Ё РАВГАН, Ё РОГУН

25 11 2009

Вактхои охир мавзуъи раками 1 дар бисер расонахои хабарию сомонахои точикй Рогун шудааст. Аз тахлилу назархо бармеояд, ки сохтани он мухим ва муфид будааст. Бовари дорам ин икдомро хамакаса дастгирй намуда, Рогунро месозем. Хашари умумихалкй ва кисмхои харбй-сохтмонй ташкил карда кумаке расондан мумкин. Солхои аз ин хам сахту гуруснагию кахтиро дар солхои чангй шахрвандй мо точикон паси сар карда будем. Вактхое шуда буд, ки нони чуворимаккагй ва баъзехо хатто сабус мехурданд. Илохо он рузхои сахтро дигар нишон надихад. Холо худоро шукр, кашшоктарин оилаи кишвар нони сафед бо чою шакар хурда боз менолад… Оилахои миенахол бисоту хурокаашон бад нест. Ба хамин кадар сахтихо токат кардем, хеч гап не, агар як мох хуроки беравган пухта, равганпулиро ба рогунпулй супорем.





МАРДИКОРЙ ТО БА КАЙ???

11 11 2009

Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем,
То ба кай аз бахри пул тарки модар мекунем,
Ин хама шахри урус обод шуд аз дасти мо
Холу ахволи Ватанро кай накутар мекунем.
Пахлавонони диёр зери мушти нокасон,
Аз кабех дашномхо гуши худ кар мекунем,
Духтуру омузгор, устои гулдаст то ба кай
Мардикорй зери дасти хар сагу хар мекунем.
Чон падарчонам, чавобе бар суоли ман бигу
То ба кай аз сузиши дил дидаро тар мекунем.
Хайфи ин умри чавонй, хайфи ишку ошикй
Ки чудой аз нигору ёру дилбар мекунем.
Точикистонам шукуфон шав аз бахри худо
То ба кай мо орзую ёди кишвар мекунем.

(Илхоми Иброхим. ш.Сургут с 1999)





Нома аз Киев

7 11 2009

Салом бародарон!!!

Ба сахифаатон тарики вебблоги Футболи Точикистон даромадам. Вох, канд занед… Дар мусофири, бо чунин азоб зиндаги дореду боз чунон чихое иншо мекунед, ки…
Айни хол ман хам мусофирам, дар Киев. Мардуми инчо Руссияро онкадар дуст намедоранд, ки… Ман намефахмидам, чаро… Баъд накл карданд, ки чи тавр урусхо онхоро дуст намедоранд.
Мехохам ба Шумо як вокеаро накл кунам, ки аз он метавонед латифае созед:

Як хамкорам, ки ба сафари кори баромада буд, вакти бозгашт аз Австрия дар Москов 1 руз бозистод. Хайр, вактро бехуда нагузаронам,- гуфта ба сайру гашти шахр баромад. Милисахои лаънати хар сари кадам нигох дошта бо у шинос мешуданд. Хуб, якеаш савол медихад:
-Чанд вакт дар Москов мемонй?.
Ин хамкорам (Мирзошокири Хочиён, номзади илмхои кимиё) чавоб медихад:
-Да Я!!! Да чтоб…!!! Да не на секунду Я не хочу оставаться здесь!!! У меня этот чертовый билет на завтра вот пришлось и выйти погулять, а тут…
Хулоса, менти бечора аз г..хи хурдагиаш пушаймон мешавад

Онхо се кас буданд. Телефон кофтанду наёфтанд, дар наздикиашон ончо бозорчае будаст. Хамкорам аз як кампири урус, ки дар хамон бозор савдо мекард телефон хохиш кардааст. Гуфтааст, ки,-ман пулашро дахчанд медихамат, факат зарур аст телефон кардан. Кампири урус мепурсад, -аз кучои,- ва чун мефахмад, ки точик аст, намедихад телефонашро, баркасд нишон дода: — дорам, аммо намедихам..
Азбаски борашон вазнин буд. Ин бародар дар назди сумкахо меистаду ду нафари дигар ба телефонкобй мераванд.
Ана баъд хуни точикияш мечушад:
-Кампир, медони ман дар Точикистон чи кор мекунам?
-Ну?…
-Дар лабораторияи ман, дар таи дастам 37 нафар занаки урус кор мекунад. Баъди ин рафтори ту ман медонам бо онхо чи тавр рафтор кунам!!!
Баъди андак вакт кампири бечора аз кардааш пушаймон мешаваду телефонро дароз мекунад, ки: — Ман мебинам ту одами интеллегенсия будаи, майлаш гир гап зан, пулат хам даркор не!!! Оооо… Мастчоихо чи хел мардуми гарданшаханд:
-Даркор не телефонат, дар руи замин агар дигар телефон ёфт нашавад хам намегирам телефоната…
(Лек хакикати хол дигар хел будааст. Якум, ин бародар раками телефони даркориро намедонист, ракам дар дасти дигар бачахо буд. Дувум шахси даъватшавандаро хам намедонист, ки хохари бачаи дигар буд (аз Хучанд). Хохараш дар Москов кор мекардаааст, хай инаш ахамият надорад…
Бечора кампир… Ба зора даромадааст, ким чихое накл кардааст…
Хуллас ин вакт он ду бачаи дигар омаданд ва аллакай занг зада будаанд. Борхоро гирифтанду равон шуданд, бечора кампир хайрон монда буд…

Баъди ин наклхо дар корхона хатто худи урусхои мо ба урусхои Москов нафрат хонданду гуфтанд, агар русхои Точикистон ба Русия раванд хам онхо чунин муносибат мекунанд. Бечора русхои мо…
Лекин ин бародар ба русхои Точикистон ягон муносибати бад накард.
-Инхо гунох надоранд, гуфт..

/// аз Бахтиёр.





«Модар, ман чи гунох кардам?..»

5 11 2009

Инак фасли сармо низ расид. -15-18 градус хунук. Баландии барф карибии 20 см. Ин барфи сеюм аст, ки дар Русия пешвоз мегирам. Кайхост нияти баргаштан ба Ватан дорам, аммо…
Имруз Мусою Шавкат чихатхои экономиро хисобу китоб карда, ба хулосае омаданд, ки бехтараш як дастгохчаи муйсаргирй бихаранд. Шавкат мегуфт: — як муисарпасткунй дар салон 200 рубл меистад. Хар сеямон якбори муисар гирем пулаш мебарояд…- Мусо низ тасдик мекард: — Худо нишон надихад, агар вакти салон рафтан милиса дорад мачбури пули се дастгохчаро чарима супори…

Хуллас дастгохчаи муисаргирй харидем, аммо акнун, мушкили дар он кй метавонад муисарпасткардан.. Аз ноилочй Мусо муи Шавкатро паст намуд. Рости хеле ачоибу хандаовар шуд. Шавкат худро дар оина дида, аз Мусо пурсид, ки номи намуди пасткардааш чист? Мусо дархол чавоб дод, ки ин як намуди хеле замонавист ва номаш «Модар, ман чи гунох кардам» аст.. 🙂
Акнун мебоист Шавкат муи Мусоро паст мекард, вале Мусо аз тарси он ки Шавкат бокасд бузтарош нанамояд, аз ман хохиш намуд муяшро паст намоям. Рости, хеле кушиш намудам, вале намуди муисар хеле паст мисли зиндонихо шуд. Шавкат дар холи Мусо хандида гуфт: — ин низ намуди хеле муди замонавист ва номаш «Не плач родная, я вернус» мебошад..
Ман уро дилбардорй мекардам, ки берун барф, хунук ва дар таги кулох, ки муи туро мебинад.
Барф хануз меборад. Боридани онро дида, ваъдаи додаам ба духтарчаи 5 солаам ба едам омад. Хануз ду сол пеш дар саволи кай мебиоед, чавоб гуфтам, ки кайе барф борад меравам. Ин сеюм сол, сеюм барф.. Духтарчаам дигар на ба ман бовар дораду, на ба барф… 





ВЕРНИ ГОРОХ, ЖЕНКА!

2 11 2009

Аз шунидану хондани хабархои марбут ба Точикистон, рости танхо негатив мерасад. Ягон хабари хуш нест. Ба хона занг задан хам дигар маро дилхуш накард. Чунки саросар мушкили.. Метарсам рузе занг занаму дар чавоби салом — кай пул мефиристед? Банк рафта истам? Каламу когаз тайер, кода гуед.. — нашунвам.. 🙂
Биёед дустон як каме аз мушкилотхо дур шуда хандем…

Иван ва Женка рузе шишахои холй супорида, дар маблаги ба даст омада базур як шароб мехаранд. Аммо газак (закуска) як нахуд доштанду тамом. Хар боре кадах мебардоштанд, нахудро буй карда, ба чояш мегузоштанд. Дар вакти буй кардан пас аз кадахи саввум нахуд ба бинии Женка фуру меравад. Иван аз гулуи Женка дошта, ба руяш торсакихо мезад — Верни горох, мать твою! Чем теперь закусить будем, гад! Верни!…

************

 Дар Ню-йорк се мард — олмонй, франсуз ва урус бахс мекунанд. Олмонй кишвари худро таъриф мекунад, ки дар 5 доллар ман дар сауна истирохат карда, шикамсери менушам. Франсуз паст наомада гуфт, ки ин хама маишатхоро ман дар Париж дар 3 доллар мекунам. Навбат ба урус расид. У гуфт, ки дар Русия ин маишатхо дар сауна ва болои ин бо мошин хона оварда боз пул медиханд. Олмонию франсуз дар хайрат монданд. — Чи хел? наход? Боварам намеояд. Ту худ ончо рафтаи? — пурсид олмонй.
Урус хозирчавобона гуфт: — Нет, моя сестра каждые выходные туда ходит…