Гумон накунед ман дар таътилам…

7 08 2009

Бародарони хонанда. Хеле вакт шуд, ки чизи наве наменависам, шояд фикр мекунед, ман ба таътил баромадаам ва дар чойи хушобухавое истирохат мекунам.

Афсус, ин фикри шумо дуруст нест, зеро мардикор таътилу истрохат надорад. Танхо замоне ки ба ватанаш меравад ва чанд хафта наздик фарзандонаш мебошад, бузургтарин истирохати уст. Дигар хама вакт — кор ё чустусуи кор.

Сабаби сукути ман дар он аст, ки чанд вакт дар чустучуи кор будам ва нихоят кори хурде ёфтам, ки дар як дехаи дурдаст аст ва ин чо интернет хам несту мавчи телефони хамрох ба ин чо намерасад.

Холо дар хакикат фахмидам, ки бухрони сахте хама чои Русияро фаро гирифтааст, зеро дар шахру шахракхо кор ёфтан кариб, ки номумкин аст.

Он дастае ки мо будему хамрох мезистем ва кор мекардем, кайхо пароканда шуда рафт. Як давраи ширине буд. Холо — давраи талх. Бухрон. Кори кампул ва дехаи дурдаст. Худо кунад, то вакте ки инро тамом мекунам, чойи дигаре кори бехтаре пайдо шавад.

Хулоса, таътил нестам, хар руз чанд филисе барои бачахоям кор мекунам ва орзу дорам, бухрон зудтар тамом шавад.