Дар васфи Муборакшо

23 12 2009

«…Ооо, Нола дорам, Нола дорам, Нола дорам…»
Бале ин суруди Муборакшост, ки хаёлоти бандаро ба охирхои асри гузашта пайванд намуд. Намедонам, шояд шумо низ пай бурда бошед, ки хар як суруд бо худ хотирахоро мепайвандад ва бо шунидани он суруд хотирахои он солхо дубора бедор мешаванд.
Хар боре, ки сурудхои Муборакшоро гуш медихам, он як давраи бедортарин ва тиллой ба хотирам меояд. Ин як даврае буд, ки афсус хеле кам давом кард. Афсус подабонхо омаданду он шуълачаи навафрузи миллатро хамуш карда, он фазои тиллоиро торумор карданд.
Имруз аз сахарй то нисфирузй дар дуконхои дискфуруш таронахои Муборакшоро кофтам. Базур аз як чо пайдо кардам, ки дар он хам хамагй 4 таронааш сабт шудааст. Мизу деворхои дуконхо пур аз филму таронахои узбакй.
Ба яке аз онхо эрод гирифтам, ки чаро инчо «узбакборон» шудааст, дар чавоб гуфт «бардорад зам кун»…
.
Аз бозор ба хона бо таксие омадам, ки дар он низ «гузалум гузалум» садо медод. Аз ронанда хохиш кардам ягон мусикии точикй монад ё тамоман хомуш намояд. Ронанда мусикиро хомуш карда гуфт, ки у низ узбаки намефахмад ва танхо ба хотири оханги форам гуш мекунад.
Дар ёд дорам, ки дар шахри Иркутиски Русия, вакти андовагарй мусикй гуш мекардем ва танхо ду диск доштем, Шабнам ва Севанч(узбакй). Хамаамон точик будем, вале кариб кор то чанг мерасид, ки кадомашро гуш кунем.
Ахиран, хайрият Мусо ном як рафикам диски Севанчро дар девори андовааш хушкшуда «тоза» намуд ва ба хамин минвол «дар беамаки хар амак» гуфта, точикиро гуш мекардем.
Суруди охирини диск ба фарчом мерасад..
Вокеан, як лахзаи бузургй, баномусй, бошарафй, мехрубонии байни хамй, бедории дарачаи олй, мусулмонии сидкй ва худшиносии точикон бо як мижа задан омаду рафт, лек бехабар мондем…
«… Фардо маро чу кисса фаромуш мекунй…»
Чи хуш сароидааст Муборакшо. То андозае садои мусикиро (хусусан бассро) баланд намудаам, ки худ бехабар мондам. Шояд мехостам баробари мусикй фарёд занам «ЭЙ МАРДУМ! ЧАРО ТОЧИКЙ ГУШ НАМЕКУНЕД?! БИБИНЕД, ЧИ ХУШ ОХАНГУ, ЧИ ХУШ САДО!..»
Аз ларзиши баландгуякхо кузаи гул, ки болои телевизор меистод афтоду шикаст ва гулхо пош хурданд. Гулхо гуиё зери пои Муборакшо пош хурданд..
Чоят чаннат бод, эй булбули хушсадо!

Реклама

Действия

Information

10 комментариев

27 12 2009
Салими Аюбзод

Офарин, бародари азиз. Хеле ҷолиб навиштаед. Бароятон сарсабзй ва шодкомй орзу мекунам. Саломат бошед.

27 12 2009
ilhom

Дуруду сипос, устоди азиз, Аюбзод. Рости тасодуф хам бошад, махз шикастани кузаю пош хурдани гулхо, ки дар лахзаи ба охир расидани як таронаи Муборакшо ба вукуъ пайваст, каминаро ба вачд овард ва водор сохт калам ба даст гирам. Ва ба фикрам холо хам ончи ки мехостам навишта натавонистам. Хеле хушхолам аз ибрози назаратон. Саломат бошед.

6 01 2010
MAHBUB-TJ

Дуруд бар Илхоми гироми! Хело хуб навиштед! Вокеан, Муборакшову Далер аз зумраи камтарин хонандахои точиканд, ки мешавад ба номашон «ситораи эстрадаи точик»-ро пайваст. Аммо рости ба «ситорахои думбор», ки корашон копихониву таклидкори аст, нафратам меояд. Имруз замоне расида, ки бояд мусикии точики ва дар сатхи професионали манзур шавад.

8 01 2010
ilhom

Салом бародар Махбуб. Барои камина низ муаммост, ки чаро мусикии точик аз худ «таркише» нишон намедихад? Чи чиз халал ворид менамояд? Шояд Шумо дар торнигоратон ин мавзуъро рушантар тахлил мекардед? Бояд икрор шуд, ки дар хакикат узбакхо «абгон» карданд. Гуногунрангй, гуногунмавзуй дида намешавад. Аз тарафи дигар хайрият хамин таклидкорон хастанду каму беш чойивази таронахои турку узбак шудаанд.

23 01 2010
Саид

Салом бародари Илхом.Дар мавзуи гунонгунранги ва гуногунмавзуи;http;//zaifi.narod.ru/Саломат бош хамватани азиз.

27 01 2010
ilhom

Салом бародар, Саид. Ташаккур, ки кадам ба кулбаи валангори виртуалии ман ранча намуда изхори андеша намудед. Дар хакикат сахифаи акаи Заифй бой аз мусики ва матнхои пурмаънй. Ба фикрам хуб мешуд бештар ба точики низ ру оварда истеъдоди Худододи хешро барои баланд бардоштани таронахои точикй низ истифода мебурданд. Мусикии мо ба хамин таронахо ниёз дорад. Ба Шумо муваффакият.

9 01 2010
asis

Маро чизи дигар ба фикр меандозад, ки чаро он сарояндагони бомахорате, ки дар саъна нав падид омадаанд, реклама намешаванд? Масалан гурухи Шабдез, Самандар Пулодов, гуфтан мумкин аст охангхои академй доранд, вале шумори сурудхоягон кам, ва дар радиёву телевизиён хеле кам пахш мегарданд.

11 01 2010
ilhom

Азизи гиромй, ана хамин саволи Шумо шояд як тарафи посухе бошад, ба суоле, ки аз Махбуб пурсон шудам. Шояд хастанду лек онхоро кам касон мешиносанд. Телевизюнхои давлатй танхо хасу хошоки пулдорро намоиш медиханд.

29 01 2010
Андароби

Илхом бародар, он кадар бо сузу гудоз ва самимонаву мушикофона навиштаи, ки бо хондани навиштахоят ашк дар чашмонам халка зад. Хусусан, ёдоварият аз он як лахзаи кутохи бедории милли ва хамбастагии вокеие, ки бо азму талоши ватанхохони хакики ба даст омада буд, хеле муассир ва риккатовар аст. Ташаккур. Аз ин ба баъд яке аз фаъолтарин хонандахо ва таблиггари сомонаат хохам буд

29 01 2010
ilhom

Салом бародари гиромй! Хуш омадед! Як чахон ташаккур барои нома ва мухлисй. Эээ, дилу чонам фидои он солхо, фидои он бедорон, фидои он вакилон, фидои он рузноманигорон, фидои он миллатдустон, фидои он шоирону хофизон. Оре бародар, меарзад ки ба ёди он бузургй ашк хам бирезем. Хеле равшан ва фаромушнашаванда дар хотираам сабт шудаанд. Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: