Защищено: СИЕСАТИ РАСВОИ РУСИЯ.

24 10 2009

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Реклама




ГАДО ДУШМАНИ ГАДО

15 10 2009

Далер пас аз чор мох бозпас ба Маскав баргашт. Аз чи бошад, у дар Точикистон зиеда аз се, чор мох истода наметавонист. Бебаркию бекорй ва шароити баду беадолатй уро хичил мекард. У ба хаети мусофирию мухочирй одат карда буд. Баробари ба Маскав омаданаш боз дар чои кори пештарааш, корхонаи коркарди чуб баркарор шуд. Мохонааш карибии 20 хазор рубли урусй буд, ки маблаг ва шароити чои кору чои хоб уро пурра каноатманд мекард. Аз Точикистон барои хамдехагонаш нома ва савгот аз наздиконашон оварда буд. Акнун у бояд онхоро ефта, савготихоро расонад. Аммо ба чуз аз он ки сеи онхо дар бустонсаройхои Вешки-сити кор мекунанд дигар на раками телефон ва ягон маълумот надошт. Рузи якшанбе аз сахарй борхалтахои савготй ва номахоро гирифта дар чустучуи онхо ба Вешки рафт. Вешки шахраки хурде дар канори Маскав аст, ки назди он бустонсаройхои осмонбус сар ба фалак кашидаанд. Аз чумла бустонсарои Жиринуфски низ инчост. Тарзи сохт ва ингуна гуногунрангию бохашаматии бустонсаройхоро Далер бори аввал медид. Нихоят, дар истгохи назди майдони футболбозй аз мусофирбар фаромад. Дар майдон хар якшанбе бачахои хисорй футболбозй мекарданд. Аз гапзании онхо точик буданашонро фахмида, наздашон рафт ва аз ду се мухлисоне, ки дар кунче нишаста буданд, аз хамдехагонаш пурсучу кард. Аз онхо нишонаи хамдехагонашро аник намуда, ба он самт равон шуд. Пас аз чанд рахпаймои ба макони хамдехагонаш наздик шуд ва онхоро дид, ки дар беруни дарвоза машгули кор буданд. Онхо низ Далерро шинохтанд ва хайратзада ба хамдигар нигариста байни хам чизе мегуфтанд. Далер торафт ба онхо наздик мешуд ва вакте масофаи байнашон 10-15 кадам монд, яке аз онхо гуфт «Эхе, Далерчон ку.. Ха, Далерчон, тинчй хаст? Ээ, инча кор мурдагй. Инчо чои хуб нест. Кор нест. Ахвол бад аст. Мо худ пушаймон…» Дуввумиаш сухани дигариро бурида » Мо худамон намедонем чи кор кунем. Кризис. Болои ин шабона бачахои махалй чанг меоянд. Милисааш бисер. Хар руз омада азоб медиханд..» Онхо сухани хамдигарро бурида, шарху шикоят мекарданд ва ба Далер навбат намерасид. Далер назди онхо рост меистод ва ба чои салом суханхои пур аз харисию хасисй ва пургараз мешунид. Нихоят саввумиаш пурсон шуд «Далер, кй гуфт инчо будани моро, кй адрес дод? Кй туро инчо фиристод?» ва ин саволхо боис гаштанд, ки навбати сухан ба Далер расид. У араки хунуке, ки сару руяшро фаро гирифта буд пок намуда, аз борхалтааш савготхои номнависшударо ба хар яки онхо дод. Ва аз чайбаш номахоро низ супорида гуфт » Инхо тушахо аз Точикистон. Бародарон, ман чои кор дорам. Ман наздатон махз барои расонидани хамин номахову тушахо омадам…» Пас аз ин ба онхо барори кор хоста бозпас гашт ва дар чашму руи онхо ба чои шарму хичолат, баръакс хушнудию шодиро дид, ки гуе мегуфтанд — хайрият наздамон кор наомадай ва меравй…





Фикри ки дуруст?

13 10 2009

Чандест миену ману Мусо бахс идома дорад. Мо тасмим гирифтем хонандахои торнигорро ба кумак даъват намоем, то ки хаку ки нохак муаян шавад. Мавзуъ чунин аст. Дар як шахре, ки мардикори точик кору зиндагй менамояд, бехтар аст барои у, ки мисли у мардикорони точик зиед бошанд? Е баръакс барои у бехтараст, ки ончо кариб точике набошад? Фикри ман (Илхом): Бигзор ончо чун хозира точикон зиед бошанд ва чи хеле бошаду набошад дар гаму шодии хам шарик бошанд. Вагарна он мардикори танхо низ аз фишори миллатчиену дузду майзадахо, ки дар тамоми Русия зиеданд худаш мачбуран шахрро тарк менамояд (агар зинда монад). Паст е баландии обруи миллат аз каму зиед будани мо вобаста нест. Фикри Мусо: Хуб мешуд, ки дар он шахр торафт точикон кам шуда, ахен ахен ба чашм расанд. Ин боиси боло рафтани обруи миллат ва он мардикори танхо хохад шуд. Чи кадаре, ки мардикорони точик зиед бошанд, хамон кадар обруи онхо паст аст. ********** Дустони азиз, онхое, ки заррае бо хаети мардикорон ошноед, шумо чи акида доред?





Защищено: …Я сар-сари деворча захадил.

7 10 2009

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль: