Гумон накунед ман дар таътилам…

7 08 2009

Бародарони хонанда. Хеле вакт шуд, ки чизи наве наменависам, шояд фикр мекунед, ман ба таътил баромадаам ва дар чойи хушобухавое истирохат мекунам.

Афсус, ин фикри шумо дуруст нест, зеро мардикор таътилу истрохат надорад. Танхо замоне ки ба ватанаш меравад ва чанд хафта наздик фарзандонаш мебошад, бузургтарин истирохати уст. Дигар хама вакт — кор ё чустусуи кор.

Сабаби сукути ман дар он аст, ки чанд вакт дар чустучуи кор будам ва нихоят кори хурде ёфтам, ки дар як дехаи дурдаст аст ва ин чо интернет хам несту мавчи телефони хамрох ба ин чо намерасад.

Холо дар хакикат фахмидам, ки бухрони сахте хама чои Русияро фаро гирифтааст, зеро дар шахру шахракхо кор ёфтан кариб, ки номумкин аст.

Он дастае ки мо будему хамрох мезистем ва кор мекардем, кайхо пароканда шуда рафт. Як давраи ширине буд. Холо — давраи талх. Бухрон. Кори кампул ва дехаи дурдаст. Худо кунад, то вакте ки инро тамом мекунам, чойи дигаре кори бехтаре пайдо шавад.

Хулоса, таътил нестам, хар руз чанд филисе барои бачахоям кор мекунам ва орзу дорам, бухрон зудтар тамом шавад.


Действия

Information

6 комментариев

10 08 2009
Фаррух

Хурсанд аз онам ки кори кӯчаке бошад ҳам пайдо кардаед ва умедворам боз корҳои аз ин беҳтар ёфт шаванд. Мутаасифона, бӯҳрони молиявӣ барои мардуми меҳнатпарасти тоҷик боз чанд муаммои зиёдеро овардааст. Монда набошед, ҳамватан! Боварӣ дорам, рӯзгори хуб ҳоло дар пеш аст. Ба шумо дар ҳам кор муваффақиятҳо орзумандам. —————————————- АЗ САРДАБИР: Сипосгузорам Фаррухчон барои суханхои умедбахш. Саломат бошед.

16 08 2009
Follower

Чернокожий россиянин баллотируется в депутаты
Проживающий в России уроженец Гвинеи-Бисау Жоаким Крима подал документы в избирательную комиссию Среднеахтубинского района Волгоградской области.

Чернокожий россиянин, которого пресса называет «волгоградским Обамой», намерен стать депутатом районной думы, выборы в которую состоятся 11 октября этого года.

В настоящее время Жоаким Криму, который живет в России почти 20 лет, торгует арбузами в поселке Средняя Ахтуба.

20 08 2009
reza vahhab

dust e hamqom! ba dorud!
cheshm e chap yek qaside ye ja’rist – boghz e man mesl e zakhm e to kar’ist
be ruzam o montazer e gozar o nazaret!
rezavahhab.blogfa.com

29 09 2009
Фаррух

Сатрҳои навиштаатонро мехонаму ғайр аз оҳи ҳасрат дигар наметавонам чизе кашидан. Мушкилӣ то ба дараҷае расидааст, ки дар мулки бегона ҳамчу мардикор низ пул кор карда намешавад. Кош ин садои шумо як лаҳза ба доди ҳукуматдорон мерасиду дақиқае виҷдонашон азоб медод. Охир барояшон бас аст, ин ғами кисапурӣ!
Бародар, боварӣ дорам бо он қатъияте ки доред, ҳатман боз кори хуб меёбед ва умедворам рӯзгори хуб наздиктаранд. —————————————- АЗ САРДАБИР: Бародари азиз, Фаррухчон, вичдон агар бошад, онхоро азоб медихад, аммо вакте ки вичдон нест, чи чиз онхоро азият медихад? Онхо аз ин неъмат бенасибанд. Саломат бошед.

5 10 2009
Собир

Хар чо бошй, сарат бебало бод, бародар. Вале ба хохарони хонанда хам таваччух дошта бош ё мухотабонат факат мо — бародарон хастем? —————————————- АЗ САРДАБИР: Ташаккур Собирчон. Эродатон — нури дида. Дуруст мегуед. Вокеан ба хохарон каме диккат надодем. Саломат бошед.

9 01 2010
asis

Рухафтода нашавй! Барори кор, Илхомчон!

Оставьте комментарий