Фикри ки дуруст?

13 10 2009

Чандест миену ману Мусо бахс идома дорад. Мо тасмим гирифтем хонандахои торнигорро ба кумак даъват намоем, то ки хаку ки нохак муаян шавад. Мавзуъ чунин аст. Дар як шахре, ки мардикори точик кору зиндагй менамояд, бехтар аст барои у, ки мисли у мардикорони точик зиед бошанд? Е баръакс барои у бехтараст, ки ончо кариб точике набошад? Фикри ман (Илхом): Бигзор ончо чун хозира точикон зиед бошанд ва чи хеле бошаду набошад дар гаму шодии хам шарик бошанд. Вагарна он мардикори танхо низ аз фишори миллатчиену дузду майзадахо, ки дар тамоми Русия зиеданд худаш мачбуран шахрро тарк менамояд (агар зинда монад). Паст е баландии обруи миллат аз каму зиед будани мо вобаста нест. Фикри Мусо: Хуб мешуд, ки дар он шахр торафт точикон кам шуда, ахен ахен ба чашм расанд. Ин боиси боло рафтани обруи миллат ва он мардикори танхо хохад шуд. Чи кадаре, ки мардикорони точик зиед бошанд, хамон кадар обруи онхо паст аст. ********** Дустони азиз, онхое, ки заррае бо хаети мардикорон ошноед, шумо чи акида доред?

Реклама

Действия

Information

4 комментария

6 11 2009
азиз

хамон вакте ки э.рахмон тамоми чавонони точикро аз тарбияи исломи таъмин намояд ,хамеша ва хамачо обруи мо баланд хохад буд!

7 11 2009
ilhom

Бародар Азиз, гапатон хак. Ягона начот, бурдбори ва пешрафти мо дар Ислом ва аз Ислом аст. Саломат бошед.

7 11 2009
Бахтиёр

мммм. агар хато накунам Хазрати Икбол гуфта буданд:… ё харду?
Кош харду хам ичро нашавад… Кош хамин гуна фарзандони солехи миллат дар Ватан бокадр бошанду барои ободии кишвар кор кунанд. Кош мардуми Точикистон хох узбак бошаду точик ё русу дигар, баргардад ба Ватан, дар хонааш бошад…

аз Зафаробод хастам. Тирамох вакти пахтачини аз Узбакистон (узбак-дар адаби хам шакли дуруст будааст: firdavsi.com) як-ду оила мебароянд ба пахтачини. Харчанд аз даврони кадим точику узбак дар як вакт хам дуст ва хам душмани якдигар хастанд, лек ягон бор нахостаем, то дилашонро ранчонем. Хурду хурокашонро таъмин мекунем, чои хобашон хуб, хар руз оби тозаи нушоки аз чашма мебарорем, хирманашон чудост, дар тележкаи алохида бор мекунему он чие, ки дар тарозуи хлоппункт нишон дихад, маблагашро бе каму кост ба дасташон мерасонем. Дар охир то сархад бурда гусел мекунем, бо орзуи он ки хар чое бародарони мо мусофир бошанд то хамчунин муносибат бинанд… Худованд дар панохи исматаш нигахдоратонона…

7 11 2009
ilhom

Аз як чихат дуруст мегуед, илохо на ин тавр бошаду, на он тавр, балки хама дар Ватан бошему онро созем, он гунае, ки мехохем. Дар хакикат ду тарафеанд, ки интихоб инчо мушкил аст. Саломат бошед. Шуморо низ Худо нигахбон бошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: