуд, ки ин гармиро эхсос накардаем. Гох борон, гох барф, гох жола, гох шамол. Ростй, хеле зор шудем ба гармихои тобистон, ба гармихои Ватан. Чисми мо дар хасрати гармихои Ватан гохо коршиканй мекард ва гохе инкилоб.

Дар сахни сохтмончой дую сенафарй харчо-харчо нишаста сухбат мекардем. Овози хандаи баланди Димаи кафшергар ва Султон як-як диккати хамагонро чалб мекард. Ба мо ачиб буд, ки Султон бо кадом забон бо у сухбат дошт, ё шояд Дима аллакай точикиро омухта бошад? Дима дар хакикат шавк дорад, ки забони моро омузад. Хар лахза мепурсад, ки инро точикон чй мегуянд, онро чй меноманд?

Ман бо Мусо хикояти дар Русия хонапушии акои Муллошоро гуш мекардем. Деворхои хона расо будаанд ва танхо ба акои Муллошо лозим будааст, ки болорхоро монанд. Бари хона сеюним метр ва бояд болорхоро чорметрй мебуриданд, то 25-сантиметрй руи девор мехобид, аммо акои Муллошо бари хонаро аз дарун чен карда, болорхоро сеюнимметрй мебурад ва вакте мехохад онхоро болои девор гузорад, болорхои кутохшуда ба даруни хона меафтанд. Дар айни ин гап Дима хандакунон бо Султон наздамон омаданд.

Дима сухани Муллошоро бурида пурсид, ки «оё Султон рост мегуяд? Шумо дасту руи худро бо шири гарм мешуед ва чи хосият дорад ин амал?» Мо хайрон ба Султон нигариста нафахмидем мазмуни гапро. Сипас зуд Султон гунохкорона гуфт, ки у хост ба Дима фахмонад, ки шароити хонаи зист аз вагон бехтар, чунки ончо бо оби ширгармак шустушуй мекунанд.

Фахмо гашт, ки Султон оби ширгармро — молокотёплая вода тарчима кардааст. Муддати дароз хуб хандидем. Дима баъд аз фахмидани асли хол боз шухиомез пурсид: — Ребята, неужели таджикский язык до такой степени конкретный? Вот песня в телефоне Султана пел «хама карсак!», я у Султана спросил что означают эти два слова. Он говорит «Все бейте одну руку на другой!». Неужели это так? Значит если перевести одну таджикскую брошюру на русском, то получится
трёхтомная книга?..

Ва инчо сухбати моро гур-гури мошин бурид. Дар он масолехи бинокори оварданд ва мо аз нав ба кор шуруъ кардем.





Як гул хам баъзан бахор аст!

26 05 2009

Яке аз корхонахои сохтмонии шахри Тюмен Спетстехстрой (СТС), ки дорои нуфузи баланд дар минтака аст огози соли равон кабули точиконро ба кор шуруъ кард. Дар корхонаи мазкур то ин дам танхо шахрвандхои Русия кор мекарданд.

Шароити хуби онро дида бисёрихо орзу доштанд ба кор дароянд, аммо надоштани шахрвандии Русия онхоро ноумед мекард. Парвиз — як мардикори точик ахиран ба ин фирма кор медарояд ва пас аз нишон додан ва шиносонидани миллати точик ба саркору сарварони фирма, хамчун мардуми мехнатдусту дорои одоби баланд рохи точикон суи ин корхона кушода шуд. Соати кори аз 8 то 17, шанбею якшанбе рузхои истирохат, хар 15 руз маош, хуроку чои хоб бепул ва пас аз хар 6 мохи кори рухсатии музднок. Ин гуна шароитхоро на хар корхона дорост.

Парвиз соли 2001 бо роххои бисёр кушиш кард, ки ин чо кор дарояд. Аммо аз коргари одди то раиси фирма аз гайрирусхо хазар мекарданд ва дарро чанд маротиба ба руи Парвиз пушиданд. Пас аз ин нобарорихо Парвиз назди худ максад гузошт, ки бо чи рохе бошад шахрвандии Русияро ба даст орад. Нихоят тирамохи соли гузашта бахт ба руяш хандиду шиносномаи Русия гирифт ва ба фирмаи СТС кор даромад.

Дар рузхои аввали кори бисёр фишору пастзанихоро аз сар гузаронда ва то имкон дошт шаъни миллатро паст намезад ва нексириштию одамгари нишон медод. Бахсхо хар вакт шаклу шеваи гуногун мегирифтанд. Гохе ба донишу фахмиши техникй марбут буданд ва гохе ба рафтору кирдори инсонй.

Хатто боре бо саркор бахс шудаасту саркор точиконро одамони заиф ном бурдааст. Парвиз кушиш намуда, бахси чангчуёнаро ба бахси шухиомез мубаддал кард. Саркор мисол овард, ки шаробе у кудрати нушидан дорад, Парвиз агар нушад мемирад. Парвиз мачбур носкадуяшро бароварда гуфт, ки ин хокро мо точикон хар ним соат истифода мебарем ва аз хисоби бокуввати нокалавида кор мекунем ва агар русхо аз он истифода баранд афтида дигар намехезанд. Саркор нописандона носкадуро аз дасти Парвиз гирифт ва кафашро пур карду ба дахон партофта фуру бурд. Ва 5 дакика нагузашта аз по афтид. Дархол дигар коргарон, ки ончо хузур доштанд ёрии тиббиро чег заданд.

Хуллас саркор пас аз 3 рузи бемори ба кор баромад ва бо Парвиз дигар бахс намекард. Охиста-охиста русхо бо Парвиз унс гирифтанд. Пас аз 4 мохи кори Парвизро тамоми коргарон ва раис хурмат мекарданд. Чунки у шаробнуши намекард, аз тахи дил ва аз руи инсоф кор мекард ва дорои одоби баланд буд. Ин хислатхои уро сарвари корхона дида назараш ба точикон дигар шуд ва фармон дод, ки шахрвандхои Точикистонро ба кор гиранд.

Парвиз аз фурсат истифода бурда, дусту рафиконашро даъват намуд. Ва бо хар яктоаш дар рузи аввали кори шартхо мегузорад, ки «падвадит» накунанд ва обруи точиконро баланд бардоранду паст не.





ГАСТАРБАЙТЕР (Эдуард Багиров)

25 05 2009

….
— Аз кучо забони русиро хуб омухтаи? -пурсидам аз Абдулло.
— Ман дар даврони шурави Донишгохи дустии халкхоро хатм кардаам.
— Ана! — бо овози баланд ба гап даромад Хохол. — Русхо ту, сиёхро, хамачиз омухтанд, ту боши аз онхо норозии! Бе мо то хол хам пуштатонро бо кулух пок мекардед! Шумо хама курнамакед харомхо. Бехуда русхо шуморо бад намебинанд!
— Ман бо ту бахс кардан намехохам. Ман ба синну соли падарат рост меоям, ту боши суи ман фарёд мезани. Гапамро бодиккат гуш куну бо хамин ба ин бахси бемантик хотима бахшем. Як фикр кун, ту хам рус, вале холо бо ман дар ин кафаси буину ифлос нишастаи. Пеш аз он ки русхо маро барои тахсил ба Союз оварданд, онхо падару модари маро куштанд, хашт бародарам ва нисфи дехаро ба катл расониданд. Русхо пеш аз онки маро инчо оранд, хонаамонро оташ заданд ва то андозае Ватанамро харобазор карданд, ки дигар зистан ончо гайриимкон шавад. Ту инро мефахми? Дар ивази ин катлу куштору горати русхо ман маълумоти оли гирифтам, ки акнун дар чое ба кор намеравад. Акнун маро дар рузи равшан горат мекунанд ва занамро бо лагат мекубанд. Барои чи ман аз русхо розию миннатдор шавам? Не, мухтарам, ту ва халки ту — хамеша бароям шурави мемонад!

Дар ин хол назди панчара сержантчаи хуксурат омада, Абдуллоро такон дод: — Эй, хайвон! Зуд баро, нах! Хуччат пур мекунем….





БАНДИТЫ В ПОГОНАХ

24 05 2009

Мусульманов избили и обокрали питерские ОМОНовцы.

22-мая около 14:30 в мечети (на рынке Апраксин двор) омоновцы совершили погром на мусульман, совершавших пятничный намаз. В помещение мечети где совершают намаз ворвались с криками, матом и дубинками (у одного даже кувалда) сотрудники питерского ОМОН. Милиционер в форме старшего прапорщика заорал: — Всем встать к стене с поднятыми руками и не рыпаться. Иначе мы вас тут поубиваем. Тот же старший прапорщик дал указание другим омоновцам, чтобы они избивали мусульман. Всех, а их было сотни человек, выстроили вдоль стен с поднятыми руками, и каждого начали избивать дубинками. Кого просто так, а кого якобы за
неправильно поднятую руку. Этот бандитский беспредел продолжался около часа. В это время у всех задержанных из карманов взяли сотовые телефоны и деньги. Во время налета были разбиты все двери не подлежащие мечети, которые были на одном этаже с мечетью. Микроавтобус был набит халальным мясом и телефонами отнятымы у мусульман. В мечете обычно совершали намаз гражданы Таджикистан, Узбекистан и Киргизстан.

(истифода аз сахифахои интернетии чамъияти тоторхо, Ринат Валиев, М. Кузнецов)





Замоне ки узбак точик мешавад

24 05 2009

Худ ин порчаи видюиро тамошо кунед ва бубинед, ки чй тавр бефаросатию сабуксории як узбак ба номи миллати точик дог ва лаънат меорад. Узбакхо дар кишвари худ ва хатто дар Точикистон ва хатто дар тамоми Осиёи Миёна калонигарй мекунанд. Онхо садхо хазор ва шояд миллионхо точикро дар Узбакистон мачбур карданд, ки дар шиносномаашон калимаи «узбак» навишта шавад. Аммо вакте ки ба Русия мардикор шуданд, дар холати ногуворе афтанд, худро «точик» меноманд. Ин гуна ходиса чандин бор руй додааст.

Холо ин порчаи видюро бинед, ки як мастбачча худро точик муаррифй кардааст:

Хакикаташ ин аст, ки бисёрихо вакте дар сари чиноят ё кори ношоиста ба даст афтанд, аввалтар аз хама худро точик меноманд ва як сабаби дар расонахои ахбори оми Русия асосан ба номи точикон васл шудани бисёр ходисахо аз хамин номардии намояндагони миллатхои хамсояи мо сар мешавад. Шояд сабаб ин будааст, ки дар ибтидо муносибати русхо бо точикон дар Русия хуб буд ва моро хамчун мардуми орому чиддй ва захматкаш мешинохтанд.

Холо хам дар шахру дехоти дурдасти Русия ба точикон назари  нек доранд. Ин ба фикрам боз аз он сабаб хам хаст, ки бисёрихо аз хабархои нохуши чанги Точикистон огоханд ва дилашон ба точикон месузад. Аслан бигирем, бисерии русхое, ки ман вохурдам, одамони хуб ва аз хама мухимаш АДЛПАРВАР хастанд. Дуруст аст, ки майнуширо дуст медоранд, баъзан аз худ мераванд, дар байни онхо нажодпарастони гузаро хам хастанд, вале ман ба сурати умум гуфта истодаам.

Як узбаки дигар дар як видео, ки дар интернет хаст, одати харбозии хаммиллатони худашро низ ба точикон пайваст кардааст. Агар ба чехрааш хубтар нигох кунед, мебинед, ки узбак аст ва дар суханаш хам баъзе калимахои хоси узбакй садо медихад.

Як чизи ачоиби дигараш ин ки то замоне ки Чиммии сурудхонро касе намешинохт, вай точик буд ва бо номи «Таджик Джимми» машхур шуд. Акнун вакте ки машхур гашт, узбакхо дар сайтхои худ батакрор менависанд, ки вай на точик, балки узбак аст ва бояд «Узбек Джимми» номида шавад. Аммо ин бародарон фикр намекунанд, ки чаро вай бо номи точик машхур шуд, сабаб чй буд?

Аз хакикат дур наравем, точикони худамон хам дар рафтору кирдорашон эхтиёт ва фаросат нишон надоданд ва ин хам сабаби костани обруи хамаи мо дар Русия гардидааст. Вале бо вучуди ин ман фикр мекунам, образи Равшану Джамшуд на аз руи мо, точикон, балки аз руи бисёре аз рафтору кирдори миллатхои дигар сохта шуда, бадбахтона, ба номи мо часпидааст.





Як лахза бо мо…

22 05 2009

Бегохй аз кор омадем ва пас аз шустушуй хама ба коре банд шудем. Ман, ки акнун «нашъаманд»-и интернет шудаам ва сардабири «Мардикорнома» мебошам дар ин лахзахо хамин сатрхоро хуруфчинй мекунам. Хама медонанд, ки бо кори хеле мухим банд хастам ва талош мекунанд, халал нарасонанд. Вакте ин корро сар карда будам, муносибат ин гуна набуд. Механдиданд, ки «ба дилат назад, кори бекора»? Мегуфтам, «бародарон ман такдиру рузгори худамонро ба оламиён хикоят мекунам ва онхо аз хонданаш хурсанд мешаванд, асли вазъиятро мефахманд ва ба мо хамдардй мекунанд. Аз руи ин хис мекунам, ки мо танхо ва бепуштупанох нестем…

Акнун, вакте мебинанд, ки сари кор нишастам ва дар тилфуни хамрохам чик-чик мекунам, мефахманд, ки ба навиштани блог машгулам, онхо паст гап мезананд ва ба нуги по рох мегарданд. Амаки Муллошо дар чунин холатхо ба бачахое, ки нафахмида, ба овози баланд гап мезананд, чашм ало мекунанд, мепесонанд ва пичиррос мезананд, ки «хап шин, Илхомчон бо оламиён гап зада истодааст…»

Лабханд мезанам ва ба корма давом медихам. Дар хамин холат Малик хуроки шом пухта истодааст. Бале, ин шавлаи модарам мепухтаги не. Камнамак ё шур ё сухта ё нимпухта — чи чизе бошад, бе гапу гуп ва бо сари хам мехурем. Чои шикоят нест. Макарон ба хуроки миллии мардикорон табдил ёфтааст.

Ба тарафи ростам менигарам. Косим вактхои охир сахт ба хабархои телевизион шавк пайдо кардааст. Барномахои зиддибухронии давлатхои гуногун, авзоъ дар биржаи Русия ва Ню Йорк, кохиши иктисодиёти Япония…

Хусусан болою поинравии курби доллар дар Русия уро сахт безобита мекунад. Султон дар як кунчи хона нишаста бо ким кадом урусдухтар чапаю роста гап зада истодааст. Дарвокеъ у вактхои охир номери тилфони духтархоро ба хона меорад ва ба хохишмандхо таксим мекунад. Назди дастгоххои пулгузарони рафта, дар даст тилфун мегардад. Хамин ки ягон духтар ба тилфунаш пул мегузорад, у дуздида-дуздида ракамхоро дар тилфунаш сабт менамояд. Ва холо мегуфт ки: — пачему я званила, а ты трубку непаднял?

Сабур бо ноутбукаш банд аст. У бо миллатгароёни урус чанги интернетй эълон кардааст. Асабонй шуда, дашном медихаду «зарба» мезанаду аз кайф дастхояшро монанди боли укоб ба ду тараф меёзонад ва пас аз лахзае «зарба» мегираду фашшуфишкунон харфхоро сахт-сахт мекубад. У вокеан худ миллатгарост. Оре, хамин тавр миллати хешро дуст дошта, фахр кардан даркор. Носир ва Мусо буи макаронбирёнро шамидаву дар интизори таом худро ба картабозй машгул медоранд. Носир низ аз дашномдихихои Сабур безобита шуда, як-як аз каноти дигари чабхаи вохид ба «чанги интернетй» хамрох мешавад. «Навис, ки падарат бо фашизм чангид, акнун ту ба гури падарат туф мекунй?» 

Аз ошпазхона садои акои Муллошо меомад, ки бо тилфун бо фарзандонашон гап мезаданд ва бори дуввум аст, ки ба писарашон Фарходи 6-сола мегуянд: «Фарходчонам, калон шав тезтар ва наздам биё, хамрох кор кунем, хишту лоя бардоштан тавонй шуд…»

Баъд аз соате, вакте ки таомро сарф кардем, хама ба хоб меравем, зеро пагох боз хамон лою гилу хишту об, ба хоб меравем ва Точикистонро дар хоб мебинем…