Защищено: «Мы любим вас, таджики!!! ;)))»

21 07 2009

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Реклама




Мардикорй то ба кай?

17 07 2009

Таърих гувох аст, ки хеч як кадом кишвари олам аз хисоби мухочирати мехнатй рушду нумуъ накардааст. Баръакс мардум дар бобати масъулияти хукумат оиди бо кор таъмин намудани шахрвандонаш фаромуш карда, ягона рохи корро дар мардикорй ба дигар кишвархо мебинанд.

Мухочирати мардикорони мексикой аз солхои 1860-1865 огоз шудааст ва то ба хол идома дорад. Тассавур намоед, ки кариб 150 сол инчониб мексикоихо мардикорй ба Амрико мераванд ва хамоно Мексика хамчун як кишвари кашок бокй мондааст. Зиёда аз 40 дарсади заминхои Мексика ба 11 дарсади ахолй таалук дорад. Бекорй дар Мексика 40 дарсадро ташкил медихад. Мохона дар Мексика ба хисоби миёна баробар ба 16 дарсади мохонаи миёнаи амрикоихост. Хамасола аз хисоби мардикорон аз 7 то 11 млрд доллари амрикой ворид мегардад. Вале Мексика, хамоно кашок бокй мондааст. Ин далелу хисоботхоро аз сахифахои интернетй мутолиа намуда, ба фикр фуру меравам…

Худоё, наход мо точикон низ карнхо мухочирй пешаамон бошад?





Боз «КИДАТ»…

16 07 2009

Аз як мухочири мардикор, акаи Давлат, ки ба доми фиреби як миёнрави точик меафтад, хохиш намудам он хикояте, ки ба ман намуд бинависад, то онро дар торнигор чой дихам. Ва калам ба даст бигрифту дарду алами дилашро ингуна баён намуд:

Одамият одамиро дар сафар бишнохтааст.
Аз кучо донам, ки авлодат номард будааст.
Боварат кардам, ки точик астию хамшахри ман,
Лек надонистам, ки нокас будию хам зоти паст.

Лафз додй, кавл додй мисли мардони баор,
Лек рабуди хакки моро, хакки хамшахрии худ.
Номи мардиро гузошта яктараф, эй пулпараст,
Бурди номардона хакки мехнати хамшахри худ.

Ризки фарзандам надодй, эй харомхури касиф,
Ризкам аз Оллох бихохам бахри фарзандони худ.
Пас аз ин биспорам ин ахволи ту назди Худо,
Довариро назди У бигзораму оям ба худ.

Гар ту, хамшахрам, чунин карди бар холи мане,
Пас урусу кофирон харчй намоянд айб нест.
Аз тую, аз ту баринхо ин хама омухтаанд,
Ки фиреб бар мардикори Точикистон чабр нест.





Защищено: ГАСТАРБАЙТЕР (Эдуард Багиров)

16 07 2009

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:





… К-имруз чй хидмате ба мардум кардй

12 07 2009

Агар хар мардикори точик, хар бегох ба худ савол дихад, ки чи кори бигзор майдатарине барои баланд бардоштани обруи миллат кардааст, онгох на «наша раша» ва на ягон душманони миллат обруи моро ба пасти задан натавонанд. Бояд аз хар имконияти дастдода истифода бурда, ки будани точиконро нишон дод…
Русия, округи автономии Ханта-мансй, шахракй Урай. Ману як дустам Равшан ба чои нав кор рафтем. Мо дар як хафтанома эълони ичрои корхои сохтмонй дода будем ва кор аз хамон сабаб пайдо шуд. Бо сохибхона вохурдем ва у як марди рус бо номи Михоил бо «Хайёмпарастиаш» моро дар хайрат гузошта буд. Михоил, ки баъдтар уро дядя Миша ном мебурдем, аз мо ба таври чиддй (!) хохиш намуд, ки аз Точикистон барояш фарханг ё лугати точикй-русй, китоби дарсй барои омухтани забони точикй ва боз ягон китоби рубоиётхои Умари Хаём бо забони форсй-точикй оранд ва у хозир аст хатто маблаги пешпардохтй дихад. Миша мегуфт, ки орзу дорад рубоиётхои Хаёмро
бо забони форсй-точикй мутолиа ва тахлил намояд. У руирост ба мо хасад (!) мебурд, ки рубоиётхои Хаёмро бо забони шоир мехонем.

Русия, вилояти Тюмен, нохияи Тоболск, дехаи Абалак.
Ман ва боз ду дустам, бачахои помирй, хар бегохи шанбею якшанбе майдони ракс (дискотека) мерафтем. Аввалхо бачахои махалй моро чангчуёна истикбол мекарданд. Он солхо таронахои Ораш яку якбора номвар гашта буданд ва дар хар базму сурур ва кучаю паскуча садои он шунида мешуд. Боре тасодуфан ва гайдичашмдошт аз пасомади кор, дар раксгох ба духтаре маънии таронаи Ораш — «Тике тике кардй дили маро»- ро бо русй тарчима намудам ва илова кардам, ки Ораш точик аст. Пас аз ин нигохи духтарону писарони тахчой тамоман тагир ёфт ва сохиби як хурмату эхтироми хоса дар деха шудем. То вакти тарк намудани деха дар тарс будам, ки дуругам (яъне на точик, балкй эронй будани Ораш) ифшо нагардад. 🙂
Соли 2003. Русия, шахри Красноярск, яке аз дехахои канори шахр. Моро (чор нафар) аз тарафи фирмаи сохтмонй ба бустонсарои як навурус (новый русский) , ки уро Алексеевич ном мебурданд, ба кор фиристоданд. Баробари бо саркори рус аз дари бустонсарой даромаданамон, Алексеевич, саркорро аз мо дуртар бурда пурсид: «Они точно таджики?… Ну смотри…» . Саркор ба мо корро фахмонда, худ рафт. Бегохии худи хамон руз Алексеевич наздамон даромада,
бо нигохи шикофанда ва омузанда рост ба чашмонамон нигариста, аз хар якамон пурсон шуд, ки оё аник точик хастем… Мо фахмидем, ки дар бунёд намудани бустонсарояш намояндахои миллатхои гуногун кор кардаанд. Баъд аз сухбатхои тулонй фахмонд, ки дар бустонсарой ба гайр аз русу точик ба касе рох нест (!), вале сабаби ба у маъкул будани точиконро шарх надод.





Защищено: «ЛЮБОВНИК И ЛЮБОВНИТСА»

11 07 2009

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:





Ба хар коре чу химмат баста гардад…

3 07 2009

Дар сахни вокзали рохи охан, ки мунтазири катора менишастам чашмам ба паррандахо — ду се кабутару, ду се гунчишкакон бархурд, ки бо ёфтани донахои офтобпараст ва ё нонрезахо сарчамъ талоши чидан менамоянд. Ва чун хамаи онро мечинанд, пароканда мешаванд. Амалу кору рафторхои ба хам монанд..
Мардикорон низ вакте коре пайдо менамоянд харчо-харчо сарчамъ меоянд ва чун кор ба поён мерасад пароканда мешаванд, яке дар чустучуи кор, дигаре суи Ватан. Баробари бунёд шудани бино ва ба поён расидани кор гурухи мо пароканда шуд. Сабаби «хомуш» будани торнигор низ аз инчост. Хама ба хар су пароканда шудем ва он мухити то хадди имкон орому осуда ба мо падруд гуфт. Носиру Фирдавс ба дигар шахр, ману Мусо ба дигар. Ва дигарон, акои Муллошою Султонро ба Ватан гусел кардем. Бо дархости акои Муллошо дар чустучуи рохи арзонтарини баргашт ба Точикистон шудем. Ва нихоят аз Иркутск ба Новосибирск рафта, бо мусофирбари киргизон Новосибирск-Бишкек, ки рохкиро 3500 рубли руси меистад нишастанд. Мусофирбарони точику киргизу узбак пахлуи хам меистанд, вале нарххо аз хам дур. Дар Красноярск хам чунин ахвол. Суи Бишкек — 4000, суи Тошканд — 3500, Суи Точикистон — 7000. Кас хайрон мешавад, ки назар ба Киргизистону Узбакистон, Точикистон хеле дур будааст-дия. Билетхои тайёра низ бо чунин ахвол Душанбею Хучандро хеле дур нишон медиханд. Дар тамоми шахрхои самти шимол ва сибири Русия вазъ чунин аст. Барои бехбуд бахшидан ба рафту омади мардикорон хуб мешуд каторае ба самти Сибир ё Урал ташкил мешуд. Аз журналистон хохиш менамоем, ки масъалаи мазкурро ба гуши хукуматдорон расонанд, то онхо коре карда, «масофаро» ба Ватан наздиктар намоянд.