«Плач не делай, азизакам…»

21 05 2009

Мавсими сафари мардикорон асосан бахор аст. Баробари омадани бахор мо як гурух иборат аз 6 нафар рохи Русияро пеш гирифтем. Бобои Муллотохир аз азми сафар доштанамон бохабар шуда, сахарй наздамон омад ва илтимос кард, то наберааш Султонро хам бо худ барем. Ва агар набарем уро дошта, аскарй мефиристанд. Мо байни хам маслихат карда, ба шарики нав розиги додем ва рузи сафарро таъин намудем.

Инак он руз фаро расиду мо дар катораи Хучанд-Саратов. Шарики нави мо чавони орому хоксор ва дидадаро. Ягона камбудияш ин ки забони русиро намедонист. Аммо мегуфт, парво накунед, зуд ёд мегирам.

Рузи саввуми сафар катора дар дохили Русия мерафт ва милисахои рус даромаданд. Шиносномахои хамаамонро чамъ карда, ба хучраи рохбалади катора рафтанд ва якто-якто ному насаб хонда наздашон даъват менамуданд. Ин амал ба як хукми анъана даромада буд. Хама медонистем, ки максад чист. Нихоят навбати мо расид.

Ва бо додани 200 суми уруси шиносномаамро гирифтам. Султонро даъват карданд. Аз у пурсидам, ки оё забони урусиро медонад, чавоби «ха» доду наздашон даромад. Дере нагузашта садои милиса баромад ки дод мезад:

— «Пашёл на х..й отсюда! Дайте ему паспорт, пуст исчезнет с моих глаз! Денег не надо, иди отсюда, толко побистрей! Изврашенетс какой то! — Султон дар даст шиносномааш хурсанд баромад. Наздамон омада, дар холе ки аз шоди чашмонаш медурахшиданд гуфт:

— Шумоён чандпулй додед? Горат карданд а? Медонед ман ягон тин надодам. Ако Косим, гуфта будам ку парво накунед, ман хамин хел аз ухдаи худам мебароям…

Султон худро тавре вонамуд мекард, ки  гуёаз аввалин имтихони сахти мухочират гузашта бошад.

Барои хамаи мо як микдор шармовар буд, ки ин кадар сол ба Русия рафтаву меоем ва доим чй дар рафтан ва чй дар омадан, бе чуну чаро аз пули карзгирифта ё ба машаккат коркардаи худ ба милисахо медихему чавонаки навсафар ва касе ки аввалин бор бо милисаи урус рубару шудааст, гуё аз мо донотар баромад. Аммо аз ин хам дида бештар хисси кунчковии мо дар чуш буд, ки чаро милисахо аз Султон пул нагирифтаанд.

Косим хамчун сарвари калонсол аз у пурсид, ки масъала чист ва он чо чи гап шуд. Султон ходисаро накл кард, ки чи тавр милисахоро зорию тавалло кард, то уро сар диханд. Вай аз берахмии милисахо зиёд шунида буд ва ба вохурй бо онхо хуб омодагй гирифта. Хангоми сухбат бо онхо вай зорихои дехотиро як ба як тарчимаи руси кардааст. «Фалони башконатона хурам, мана сар дихед» — «Я х.. ваших сынавей кушал, атпустите меня…»— «Дар пеши кадаматон курбон шавам» — «Я умер перед ваших ног…» ва монанди инхо.

Милисахо чй суоле диханд, фарк надошт, Султон хамин чумлахои азёдкардаашро тутивор такрор кардан гирифтааст. Дидаанд, ки намешавад, гуфтаанд, рав аз пайи корат.

Баъдтар хар боре, ки Султон бо русй гап мезад мо аз ханда шикамдард мешудем. Хеч намегуфт, ин хел русиро аз кучо ёд гирифтааст. Хуб механдидем, вале, хандахои дарднок. Вай ё чумлахоро кориазёд карда буд ва ё калимахоро ва фикри точикиро як ба як, тахтуллафзй ба русй тарчима мекард:

«Мумкин нест?»— «не можна што ли?»

«Гиря накун» — -«Плач не делай»

«Рохро миёнбур кардем» — «Дарогу средноабрез делали» ва гайра…

Ачоибаш он, ки ако Муллошои Кабкбоз худ бо русй базур гап мезананд, вале гаштаю баргашта ба мо мегуфтанд: — Шумоён ба забони русй нагз гап намезанед, чунки вакте шумо гап мезанед, ман намефахмам, вале хамин ки Султон гап занад, хамаашро мефахмам…

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: