ЖУКИ КОЛОРАДО

31 01 2010

Дируз аз Точикистон боз ба Русия баргаштам. Рости дар андешаи он будам, ки пас аз парвоз матлабе бо танкиди шадид дар бораи пулситонихои гайриконунии фурудгохи шахри Хучанд хохам навишт. Аммо ин тавр нашуд. Хам аз рафтан ва хам аз омадан ягон дирами зиёдатй пора надодаам. Пеш аз сафар дар сайти вароруд хондам, ки хамагй 5 сомону 10 дирам харч бояд шавад. Ду сомонию дах дирам барои назорати фитосанитарй ва се сомонй ба гумрук барои борхалтакобй. Якум назорати фитосанитарй маро пешвоз гирифтанд. Шиносномаамро гирифта 10 сомонй дихед гуфт. Бо нармй ва бе бахсу кашмакаш аз у пурсидам: «бародар, дар кисаам хамин 2 сомону 10 дирам пул мондааст ва дар борхалтаам жуки колорадо надорам ва ягон чизи манъшуда…» Корманди фитосанитария як ачоиб нигох карда, ба яке аз кормандони зердасташ фармон дод борхалтаамро кушоянд. Борхалтаамро кушоданд. Аз хама боло магзу мавизхои модарамдода меистоданд. Ба онхо ишора карда асабона пурсид: «Ина и магзо сертификаташ ку?» Дар ин савол хайрон ва гунахкорона сарамро хам карда «Ака, жук нест ку зато»… 🙂
У дастафшонду шиносномаамро ба дастам дод ва ишора кард, ки равам. Уффф… Аз якумаш гузаштам. Аз чи бошад бозии машхури компутерии «Марио», ки хеле мухлисаш будам ба хотирам омад. Бале, мо мусофирон хама мариочаи алохидае будем, ки аз зина ба зина мегузаштем. Яке бобарор мегузашту яке
бебарор. Инак «бозй» идома дорад, ман дар зинаи дуввум — ГУМРУК. Ду нафар маро кабул карданд. Яке борчомаамро мекофту дигари ба ман саволхо дода когази декларатсиаро пур мекард. Пешаки барои пардохти гумрук се сомонй тайор карда будам, вале аз чи буд, ки пас аз чустучу когази декларатсиаро ба дастам дода чавоб доданд. Сипас барои руйпушкунии борхалта 5 сомон ва когази декларатсиаро ба як корманде назди миз нишаста супорида ба гузаргохи Нуктаи Назорати..(пограничнико) рафтам. Дар инчо ба шиноснома мухр гузошта 10 сомонй талаб карданд. Аз онхо боз ба нармй пурсидам, ки барои чй 10 сомон? Корманд ба суям нигох карду шиносномаро баргардонд ва рухсат дод равам.
Хаминтарик бо харчи 7 сомонй аз хама зинахо гузаштам ва дар хавопаймо нишастам. Аз ду нафар кунчковона пурсон шудам, ки ба кй чанд пул доданд. Чунин чавоб гирифтам:
1. Назорати фитосанитарй — 10 сомон.
2. Гумрук барои кофтукови сумка ва навиштани декларатсия — 10 сомонй
3. Як мизи дигар монда декларатсияхоро мегиранд — 5 сомонй.
4. Барои руйпуш намудани богоч — 5 сомонй.
5. Гузаштан аз нуктаи назорати сархади — 5 сомонй.
Хамаги 35 сомонй хар яктоаш харч кардааст. Онхо харчи маро пурсон шуданд. Гуфтам 7 сомону 10 дирам. Ду нафари дигар, ки дар курсихои пеш нишаста моро мешуниданд ба сухбат хамрох шуда гуфтанд, ки онхо ба хеч кадомаш ягон дирам надодаанд.
Ман бошам мисли кахрамон фахр мекардам, ки шояд дар таърихи фурудгох дар поранадодан рекорд гузошта бошам, вале аз ман гандахояш хам будааст. Аз хама ачоибаш пурсиш дар бораи сертификати магзу мавизхои модарамдодагй буд.
Хулоса хамин, ки ин ё он корманд як бор хавой «фалон сомон» мегуяд. Ва яке фавран медихад, дуввумй сабабчуй мекунад ва сеюмй бо гилаву илтимос ягон дирам намедихад.
Хайр, хонандагони азиз ман рафтам ба телефонам пул гузошта аз сихату саломат ба Русия расиданамро ба модар хабар дихам ва хатман шикоят хохам кард, ки чаро аз хосили мевахои хона магзу мавизхоро додеду сертификаташро не..? 🙂

Реклама




ТВ-хои точик хамкадами замона нестанд.

26 01 2010

Дар бисёр кишвархои пешрафтаи дунё ТВ-ширкатхои махсуси кудакона фаъол хастанд, ки барои тарбия ва ташаккули кудакон сахми назаррас мегузоранд. Вакте канали «Бахористон» ба кор шуруъ кард, бисёрихо (аз он чумла камина) хеле хуш истикбол кардем, ки нихоят метавон бехавотирй хурдсолонро назди ТВ танхо гузошт. Дар шахри Сургути Русия як гурух мардикорон фасад ва сахни богчаи бачагонаро таъмир мекардем ва бевосита шохиди он будем, ки чи гуна канали урусии «Теленяня» ва англисии «Baby» кори мураббияхоро осон карда буданд. Кудакчахои 2 сола аллакай номи рангхоро медонистанд ва баробари ТВ талаффуз мекарданд. «Бахористон»-и мо чи? Аслан канали мазкур кадом мархилаи синну солии хурдсолонро дар бар мегирад? Оё дар Точикистон канале тамошобоб вучуд дорад? Чаро имруза масъулон наметавонанд ТВ-и точикро рангорангу тамошобоб намоянд? Ёд дорам солхои 90-ум барномахои ТВ-и точикро (ба хусус барномаи Сапедаро) хатто дар нохияхои назди сархадии Узбакистон бо шавк тамошо мекарданд. Холо ба дилхох нохияхои наздисархадии (бо Узбакистон) Точикистон равед, кудаки 7 сола чунон бо узбаки калдар-малдар мекунад, ки дар хайрат мемонед. Агар пурсед аз кучо омухти? Чавоб хохад дод, ки аз ин ё он ТВ-и узбаки.
Ин хамааш як тараф истад, дар вактхои баромаду мулокотхои чаноби раиси чумхур Рахмон ва барномахои ташвикотй оиди Рогун хатто «Бахористон» ба пахши барномахои ТВ1 мегузарад. Бечора кудаки панч шашсола чи мефахмад аз сиёсату сахмияву Рогун? Калонсолон хисобашонро меёбанд. Яке каналхои мохворагиро ба кор меандозаду дигари дари хонаи хамсояро барои дарёфти филми дивиди мекубад. Саввуми кудаконро назди канали урусие аз мохвора танхо мегузорад. Ва ин канали «Теленяня» бошад дарди бахайр, хеч гап не, аввал забони русиро омухта сипас модариро.. Вале агар ОРТ, НТВ, ДТВ ва гаира бошад, вой бар холи насли ояндаи мо. Ин каналхо хатто дар рекламахояшон духтархои нимбарахна ва сахнахои бусаю канор намоиш медиханд. Бо ин фархангу адабиёти бой чаро наметавонем аккалан барои хурдсолон ТВ-канали тамошобоб
пешниход намоем? Хайр, агар сохтану бофтан мушкил бошад, наход тарчима аз каналхои русию англисй ин кадар мушкил бошад? Метавон беохир чумлахои саволи сохт, аммо чи суд? Корвон хамон корвон аст…