…Я сар-сари деворча захадил.

7 10 2009

Нихоят пас аз танаффуси тулонй боз ману Мусо метавонем, ки торнигори хешро варак занем. Гуфтанихои зиед хануз нагуфта, нухуфта ва заму чамъ шудаанд. Пас аз ин танаффус чумлабандй бо забони точики мушкил шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки гуе якчанд намуди забони точики вучуд дошта бошад. Забони точикии хонагй, забони точикии бозорй, забони точикии ТВТ ва забони точикии газетахо. Гурух е бригадаи кории мо аз 22 нафар иборат буд, ки нихоят кор ба охир расиду ману Мусо ба шахр баргаштем. 22 нафар хама точик будем, вале хамдигарро базур мефахмидем. Вале намояндаи хар нохияву махал лахчаи хешро наздиктар ба забони адабии точики мепиндорад. Як хамкорамон, хиштчин бо номи Ахрор хаминтавр лахчаи худро наздиктар ба забони адабй шуморида, моро эрод гирифт, ки суханхои моро бо мушкилй мефахмад: «.. шумо гапзанитон ени ТВТ боин. Ман ТВТ-ям гапзаниша намефамам…» Сипас мачбур хастам, ки бо Ахрор дигар хел гапзанаму, бо Сайвалй дигархел, то маро хуб фахманду бозпурсй нанамоянд. Метарсам, ки гапзаниам аз ин хам бад «каша» шуда, вакте баргаштам ба Ватан, ба модарам нагуям ,ки — мама мама пачему двер закрил я сарсари деворча захадил?… Хайрият ин торнигор хасту як-як зур зада забони адабии точикиро ба хотир меорам. )))

Реклама

Действия

Information

2 комментария

9 01 2010
asis

Хак асту рост! Мушкили мо, Точикистониён — дар хамдигарнофахмист! Агар мо аз забони кучагй ба забони адабй нагузарем, вахдати милли барои мо дастнорас аст!

11 01 2010
ilhom

Дуруст гуфтед, Азиз. Дар хакикат шояд бо кам ё нест шудани фаркияти лахчаю шевахо, махалбозй низ нест шавад. Лекин аз тарафи дигар махалчигиро раисони воломаком худ таквият медиханд. Ба кариби як дустам, ки дар як бахши назди раиси чумхур кор мекард аз Душанбе аз кор хорич шуд. У мегуяд барои хукумат донишу тачрибаи кадр зарур нест. Ту агар аз Кулоб ё Дангара бошй, шонси болорафтану «сабзишат» дахчанд меафзудааст. Ана хамин хел бадбахтон дар навбати аввал махалро мебинанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: