«Подстава» ва такдири талх

16 05 2009

88Бухрони иктисодй руз то руз таъсири манфиашро ба садхо нафар аз мардикорон расонида истодааст.

Мохи майи соли 2008, бачахои точик байни хам телефон карда, ба хамдигар кор пешниход менамуданд ва дар интихоби кор хайрон мондан мумкин буд, то фоидаовартар ва киматтарашро интихоб намой.

Аммо имсол, баракс, бачахо ба арзонтарин кор хам зоранд. Аз аввали сол инчониб хамшахрихою шиносхо ва хатто устохои бехтарин, ки дар Русия карор доранд, байни хам занг мезананд ва аз бекорию бепулй шикоят намуда, хостори кумак мешаванд. Вале анкариб хамагон дар чунин вазъиятанд — бекор ва ё машгули корхои кампул ва як кисми мардикорон аз зимистони гузашта музди худро нагирифтаанд. Ба ин иллат накшаи ба Ватан баргаштани бисёрихо ба таъхир афтодааст.

Баротбек тирамохи соли гузашта аз махбас озод шуд. У ният дошт чойпулие кор карда ба Ватан баргардад. Аммо бекорй ба у чунин имконро намедихад. Баротбек 4-сол инчониб аз Ватан дур аст. Хар боре, ки телефонй бо писарчааш сухбат мекунад, чашмонашро халкаи ашк мегирад. Чунки вакте ки аз хона баромада буд, писарчааш Мехрангез 3 сола буд. Холо у 7 сола аст.

Чи вазнин аст дидани ашку гиряи мард. Вактхои охир у тамом ба майнуши дода шуда буд ва хар бор, ки ширакайф мешуд, дарди дил мекушуд ва зор-зор мегирист. Чунки у боре пул гундошт хост баргардад, вале тасодуфан то  баногушаш ба бало то гутид.

Охирхои мохи декабри соли 2006. Баротбек карор дошт то соли нав дар Точикистон шавад ва идро дар ихотаи хешовандонаш гузаронад. Вай имруз масто-маст фарёд мезанад- лаънат ба ман ки аз Сангин хохиши чархзании магозахо бо мошинаш намудам!… Оре, он субхи сиёх, Баротбек аз дусташ Сангин хохиш намуд уро бо мошинаш ба магозаю бозорхо чарх занонад, то ба зану фарзанду модару хохаронаш тухфахо харидорй намояд.

Сангин, кариб 6 сол инчониб дар Русия икомат дошта, дар руйхати сиёхи органи милиса хамчун наъшачаллоб сабт шудааст.

Онхо дар рох суи яке аз бозорхои калони шахр равон буданд ва тахи як ду дакика, ду мошин онхоро ист намуда онхоро аз мошин берун ва ба кофтукови мошин огоз намуданд. Сангинро дафъаи саввум аст ин тавр мекобанд ба умеде, ки маводи мухаддир пайдо намуда уро ба хабс гиранд. Сангин медонист, ки дар зери назорат аст ва барои хамин тоза ва боэхтиёт кор мекард ва харгиз наъшаворихоро бо худ ва дар наздики худ нигох намедошт.

Ин дафъа низ бовар дошт ки чизе намеёбанд ва онхоро сар медиханд. Аммо гайричашмдошт аз галладон пакетчаи героинро меёбанд. Аниктараш бо руси гуем «подстава» мекунанд. Яъне худи милисахо ин маводро дар мошини у гузошта, сипас гуё ногахонй онро пайдо мекунанд.

Хамин тавр хардуро ба хабс гирифтанд, Сангин 8 сол ва Баротбеки бегунох барои 2 сол аз озодй махрум шуданд. Тамоми талошхои Баротбек барои исбот кадани бегунохияш натича надоданд. Аммо холаш ин шуда буд, ки аз мухлати кам хатто хурсанд буд ва фикр мекард, ба зудй озод мешавад ва азбаски як одами мехнаткаш ва кордон аст, зуд каме пул кор мекунад ва ба ватан бармегардад. Аммо вакте дар соли 2006 уро ба хабс гирифтанд, хануз бухрон сар нашуда буд.

Реклама

Действия

Information

2 комментария

16 05 2009
Samandar

Бародари азиз. Навиштахои шумо хеле хуб ва самимонаанд. Мавзуи таъсири бухрон ба мардикорон низ бисеру бисер мухим аст. Ин мавзуъро васеътар шарх медодед, хеле хуб мешуд. Масалан дар чое ки шумо хастед, чи кадар мухочирон бекоранд ва дар гузашта чанд пул мегирифтанду холо чанд. Ва агар ба ватан баргашта наметавонанд, оё бо чинояткорй машгул нестанд?

16 05 2009
ilhom

Дуруду сипос Самандари азиз. Фарки соли гузашта аз ин сол хеле назаррас аст. Рузхои наздик матолиб чамъ намуда, албатта иттилоъ хохем дод. Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: