Як кадам — аз мардикор то чинояткор

17 05 2009

Маскав. Дар ширкати бинокорие дар нохияи Люберсии вилояти Маскав, ки зиёда аз 40 мардикори точик кор карда, мохе 15000-18000 рубли русй, баробар ба 500-600 доллари ИМА мегирифтанд, холо, пас аз ихтисорот, 12 нафар кор мекунанду халос. Мохонаашон хамон пулу, лек муддати пулдихи афзудааст. Аз такдири кариб 30 нафари аз кор рафта, маълумоте дар даст нест, ки онхо кучоянд ва ба чи кор машгуланд.

Корманди шабакаи НТВ-и Русия, Андрей Лошак хабар дод, ки на танхо кордихандагони хусусй, балки фармоишгарони давлатии Русия низ аз додани музди мардикорон саркашй мекунанд. 130 бинокори точик, ки бо фармоиши ширкати давлатии «Спетссрой» ва пули МЧС-у Вазорати мудофиаи Русия дар Маскав кор мекарданд, аз соли гузашта то холо маош нагирифтаанд ва Хадамоти мухочирати Русия онхоро боздошт карда, бо мухри махсус ба шиносномахояшон аз Русия ихроч намуд.

Сургут. Баробари огоз шудани бухрон, вазъ дар инчо якбора вазнин шудааст. То бухрон низ сафи бекорон зиёд буд. Беш аз 2000 точик дар Сургут ба сар мебаоранд. То бухрон 10-15 дарсади мардикорон бекор буданд ва холо 35-40 дарсади точикон бекор мондаанд. Аксари онхо пуле барои бозгашт ба Точикистонро надоранд.

Красноярск. Дар мукоиса бо дигар шахрхо инчо нархи кор бе ин хам паст буд ва боз пасттар рафтааст. Мохонаи миёнаи мардикорони точик 7000-10000 рубли урусй, баробар ба 200 — 300 доллари ИМА аст. Зиёда аз 4000 хамватанон инчо карор доранд ва гуфтан мумкин, ки 1600-1700 нафари онхо кор ва даромади доимй надоранд. Онхо акнун ба хама гун кор ва музд ризоият медиханд.

Георгий Бовт, яке аз мансабдорон ва хамзамон миллатгароёни рус, борхост, таъкид мекунад, ки ширкатхои кишоварзй набояд точикон, балки русхоро ба кор бигиранд. Вай, маълум нест, аз руи кадом хисобу китоб гуфт, 2 марди рус ба чои 4 точик кор карда метавонанд. Амалан, баракс ва хатто ин гуна аст, ки як точик метавонад, ба чои 5 рус кор кунад.

Иркутск. Наздик ба 3000 мардикори точик инчо зист доранд. Бекорй дар байни онхо тахминан ба 25-30 дарсад мерасад, яъне кариб 1000 нафар бекоранд. Нархи кор пас аз соли нав 30 дарсад поён фаромад. Сафи бекорон асосан аз хисоби навомадагон меафзояд. Соли гузашта шахси бекор ёфтан кариб номумкин буд. Дар мохи майи соли 2008, дар хотир дорам, ки хамрохонам ба хисоби миёна 700-800 доллари амрико
ба Ватан ирсол менамуданд, холо бошад 300-400.

Бекор будани мардикорон — яъне бе даромади доимй будани онхоро метавон фахмид. Аммо барои шикаму кути лоямут хар гуна корчахои майда ёфтан мумкин. Мутаассифона, ба чинояту дуздй даст задани баъзе мардикорон низ дида мешавад. Чиноят аз тарафи мардикорон то бухрони иктисоди низ вучуд дошт, аммо то рафт бештар мешавад ва вазъи баду бепулй хар мардикорро метавонад ба чинояткор мубаддал созад.

Муовини вазири умури дохилии Русия Михаил Суходолский гуфт, ширкати мухочирон дар чинояткорй дар Русия назар ба хамин давраи соли гузашта 15% бештар шудааст. Вай икрор кард, ки макомоти Русия низ дар чунин шакл гирифтани вазъият гунахкоранд, зеро кишваршон харгиз ба кабули ин теъдод мухочир омода набуд ва нисбати мухочирон зуроварию хушунат низ аз хамаи меъёрхо гузашта, амали чавобй ба бор овардааст.


Действия

Information

Оставьте комментарий