Пешвози ботантана.

10 12 2009

Зиёда аз бист маротиб аст аз Точикистон ба Русия ва баръакс аз Русия ба Точикистон сафар намудаам ва ин дафъа «маро» хеле ачоибу хурсандибахш пешвоз гирифтанд. Бо хавопаймои боуинг парвоз намуда бошем хам яке аз мусофирон шухиомез онро, аниктараш хавопаймохои «сомонайр»-ро «летающий гроб» ном бурд.. Маданияти ба хавопаймо нишастанамон хамоно дар сатхи поён боки мондааст. Кашокаш доду вой… Хар чи ки буд ба фурудгохи Хучандшахр сихат саломат нишастем. Баробари аз хавопаймо баромадан мактаббачахои бисере катор катор саф кашида буданд. Дар назди баромадгох дар таги байраки калони тахминан 80 ба 40 метр зиёда аз 50 мактаббачахо аз хунуки ларзида нишаста буданд. Соат 6:35-и сахарй ва хаво +4 градус буд. Гайричашмдошт коркунони фурудгох моро тез-тез чавоб медоданд. Танхо аз бачахои хизмати харбй нарафта 100-200 рубли русй мегирифтанд. Хурсанд шудам, ки ба хар хол чун пештара пора талаб намекунанд. Вале дар охирин дар пас аз борчомхоро аз дидгохи компутерй гузаронидан як корманди назди компутер нишаста маро наздаш даъват намуд. Вакте наздаш рафтам бо садои паст ба гушам гуфт, ки ягон сум дихам. Ман бошам бо садои баланд аз у пурсидам, ки «барои чй?!» Овози баландам уро безобита намуд ва у зуд гуфт ки шуд-шуд лозим не, рав.. Рафтам лек дилам сухт, шояд бехтар мебуд садакае мекардам. Дар дутарафи рохи мошингард аз шахраки Чакалуф то Хучанд, ки зиёда аз 15км аст, коргарони корхонахои гуногун, мактаббачахою донишчуйхо бо байракчахову гулдастахо меистоданд. Баъд ба ман маълум гашт, ки президент Рахмон ба Хучанд меомадааст.

Реклама

Действия

Information

7 комментариев

11 12 2009
Follower

lol 🙂

12 12 2009
Бахтиёр

Хи-хи, дили ман хам барои хамон як корманди назди компутер нишаста хеле сухт. 😉 Хатто алангааш аз димогам баромад 😀

13 12 2009
ilhom

Бо маоше, ки онхо мегиранд магар мешавад пораи бакордароиро чуброн кард? )

13 12 2009
Али

салом бародар!ба маскав хам гузаратон меафтад?сухбат мекардем!

13 12 2009
ilhom

Салом бародар Али. Рости аз Маскав дилсард шудам. Ончо узбакхо бисёр шудаанд, ки нархи корро ба пасти бурдаанд. Ба pokzot@rambler.ru бинависед. Саломат бошед.

9 01 2010
asis

Ин хукуматхои махалли заррае хам инсоф надоранд. Мактакббачагони бегунохро дар хавои сарди зимистон хамчун накшу нигори сари рох истифода бурдан гунохи калон аст.
Агар хохи, ки сардори омада аз ту каноатманд шавад, набояд бо чунин суиистифодакуни аз салохияти худ истифода куни, ва дасти омузгорони бечораро ба гунох зада, бо сари рох катор чидани бачагони дуструяк, камбудихои сари рохро аз назари раис пинхон намои! Балки, бояд марди нишон дод, камбудихоро хал кард!

11 01 2010
ilhom

Салом бародар, Азиз. Рости гап аввалин хаеле, ки он вакт ба сарам омад, бо он хашамату тантана фикр кардам шояд Обама меомада бошад..?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: