Шустушу бо шири гарм

29 05 2009

Имруз кариб то соати 2-и нисфирузй аз сабаби набудани масолех, аниктараш хишт, бекор будем. Нихоят имруз нурхои хуршед ба кас гарми мебахшиданд.

10 мох шуд, ки ин гармиро эхсос накардаем. Гох борон, гох барф, гох жола, гох шамол. Ростй, хеле зор шудем ба гармихои тобистон, ба гармихои Ватан. Чисми мо дар хасрати гармихои Ватан гохо коршиканй мекард ва гохе инкилоб.

Дар сахни сохтмончой дую сенафарй харчо-харчо нишаста сухбат мекардем. Овози хандаи баланди Димаи кафшергар ва Султон як-як диккати хамагонро чалб мекард. Ба мо ачиб буд, ки Султон бо кадом забон бо у сухбат дошт, ё шояд Дима аллакай точикиро омухта бошад? Дима дар хакикат шавк дорад, ки забони моро омузад. Хар лахза мепурсад, ки инро точикон чй мегуянд, онро чй меноманд?

Ман бо Мусо хикояти дар Русия хонапушии акои Муллошоро гуш мекардем. Деворхои хона расо будаанд ва танхо ба акои Муллошо лозим будааст, ки болорхоро монанд. Бари хона сеюним метр ва бояд болорхоро чорметрй мебуриданд, то 25-сантиметрй руи девор мехобид, аммо акои Муллошо бари хонаро аз дарун чен карда, болорхоро сеюнимметрй мебурад ва вакте мехохад онхоро болои девор гузорад, болорхои кутохшуда ба даруни хона меафтанд. Дар айни ин гап Дима хандакунон бо Султон наздамон омаданд.

Дима сухани Муллошоро бурида пурсид, ки «оё Султон рост мегуяд? Шумо дасту руи худро бо шири гарм мешуед ва чи хосият дорад ин амал?» Мо хайрон ба Султон нигариста нафахмидем мазмуни гапро. Сипас зуд Султон гунохкорона гуфт, ки у хост ба Дима фахмонад, ки шароити хонаи зист аз вагон бехтар, чунки ончо бо оби ширгармак шустушуй мекунанд.

Фахмо гашт, ки Султон оби ширгармро — молокотёплая вода тарчима кардааст. Муддати дароз хуб хандидем. Дима баъд аз фахмидани асли хол боз шухиомез пурсид: — Ребята, неужели таджикский язык до такой степени конкретный? Вот песня в телефоне Султана пел «хама карсак!», я у Султана спросил что означают эти два слова. Он говорит «Все бейте одну руку на другой!». Неужели это так? Значит если перевести одну таджикскую брошюру на русском, то получится
трёхтомная книга?..

Ва инчо сухбати моро гур-гури мошин бурид. Дар он масолехи бинокори оварданд ва мо аз нав ба кор шуруъ кардем.





Як фоҷиа

29 05 2009

(Матолиби мазкур ҳодисаи воқеӣ буда, номҳо тағир дода шудаанд)

Фозил бо лакаби русии Федя бо зан ва ду фарзандаш хайрухуш карда, ба мардикорй ба яке аз шахрхои Русия меояд. Инчо дере нагузашта маъшукаи рус бо номи Алёна меёбад. Онхо тез-тез вомехурданд. Пас аз чанде Алёна ба Фозил икрор мешавад, ки у шавхар дорад. Шавхараш афсари харби буда, бештари вакт дар сафархои хизмати карор дошт ва дар ду мох як хафта дар хона буд.

Рузе Алёна ба Фозил занг зада бо овози вахшатзадаю ларзон хохиш намуд тез наздаш ояд. Фахриддин зуд омад ва кори кардаи Алёнаро дида дар хайрат монд. Алёна шавхарашро бо корд зада кушта буд. У аз тарс меларзид ва аз Фозил илтичо мекард, ки ба у кумак намояд. Фозил ба гаму андух гутавар худашро гум карда ва намедонист чи кор кунад. Сипас Алёна зориву тавалло карда, пешниход кард, ки часадро ба кисмхо чудо карда ба берун баранд ва гур кунанд.

Фозил ягона илочро дар хамин дида, нисфишабй дар сахни бинои зист, як кунчи торике, ки регмайда буда, рузона ончо бачахо бози мекарданд чукурие кофт. Сипас даромада часадро пора-пора кард ва ба халтахо андохта бо ёрии Алёна ба чукури гур карданд.

Пас аз чанд мох Алёна ба комиссариати харби ва шуъбаи милиса рафта бо нияти худмухофизи шикоят мекунад, ки шавхараш аз сафари хидмати бояд бармегашт, аммо аз у дараку хабаре нест. Ва шояд то хол шуъбахои дахлдор уро мекобанд.
Фозил бошад бо таклифи Алёна дар хонаи у мезист ва доим он сахнаи хунину ба кисмчудокунихо пеши назараш буд.

Аз байн кариб як сол гузашт. Фозил тасмим гирифт назди зану фарзандонаш баргардад. Аммо дарего, ки у то баногушаш ба бало гутида буд. Алёна ба у хушдор дод, ки Ватану зану фарзандонашро аз ёдаш барорад, вагарна у ба милиса баёнот хохад дод, ки шавхарашро Фозил кушта, дар сахни бино гур кардааст.

Фозили рохгумкарда намедонист сарашро ба кучо занад. Илтичою зориву тавалло бефоида буд. Ин зани маккор ва котилу берахм Фозилро безанчир баста буд. Алокаи Фозил аз Ватан тамоман канда шуд ва у худро ба мастию майпарасти зад.

Аз байн кариб як сол гузашт ва Алёна Фозилро аз хона ронд. Чунки Фозили бо ришхои расида афту башараи пурвараму майзада ба у дигар даркор набуд. Фозил ба як бомж мубаддал шуд ва рузи дароз куттихои ахлотпартоиро мекофт, то зарфхои шишагии холиро чамъ карда супорад ва дар ивазаш май бихарад.

Овозаи бомж шудани Фозил ба деха расид ва падараш мачбур гову гусолахои хонаро фурухта ба чустучуи писар рафт. Пирамард хеле чустучу кард ва нихоят бомжхоеро ёфт, ки Фозилро мешинохтанд ва дараки уро медонистанд. Онхо ба пирамард хамдарди изхор намуда уро аз шахр берун бурданд ва дар чангалзоре як тудаи хокро нишон доданд, ки руяш чубе зада ва дар тахтачае «ФЕДЯ» навишта шуда буд…