Хоби Мусо — 2

15 12 2009

Мусо телефони мобилиашро хомуш намуда сар ба болин ниход то давоми хобашро бубинад…

Никулай, ки забони точикиро хуб мефахмид ба сухбати бобои Мусою бобои Султон хамрох шуд: «Амак Мусо, ин рост, ки точико вакташда наоборот Русия кор мерафтанд? Рости хеч боварам намеояд, ки шахрвандони чунин Давлати пешрафтаи бою номдор дар гузашта, мардикори Русия..» бобои Мусо гапи Никулайро бурида гуфт: «ин гапхои бекора! Дар кучо дидай, кй ТОЧИК ! мардикори кишвари дига будааст!» бобои Мусо харчанд кушиш мекард худро ба даст гирад, аммо аз авзоъи у асабй шуданаш маълум буд. Ба бобои Мусо ин мавзуъ нафорид ва бо бахонае онхоро тарк намуд.

Бобои Султон Никулайро дилбардорй намуда гуфт, ки Мусо аз хурдй хамингуна шахси асабонист ва ба саволи у чавоб гардонд: «Бале, аз сари мардуми мо рузхои бехад сахт гузаштааст. Ба як рузи сиёх гирифтор будем. Гох аз нажодпарастон мегурехтему гох аз милисахо. Як миллати бесохибу бепушту панох будем.»

Чашмони Никулай аз хайрат кариб аз косахонаи сараш берун афтанд. «Наход? Ээ, шухи мекунед.. Чи дар Точикистон кор набуд?» пурсид Никулай. «Кор буд каму беш, лекин маош хеле пасту хандаовар буд. Он вактхо чун хозира тангахои сомонй тиллой не, балки мисли пулхои шумо когазй буданд. Хокимият дар дасти як кавми беакл ва хайвонсират буд. Ин кавм аслан аз подабони омада дар умрашон давлатдорй накардаанд. Саросар беинсофию дуздию хаккимардумхурй буд. Медонй, бо пул метавонисти дилхох мансабро бихарй ва вакте ки пули калон дода мансаберо ба даст овардй, аз хисоби дуздию харомхурй маблагро чандкарата аз мардуми оддй ситони. Ё агар хохй ки корхонае кушои, дархои онро пурра боз накарда, бочу хирочситонхо меоянд ва мачбур хасти даромадатро пора дихи ё бочи давлатй супорй. Порахурй ба авчи аъло расида буд. Хатто мардикорон, ки худ чун гадоянд, вакте ба Русия мерафтанд дар фурудгоххо аз онхо руи рост ва бе шарму хаё пул меситониданд. Хама чиз дар фуруш буд. Масалан нархи хокимии нохия 50 хазор доллар. Мансабдорони чиноятпеша боз ба мансабхои болотар мерафтанду, бегунохон паси панчара менишастанд. Об аз боло лой буд. Мансабдорон ба гуфти як бародар аз шиками гафсашон онсутар чизе намедиданд. Шахсиятхои хакталабу адолатхох дар Ватан руз надоштанд ва онхо ё мусофир буданд, ё аз тарс гуш ба карй бурда буданд.» посух дод бобои Султон.

Ин пирамарди нуронй аслан аз майдатарин савол дар бораи даврахои пеш аз инкилоб ба вачд меомад ва хикояти таърихи гузаштаро дуст медошт. Ба Никулай наклхои бобои Султон хамчун фантастика менамуд ва аз набудани бобои Мусо истифода бурда, «лачоми» кунчковиашро сар дода буд. «Чи тавр хамин хел миллати бузургу бедори точикон ба хамаи ин беадолатихо токат карда буд? Чавонони ояндасоз хоб буданд?»
пурсид Никулай. Бобои Султон дастафшонда гуфт: «эээ, намедонам шояд чанги шахрвандии пас аз фурупошии СССР чашми хамаро тарсонида буд. Бештари чавонон аз сиёсат дур буданд ва саводи хам казой надоштанд. Онхо дар Инкилоб сахми амике хам нагузоштаанд. Дар шумо русхо як макол аст: «в каждом плохом есть что то хорошее». Махз чорй шудани рафту омади бовиза миёни Точикистону Русия сабаб гардид, ки мардикорон пурра ба Ватан баргарданд. Як муддат бесарусомонию бекорй микёси Точикистонро фаро гирифт. Ва сипас беягон чангу хунрезй раиси чумхури он вакта худ бо хохиши худ аз мансаб рафт ва изхор кард, ки дигар аз ухдаи кор намебарояд ва бояд кайхо чойро холй мекард…»

Дар ин вакт бобои Мусо дар даст табаки оши палав омад ва Никулай охиста бо гушаи чашмаш ба бобо Султон ишора намуд, ки ба хикоят хотима бахшад. Бобои Мусо табаки ошро ба дастархон монда, гуфт: «Гапа як су монеду оша гиред. Ээх, ачаб ош омадагист аз буи хушаш маълум…»

Султон дастархон меоросту як-як бо овози баланд мегуфт: «Акаи Мусо! Хей, акаи Мусо, хез! Соат 2 шуд, хануз хоб. Ош тайёр, акаи Мусо. Аз буи хушаш маълум, ки Акаи Муллошо оши оличаноб пухтааст. Акаи Мусо!…»

«Ха, ха! Ман бедорaм, дод назан. Ээ, дар тамоми хобам садои гушхарошат хаст. Ин кадар одам сергап мешудаасту… » Сар аз болин бардошта норозиёна гуфт Мусо.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: