ГАСТАРБАЙТЕР (Эдуард Багиров)

16 07 2009

… Вадим яке аз каторихои оддии ОМОН буд ва дар вактхои холии баъд аз кор бо ким кадом бригадаи скинхедхо, канорхои нохияи Ленинскии назди Маскавро «тоза» мекард.
Агар риштаи хешй, ки Ираву Надя — апаю хохар, яъне Ира махбубаи ман ва Надя завчаи у, намебуд, шояд Вадим аз ман хуччат хам напурсида ба латукуби ман медаромад.
Ба ин нигох накарда, ки Вадим бо завчааш мехмони ман буд, аз у ходисаи дар мехмонхонаи «Севастопол» рух додаро пурсон шудам. Вадим посух дод:
— Худат як фикр кун. Мана масалан ту хамачихата ба чуркахо монанд нестй ва ман бо ту муомилаи хуб дорам. Ва бо ин сиёххо боз чй гуна муомила бояд кард, дар холе ки уно конунро риоят намекунанд? Кайднома (регистратсия) надоранд. Исто ки ту чаро аз онхо дифоъ менамой? Ту ку дигар астй..
— Мон ин харзагуиро, Вадим. — буридам сухани уро.
— Чи хел ман дигарам? Ман хам мисли унхо. Ман на танхо кайднома, хатто шиноснома надорам. Шармат намеояд, ки дар рузи равшан даст ба горати одамон мезанй? Ту мент хасти ва бояд химояту дифоъ намои. — аз ин суханхо Вадим асабй шуда посух дод:
— Бале, ман мент, вале дар навбати аввал менти маскавй. Аз ин лихоз ман маскавихоро химоят менамоям, на ким кадом чуркахоро! «Севастопол» — ин холо хубии мо буд. Медони, мо баъзан бозорхоро низ «зиёрат» менамоем. Мана ончо бетартибиро бин. Тамоми Кафкоз ба Маскав кучидааст ва мисле, ки дар хонаи худашон бошанд. Ман ин сиёххоро мекуфтам ва дар оянда низ хохам куфт. Барои ман дар Маскав хама кор ичоза аст. Мохонаи ман на онкадар зиёд бошад хам, вале танкиси надорам. Дилхох сиёхро дар куча боздорам — мана пул. Ман тобу токати дидани онхоро надорам. Рузе мерасаду хамаи онхоро аз Маскав хохем ронд! — аз ин гапхои у хандаам меомад ва оромона ба у гуфтам:
— Меронй? Ту медони, ки дар Маскав чанд хазор озарихову чанд хазор точику узбак хаст? Агар онхо ба по хезанд, медони холи Маскав чй мешавад? Шумоён кай мефахмед, ки бо шиканчаю азият ва бадбинию нафрати руирост, баръакс аксуламалхоро аз чониби онхо метавонед ба бор оваред. Дар Ню-йорк хамагй чихил хазор пулис ва дар Маскав бошад саду панчох хазор мент! Шумо бо ин рафтору кирдорхоятон вазъро бад менамоеду бех не ва сазовори эхтироми бегонагон нахохед шуд…

Реклама

Действия

Information

4 комментария

7 12 2009
DeamonShan

Гарчанд точик бошам хам, аз рафтори точикони худ хеле шарм мекунам. Вадим суханхои дуруст мегуд, лекин шакли пешгирии ин гуна бетартибихо, аз тарафи «мехмонон», хатост аз тарафи милисаи Москав.

10 12 2009
ilhom

На дустам. Аз точик будан фахр бояд кард. Ва миллатро бо хама качию ростй, пастию баландиаш дуст бояд дошт. Фикри камина хамин. Саломат бошед.

12 12 2009
Бахтиёр

Вох, чунон навиштед, ки хандон аммо гирён…
Кай расад рузе, ки мардикорон ба Точикистон оянд, на Точикистон ба мардикори равад.

13 12 2009
ilhom

Не бародар, Бахтиёр, онро Багиров навиштааст. Ман танхо порчаеро аз ин китоб тарчима намудам. Ин китобро ёфта хонед, хеле хонданибоб ва бо як усули хоса навишта шудааст. Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: