«ЛЮБОВНИК И ЛЮБОВНИТСА»

11 07 2009

Шахри Маскав, нохияи Жуковский, саройхои (дача) канори шахр. Шокир, Махмуд ва Хусниддин ном се мардикорони чавони точик бори аввал аст, ки ба Русия кор омаданд.

Хар сеяшон дар сохтмон ва нозукихои он тамоман тассавуроте надоштанд. Хатто лой таёр карда наметавонистанд. Муддати тулонй бекор буданд. Кор пайдо мешуд, вале аз сабабе, ки аз ухдаи ичрои он кор намебаромаданд онро рад мекарданд.

Онхо дар интизори корхои оддй, ки мутахассис буданро талаб намекунад, ба монанди бореро кашондан, бор кардан, хок кандан ва гайра буданд. Аммо аз сабаби бе пул монданашон байнихам кавл доданд, ки аз худ устохои олидарача тарошида дилхох корро бар душ мегиранд.

Рузе дар куча як марди урус бо номи Eвгений Иванович, тахминан 40 сола, ки бо мошин мегузашт бозистода, пурсон шуд, ки оё дари хона насб карда метавонанд. Онхо харчанд дар умрашон дар насб накардаанд ва хатто надидаанд бо як овоз вохима карда, ба Евгений боварй бахшиданд, ки устохои олидарачаи чубкоранд ва дару тирезаро бо чашмони пушида мезананд. Евгений нишонаи саройро ба онхо дода, таъин намуд, ки пагохй субх хозир шаванд.

Рузи дигар мардикорон ба назди Евгений омаданд. Сохибхона ба онхо асбобхои корй таъмин намуда дархоро нишон дод ва фахмонд, ки кадомаш ба кучо…

Сохибхона корро фахмонда сипас ба мошинаш нишасту азми рафтан намуд. Шокир дархол пай бурд, ки дархо кисман алохидаанд ва бе ошикмаъшуканд (бо руси петля). Зуд Хусниро фиристод, ки давон сохибхонаро дарёб намуда аз у кучо будани ошикмаъшукхои дарро пурсад. Хуснй саросемавор давида ба Евгений ишора намуд, ки бозистад. Евгений истод ва интизори Хуснй буд. Аммо Хуснй каме давида зуд дар чояш истод ва давон суи Шокир баргашта аз у пурсон шуд, ки ошикмаъшукро бо русй чи гуяд.

Хар сеяшон ба хам нигох карда хайрон буданд, ки тарчимааш чи бошад. Фурсати фикр ё чустучу аз лугатномаи точикй-русии хотира набуд, чунки Евгений интизор буд. Сипас Махмуд гуфт, ки ошикмаъшуки дарро шояд метавон «любовник и любовнитса от дверей» ном бурд.

Хуснй ба ин тарчима хандааш омад ва харчанд ба он шубха мебурд хам, лек ноилоч давон назди Евгений омад ва бо табассум аз у «любовник и любовнитса»- ро пурсон шуд.

Евгений албатта аз суханхои Хуснй чизе намефахмид. Харчанд бо ишорахо низ кушиш намуд, аммо он ишорахои Хусниро шояд Евгений дигар хел фахмид ва дари мошинашро кушода аз он фаромад.

Евгений сарашро хам намуда гушашро ба тарафи Хуснй наздиктар бурд ва хохиш намуд гапашро такрор намояд. Дар ин хол чашми Хусни ба ошикмаъшукхои дари мошин афтод ва дархол хам шуда ба онхо ишора намуд, ки ана хаминхел оханчахо барои дархо лозиманд.

Хушбахтона Евгений максади Хусниро фахмид ва ба у гуфт, ки номи ин оханчахо бо руси «петля» аст ва чои онхоро нишон дод.

Реклама

Действия

Information

One response

9 10 2009
Азиз

Моро кушти, Илхомчон! )))) —————————————- АЗ САРДАБИР: Узр Азизчон, гунахкор.. )

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: