«Модар, ман чи гунох кардам?..»

5 11 2009

Инак фасли сармо низ расид. -15-18 градус хунук. Баландии барф карибии 20 см. Ин барфи сеюм аст, ки дар Русия пешвоз мегирам. Кайхост нияти баргаштан ба Ватан дорам, аммо…
Имруз Мусою Шавкат чихатхои экономиро хисобу китоб карда, ба хулосае омаданд, ки бехтараш як дастгохчаи муйсаргирй бихаранд. Шавкат мегуфт: — як муисарпасткунй дар салон 200 рубл меистад. Хар сеямон якбори муисар гирем пулаш мебарояд…- Мусо низ тасдик мекард: — Худо нишон надихад, агар вакти салон рафтан милиса дорад мачбури пули се дастгохчаро чарима супори…

Хуллас дастгохчаи муисаргирй харидем, аммо акнун, мушкили дар он кй метавонад муисарпасткардан.. Аз ноилочй Мусо муи Шавкатро паст намуд. Рости хеле ачоибу хандаовар шуд. Шавкат худро дар оина дида, аз Мусо пурсид, ки номи намуди пасткардааш чист? Мусо дархол чавоб дод, ки ин як намуди хеле замонавист ва номаш «Модар, ман чи гунох кардам» аст.. 🙂
Акнун мебоист Шавкат муи Мусоро паст мекард, вале Мусо аз тарси он ки Шавкат бокасд бузтарош нанамояд, аз ман хохиш намуд муяшро паст намоям. Рости, хеле кушиш намудам, вале намуди муисар хеле паст мисли зиндонихо шуд. Шавкат дар холи Мусо хандида гуфт: — ин низ намуди хеле муди замонавист ва номаш «Не плач родная, я вернус» мебошад..
Ман уро дилбардорй мекардам, ки берун барф, хунук ва дар таги кулох, ки муи туро мебинад.
Барф хануз меборад. Боридани онро дида, ваъдаи додаам ба духтарчаи 5 солаам ба едам омад. Хануз ду сол пеш дар саволи кай мебиоед, чавоб гуфтам, ки кайе барф борад меравам. Ин сеюм сол, сеюм барф.. Духтарчаам дигар на ба ман бовар дораду, на ба барф… 

Реклама

Действия

Information

5 комментариев

6 11 2009
Салими Аюбзод

Оличаноб! Хеле хушам омад. Агар каме чехраву симо ва ифодахо дар ин чехрахои Шавкату Мусо низ чой дода мешуд, ман метавонистам, хамаи манзараро мисли ин ки бевосита худ тамошо кунам. Офарин! Боракаллох!

7 11 2009
ilhom

Салом ба мухтарам акои Аюбзод! Ташаккур барои нома ва баходихиатон, устод. Дар оянда кушиш менамоям чехрахоро аёнтар тасвир намоям. Саломат бошед.

9 12 2009
Равшани Курбон

Бале бародар устод хело хуб кайд карданд. дар хакикат хелло хуб гуфта шудааст. Ба ман хелло писанд омад ва аз кам намудани муи сари бародарон ханда хам кардам. Рахмат бародарам бо матни пур аз мазмуну дилписандат!

10 12 2009
ilhom

Ба шумо низ рахмат, ки вакти хеш дарег надошта изхори андеша намудед. Саломат бошед.

9 01 2010
asis

Оличаноб! Инсон касе аст, ки дар талхи тавонад зарраи шириниро эхсос намояд!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: