Мардикорй то ба кай?

17 07 2009

Таърих гувох аст, ки хеч як кадом кишвари олам аз хисоби мухочирати мехнатй рушду нумуъ накардааст. Баръакс мардум дар бобати масъулияти хукумат оиди бо кор таъмин намудани шахрвандонаш фаромуш карда, ягона рохи корро дар мардикорй ба дигар кишвархо мебинанд.

Мухочирати мардикорони мексикой аз солхои 1860-1865 огоз шудааст ва то ба хол идома дорад. Тассавур намоед, ки кариб 150 сол инчониб мексикоихо мардикорй ба Амрико мераванд ва хамоно Мексика хамчун як кишвари кашок бокй мондааст. Зиёда аз 40 дарсади заминхои Мексика ба 11 дарсади ахолй таалук дорад. Бекорй дар Мексика 40 дарсадро ташкил медихад. Мохона дар Мексика ба хисоби миёна баробар ба 16 дарсади мохонаи миёнаи амрикоихост. Хамасола аз хисоби мардикорон аз 7 то 11 млрд доллари амрикой ворид мегардад. Вале Мексика, хамоно кашок бокй мондааст. Ин далелу хисоботхоро аз сахифахои интернетй мутолиа намуда, ба фикр фуру меравам…

Худоё, наход мо точикон низ карнхо мухочирй пешаамон бошад?

Реклама

Действия

Information

One response

18 07 2009
bkosimi

Хеле фикру мулохизахои оли, бародар Илхом. Дигар навиштахоятон хам зиёд писанди мо аст. Дастатон дард накунад.

Иншооллох, рохбарият агар мардикормичоз ва гадохислат нашавад, мардуми одди хам аз ин раванди номатлуб рахо меёбанд. Умедворам, ки чунин рохбарият бисёр давом нахохад кард ва ояндаи наздик миллат сохиби рохбари нав ва асил хохад гашт, ки онро аз ин пастихо начот хохад дод. Омин!

Худо мададгори хамаи мардикорони Точик дар ин замини Ру-сиёххо бод.

——————————————
АЗ САРДАБИР:
Дуруду сипос ба Шумо бародар! Шодем, ки аз торнигори мо дидан намудед. Иншооллох, мо низ ба умеди рузхои нек дасти дуо мебардорем. Худо кунаду он рузхоро ба мо наздик намояд. Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: