МАРДИКОРЙ ТО БА КАЙ???

11 11 2009

Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем,
То ба кай аз бахри пул тарки модар мекунем,
Ин хама шахри урус обод шуд аз дасти мо
Холу ахволи Ватанро кай накутар мекунем.
Пахлавонони диёр зери мушти нокасон,
Аз кабех дашномхо гуши худ кар мекунем,
Духтуру омузгор, устои гулдаст то ба кай
Мардикорй зери дасти хар сагу хар мекунем.
Чон падарчонам, чавобе бар суоли ман бигу
То ба кай аз сузиши дил дидаро тар мекунем.
Хайфи ин умри чавонй, хайфи ишку ошикй
Ки чудой аз нигору ёру дилбар мекунем.
Точикистонам шукуфон шав аз бахри худо
То ба кай мо орзую ёди кишвар мекунем.

(Илхоми Иброхим. ш.Сургут с 1999)

Реклама

Действия

Information

7 комментариев

12 11 2009
Ромин

«Холу ахволи Ватанро кай накутар мекунем.»?
То вакте ЭШР президенти ватанатон хаст, ин корро намешавад кард!

12 11 2009
Дориюш

Илҳомҷон, аз дил гуфтию ба дил нишаст ва ашкеро ҳам аз ниҳонхона ба рух овард. Худо кунод, ки ин нидои самимонаи ту ба гӯши Додори бузург бирасад ва рӯзе-рӯзгоре ҳамаи мардикорону ғарибон ба оғӯши бозу пурнавозиши зодбум баргарданд ва барои ободонии он бикӯшанд. Поянда бошӣ.

13 11 2009
ilhom

Дуруду сипос ба Дориюш! Дар хакикат дарднок баромад, чунки бо дарду алами дил навишта шуда буд. Як дустам онро ба оханг дароварда бо гитара мехонад, ки дарду таъсири онро дучанд намудааст. Саломат бошед.

14 11 2009
Follower

Хеле хуб мешавад, агар он сароидани дустатонро низ сабтк арда ин чо бигзоред,

14 11 2009
ilhom

Сабти намудаамон хира баромад. Он mp3 нест. Имконияти сабти тоза намудан рости надорем. Кушиш менамоем дигар роххоро истифода намуда сабти тоза ба даст орем. Дар акси хол хамон сабти хираро мемонем. Саломат бошед.

17 11 2009
Бахтиёр

Хайфи ин умри чавонй, хайфи ишку ошикй
Ки чудой аз нигору ёру дилбар мекунем.

Эх…

Хазон мерезад аз шохсорон
Хазон мерезад, Хазон мерезад…
Лоиқ.

18 01 2010
Амин

Хама як су бувад нодидани он гулбадан як су!
Фироки бе каси як су бувад охи ватан як су!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: