То ба кай?

9 05 2009

Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем,
То ба кай аз бахри нафс тарки модар мекунем,
Ин хама шахри урус обод шуд аз дасти мо
Холу ахволи Ватанро кай накутар мекунем.
Пахлавонони диёр зери мушти нокасон,
Аз кабех дашномхо гуши худ кар мекунем,
Духтуру омузгор, устои гулдаст то ба кай
Мардикори зери дасти хар сагу хар мекунем.
Чон падарчонам, чавобе бар суоли ман бигу
То ба кай аз сузиши дил дидаро тар мекунем.
Хайфи ин умри чавони, хайфи ишку ошики
Ки чудои аз нигору ёру дилбар мекунем.
Точикистонам шукуфон шав аз бахри худо
То ба кай мо орзую ёди кишвар мекунем.

(Илхом. ш.Сургут с 1999)

Реклама

Действия

Information

8 комментариев

20 05 2009
Dariush

Дуруд бар илхоми гиромй ва сипоси фаровон аз торнигоре, ки ба торнигористони точик такдим кардаед. Бисёр чолибу хонданист. Бароятон бехтарин орзухоро дорам. Поянда бошед, Дориюш

21 05 2009
ilhom

Салом устоди азиз Дориюш! Хуш омадед. Беандоза шодем, ки Шумо аз торнигори мо дидан намудед. Мо мухлиси «Як дарвеш»-и Шумоем. Хаста набошед!

6 11 2009
kulobi

Rahmat barodar baroi in sherhoi behtarinat az Alloh khohish mekunam ki dar har yak misrai sheriat bar tu hasanoti bekanor ato farmoyad
bo ehtirom yak musofirbachai KULOBI

7 11 2009
ilhom

Рахмати Худо бар Шумо, бародари кулобй, ки вакти хешро дарег надошта, нома навиштед. Худо кушоиши коратона дихад, ки зудтар аз ранчи мусофири рахо ефта, ба Ватан баргардед. Саломат бошед.

9 11 2010
Шер..

Илхом.ИЛОХИ чи орзухои дар дил дори чомаи амал пушанд.. Худованд бароят сихати, саломати ато кунад. Бигузор хеч вахт ту дардро набини. Ё АЛЛОХ ин бандаи мумини мусулмони худро дар зери назорати худ гир. Саломат вайро бо ватан баргардон..

26 12 2010
ilhom

Бародари азиз, аввалан сипосгузорам ки ба кошонаи мо кадам ранча намуда вакти хешро дарег надошта фикри худро навиштед. Баъдан ба Шумо низ аз даргохи Илохи бурдборию сихату саломати таманно дорам. Зинда бошед.

21 11 2010
Акмали Айниги

Аввалан ман ба тамоми бародарони мусофир аз чониби ХУДОВАНД тансихати,хушхоли,имони комил ва барори корро тамано дорам Бародарони азиз осуда бошед,иншоаллох мо ба орзухоямон мерасем,факат бояд бо нияти нек кор кунем чуноне ки Расули ХУДО (с) мефармояд: савоби амалхо вобаста бо ният аст,хар касро бо нияташ чазо дода мешавад. Ин буд насихати як бародари толибилми шумо,ХУДО ХОФИЗ,дар хаки мо дуои нек гуед.

26 12 2010
ilhom

Ба Шумо хам барори кор ва муваффакият дар тахсил!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: