ХОБИ МУСО

13 12 2009

20-уми июни соли 2009. Мусо, Султон ва акои Муллошо пас аз рузи вазнину серкори шанбе бо хастагии том ба хона омаданд ва шитобкорона хурок хурда, ба хоб рафтанд…

Тирамохи соли 2059. Баробари шукуфтани пахта, мавсими омадани мардикорони рус ба Точикистони Кабир огоз ёфт.
Харчанд имсол Точикистон квотаро барои мардикорони Русия кам карда бошад, хам вале микдори онхо зиёд мешуду кам не.

Бобои Мусо ба пирию риши сафед нигох накарда, хануз хам сарвари хочагй буданд. Он кас хамчун пири кор дар сари замин бо бобои Султон чойнушй карда менишастанд ва як-як ба корхои мардикорони урус назорат мебурданд, то пахтаро тоза чинанд.

Бобои Султон ба яке аз онхо, ки забони точикиро аз дигарон бехтар мефахмиду озод гап мезад, эрод гирифта, таъкид кард, ки пахтахои дар замин рехтаро низ барчинад. Дар ин вакт калони мардикорон Никулай бо мошини сабукрави «Рахш», ки истехсоли Точикистон аст, омада истод.

Садои мусикии форам шунида мешуд, ки Манижаи Давлат месароид. Пас аз салом Бобои Мусо аз у хохиш карданд, ки харчи зудтар хуччатхои коргаронашро ба танзим орад, вагарна пулис метавонад онхоро депортатсия намояд. Никулай ваъда дод, ки дар давоми ду руз хамаашро конуни менамояд.
Суруди Манижа ба хотири бобои Мусо солхои чавониашонро овард. Дар он солхои пеш, мардуми точик баръакс ба Русия мардикорй мерафтанд, ки аз чумла бобои Мусо ва бобои Султон низ зиёда аз 20 сол ончо ба мардикорй машгул буданд.
Бобои Мусо лахзаеро ба хотир оварда, бо чашмони нимпуш табассум карданд. Ин холати он касро бобои Султон дида, сабаби табассумро пурсон шуданд.

Бобои Мусо гуфтанд: «Султон ёд дорй, дар Русия мардикор будему як бегох, тахти сурудхои Манижа зодрузи маро чашн мегирифтем ва акои Муллошои рахматй худо чояшона чаннат намояд, ширакайф шуда сухани табрикотй карданд…» ва харду ках-ках зада хандиданд.

Акои Муллошо бо чунин шеър табрикотро огоз намуда буданд: «Хар беша гумон набар, ки холист,
Харчанд Сикандари замонй…»…

Садои гушхароши Султон, Мусоро аз хоб бедор кард, ки мегуфт: «Акои Мусо, будилника кушед, имруз якшанбе хоб равем..»
Мусо, бо чашмони пушида, дастпалмос карда, телефони мобилиашро ёфт, ки суруди Манижаи Давлатро месуруд. Сипас онро хомуш намуда, дубора сар ба болин ниход, то давоми хобашро бубинад…

Реклама

Действия

Information

4 комментария

21 06 2009
Aioubzod

Аз тахи дил хандидам. Худо кунад, як замоне хоби Мусо амалй гардад.

22 06 2009
ilhom

Дуруду сипос ба устод Аюбзод. Устод, Худо кунаду аккалан ингуна хобхоро хамаамон бинем. Саломат бошед.

2 07 2009
Абдуазими Абдуваххоб

ИншоАллох ин хоби Мусоро чавонони саодатманди точик амали мегардонанд!!!

4 07 2009
ilhom

Мо хам иншоаллох мегуем, аммо дил мегуяд, ё инсара мешава ё унсара.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: