Як лахза бо мо…

22 05 2009

Бегохй аз кор омадем ва пас аз шустушуй хама ба коре банд шудем. Ман, ки акнун «нашъаманд»-и интернет шудаам ва сардабири «Мардикорнома» мебошам дар ин лахзахо хамин сатрхоро хуруфчинй мекунам. Хама медонанд, ки бо кори хеле мухим банд хастам ва талош мекунанд, халал нарасонанд. Вакте ин корро сар карда будам, муносибат ин гуна набуд. Механдиданд, ки «ба дилат назад, кори бекора»? Мегуфтам, «бародарон ман такдиру рузгори худамонро ба оламиён хикоят мекунам ва онхо аз хонданаш хурсанд мешаванд, асли вазъиятро мефахманд ва ба мо хамдардй мекунанд. Аз руи ин хис мекунам, ки мо танхо ва бепуштупанох нестем…

Акнун, вакте мебинанд, ки сари кор нишастам ва дар тилфуни хамрохам чик-чик мекунам, мефахманд, ки ба навиштани блог машгулам, онхо паст гап мезананд ва ба нуги по рох мегарданд. Амаки Муллошо дар чунин холатхо ба бачахое, ки нафахмида, ба овози баланд гап мезананд, чашм ало мекунанд, мепесонанд ва пичиррос мезананд, ки «хап шин, Илхомчон бо оламиён гап зада истодааст…»

Лабханд мезанам ва ба корма давом медихам. Дар хамин холат Малик хуроки шом пухта истодааст. Бале, ин шавлаи модарам мепухтаги не. Камнамак ё шур ё сухта ё нимпухта — чи чизе бошад, бе гапу гуп ва бо сари хам мехурем. Чои шикоят нест. Макарон ба хуроки миллии мардикорон табдил ёфтааст.

Ба тарафи ростам менигарам. Косим вактхои охир сахт ба хабархои телевизион шавк пайдо кардааст. Барномахои зиддибухронии давлатхои гуногун, авзоъ дар биржаи Русия ва Ню Йорк, кохиши иктисодиёти Япония…

Хусусан болою поинравии курби доллар дар Русия уро сахт безобита мекунад. Султон дар як кунчи хона нишаста бо ким кадом урусдухтар чапаю роста гап зада истодааст. Дарвокеъ у вактхои охир номери тилфони духтархоро ба хона меорад ва ба хохишмандхо таксим мекунад. Назди дастгоххои пулгузарони рафта, дар даст тилфун мегардад. Хамин ки ягон духтар ба тилфунаш пул мегузорад, у дуздида-дуздида ракамхоро дар тилфунаш сабт менамояд. Ва холо мегуфт ки: — пачему я званила, а ты трубку непаднял?

Сабур бо ноутбукаш банд аст. У бо миллатгароёни урус чанги интернетй эълон кардааст. Асабонй шуда, дашном медихаду «зарба» мезанаду аз кайф дастхояшро монанди боли укоб ба ду тараф меёзонад ва пас аз лахзае «зарба» мегираду фашшуфишкунон харфхоро сахт-сахт мекубад. У вокеан худ миллатгарост. Оре, хамин тавр миллати хешро дуст дошта, фахр кардан даркор. Носир ва Мусо буи макаронбирёнро шамидаву дар интизори таом худро ба картабозй машгул медоранд. Носир низ аз дашномдихихои Сабур безобита шуда, як-як аз каноти дигари чабхаи вохид ба «чанги интернетй» хамрох мешавад. «Навис, ки падарат бо фашизм чангид, акнун ту ба гури падарат туф мекунй?» 

Аз ошпазхона садои акои Муллошо меомад, ки бо тилфун бо фарзандонашон гап мезаданд ва бори дуввум аст, ки ба писарашон Фарходи 6-сола мегуянд: «Фарходчонам, калон шав тезтар ва наздам биё, хамрох кор кунем, хишту лоя бардоштан тавонй шуд…»

Баъд аз соате, вакте ки таомро сарф кардем, хама ба хоб меравем, зеро пагох боз хамон лою гилу хишту об, ба хоб меравем ва Точикистонро дар хоб мебинем…

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: