Ё РАВГАН, Ё РОГУН

25 11 2009

Вактхои охир мавзуъи раками 1 дар бисер расонахои хабарию сомонахои точикй Рогун шудааст. Аз тахлилу назархо бармеояд, ки сохтани он мухим ва муфид будааст. Бовари дорам ин икдомро хамакаса дастгирй намуда, Рогунро месозем. Хашари умумихалкй ва кисмхои харбй-сохтмонй ташкил карда кумаке расондан мумкин. Солхои аз ин хам сахту гуруснагию кахтиро дар солхои чангй шахрвандй мо точикон паси сар карда будем. Вактхое шуда буд, ки нони чуворимаккагй ва баъзехо хатто сабус мехурданд. Илохо он рузхои сахтро дигар нишон надихад. Холо худоро шукр, кашшоктарин оилаи кишвар нони сафед бо чою шакар хурда боз менолад… Оилахои миенахол бисоту хурокаашон бад нест. Ба хамин кадар сахтихо токат кардем, хеч гап не, агар як мох хуроки беравган пухта, равганпулиро ба рогунпулй супорем.

Реклама

Действия

Information

3 комментария

28 11 2009
bkosimi

Рогунро рузе месозем, дустам, вале бо ин химмати чавонмардиатон рохгум зада, пули равгани хуроки худро ба дасти хукумати дуздон оварда додан шарт нест. Он ношаффофиву фиребгарие, ки атрофи Рогун ва умуман хамаи лоихахои ин хукумат аст, бовар кунед, ки ба як зарра боварии мову шумо намеарзад. Шарти сохтани Рогун ин мардонавор талаб кардани мардум аз хакки худ ба зиндагии шоиста, аз он сарвати миллие, ки ин хукумати дуздон ба горат бурданд ва бизгор, танхо вазирони порахур, вакилони беирода, гурухи нашшачаллобон ва авлоди мафиози раисчумхур Рахмон маблагхои заруриро пардохт кунад. Ба гардани 70-80% мардуми бечораву миёнахол дигар чизе бор кардан нашояд.

Инсоф, адолат!

3 12 2009
MAHBUB-TJ

Рогунро месозем, иншоонлох. Бовар дорам, ки дар наздиктарин фурсат механизми ирсоли маблаг коркарду рохандози мешавад. Вакте мардум кафолат мегирад, ки пулашро «нарезондаву начаконда» ба Рогун мебаранд, бо нони коку ролтон каноат карда ба Рогун пул мефиристад…

14 01 2010
Исфандиёр

Рогунро созему чарогхои бобогиро напартоем инашхам мемазза!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: