… К-имруз чй хидмате ба мардум кардй

12 07 2009

Агар хар мардикори точик, хар бегох ба худ савол дихад, ки чи кори бигзор майдатарине барои баланд бардоштани обруи миллат кардааст, онгох на «наша раша» ва на ягон душманони миллат обруи моро ба пасти задан натавонанд. Бояд аз хар имконияти дастдода истифода бурда, ки будани точиконро нишон дод…
Русия, округи автономии Ханта-мансй, шахракй Урай. Ману як дустам Равшан ба чои нав кор рафтем. Мо дар як хафтанома эълони ичрои корхои сохтмонй дода будем ва кор аз хамон сабаб пайдо шуд. Бо сохибхона вохурдем ва у як марди рус бо номи Михоил бо «Хайёмпарастиаш» моро дар хайрат гузошта буд. Михоил, ки баъдтар уро дядя Миша ном мебурдем, аз мо ба таври чиддй (!) хохиш намуд, ки аз Точикистон барояш фарханг ё лугати точикй-русй, китоби дарсй барои омухтани забони точикй ва боз ягон китоби рубоиётхои Умари Хаём бо забони форсй-точикй оранд ва у хозир аст хатто маблаги пешпардохтй дихад. Миша мегуфт, ки орзу дорад рубоиётхои Хаёмро
бо забони форсй-точикй мутолиа ва тахлил намояд. У руирост ба мо хасад (!) мебурд, ки рубоиётхои Хаёмро бо забони шоир мехонем.

Русия, вилояти Тюмен, нохияи Тоболск, дехаи Абалак.
Ман ва боз ду дустам, бачахои помирй, хар бегохи шанбею якшанбе майдони ракс (дискотека) мерафтем. Аввалхо бачахои махалй моро чангчуёна истикбол мекарданд. Он солхо таронахои Ораш яку якбора номвар гашта буданд ва дар хар базму сурур ва кучаю паскуча садои он шунида мешуд. Боре тасодуфан ва гайдичашмдошт аз пасомади кор, дар раксгох ба духтаре маънии таронаи Ораш — «Тике тике кардй дили маро»- ро бо русй тарчима намудам ва илова кардам, ки Ораш точик аст. Пас аз ин нигохи духтарону писарони тахчой тамоман тагир ёфт ва сохиби як хурмату эхтироми хоса дар деха шудем. То вакти тарк намудани деха дар тарс будам, ки дуругам (яъне на точик, балкй эронй будани Ораш) ифшо нагардад. 🙂
Соли 2003. Русия, шахри Красноярск, яке аз дехахои канори шахр. Моро (чор нафар) аз тарафи фирмаи сохтмонй ба бустонсарои як навурус (новый русский) , ки уро Алексеевич ном мебурданд, ба кор фиристоданд. Баробари бо саркори рус аз дари бустонсарой даромаданамон, Алексеевич, саркорро аз мо дуртар бурда пурсид: «Они точно таджики?… Ну смотри…» . Саркор ба мо корро фахмонда, худ рафт. Бегохии худи хамон руз Алексеевич наздамон даромада,
бо нигохи шикофанда ва омузанда рост ба чашмонамон нигариста, аз хар якамон пурсон шуд, ки оё аник точик хастем… Мо фахмидем, ки дар бунёд намудани бустонсарояш намояндахои миллатхои гуногун кор кардаанд. Баъд аз сухбатхои тулонй фахмонд, ки дар бустонсарой ба гайр аз русу точик ба касе рох нест (!), вале сабаби ба у маъкул будани точиконро шарх надод.

Реклама

Действия

Information

One response

20 07 2009
Мохру

Ассалому алейкум! Сахифаи хубу хонданбоб сахифаи мазкур. Маколахои навро бесаброна интизор мешавам. Чунки худ мусофирам, мехохам аз хаёти хамватанонам дар Руссия бохабар бошам.
Соли гузашта вакте дар беморхона будам, як духтараки тотор дар хусуси хаёти точикон аз руи шунидахояш наклхои вохиманок намуд. Гуё дар ончо чанг мерафтаасту мардхояшон дузанаанду ва гайра. Баъд ман дар бораи Точикистон, тараккиёти он, хаёти одамон, чойхои таърихи, обу хаво ва мевахои асалини ончо тавре накл намудам, ки як зани руси хампалатаамон майли ба Точикистон рафтан намуд. Он духтарак аз гуфтааш пушаймон шуд.
Бояд хар яки аз точик буданамон фахр намоем ва бахри баланд бардоштани миллати хеш талош варзем!

——————————————
АЗ САРДАБИР: Салом хохари азиз, Мохру. Ташаккур аз ташрифи шумо. Худо кунаду сафи шумо барин Ватандустон афзояд. Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: