ТВ-хои точик хамкадами замона нестанд.

26 01 2010

Дар бисёр кишвархои пешрафтаи дунё ТВ-ширкатхои махсуси кудакона фаъол хастанд, ки барои тарбия ва ташаккули кудакон сахми назаррас мегузоранд. Вакте канали «Бахористон» ба кор шуруъ кард, бисёрихо (аз он чумла камина) хеле хуш истикбол кардем, ки нихоят метавон бехавотирй хурдсолонро назди ТВ танхо гузошт. Дар шахри Сургути Русия як гурух мардикорон фасад ва сахни богчаи бачагонаро таъмир мекардем ва бевосита шохиди он будем, ки чи гуна канали урусии «Теленяня» ва англисии «Baby» кори мураббияхоро осон карда буданд. Кудакчахои 2 сола аллакай номи рангхоро медонистанд ва баробари ТВ талаффуз мекарданд. «Бахористон»-и мо чи? Аслан канали мазкур кадом мархилаи синну солии хурдсолонро дар бар мегирад? Оё дар Точикистон канале тамошобоб вучуд дорад? Чаро имруза масъулон наметавонанд ТВ-и точикро рангорангу тамошобоб намоянд? Ёд дорам солхои 90-ум барномахои ТВ-и точикро (ба хусус барномаи Сапедаро) хатто дар нохияхои назди сархадии Узбакистон бо шавк тамошо мекарданд. Холо ба дилхох нохияхои наздисархадии (бо Узбакистон) Точикистон равед, кудаки 7 сола чунон бо узбаки калдар-малдар мекунад, ки дар хайрат мемонед. Агар пурсед аз кучо омухти? Чавоб хохад дод, ки аз ин ё он ТВ-и узбаки.
Ин хамааш як тараф истад, дар вактхои баромаду мулокотхои чаноби раиси чумхур Рахмон ва барномахои ташвикотй оиди Рогун хатто «Бахористон» ба пахши барномахои ТВ1 мегузарад. Бечора кудаки панч шашсола чи мефахмад аз сиёсату сахмияву Рогун? Калонсолон хисобашонро меёбанд. Яке каналхои мохворагиро ба кор меандозаду дигари дари хонаи хамсояро барои дарёфти филми дивиди мекубад. Саввуми кудаконро назди канали урусие аз мохвора танхо мегузорад. Ва ин канали «Теленяня» бошад дарди бахайр, хеч гап не, аввал забони русиро омухта сипас модариро.. Вале агар ОРТ, НТВ, ДТВ ва гаира бошад, вой бар холи насли ояндаи мо. Ин каналхо хатто дар рекламахояшон духтархои нимбарахна ва сахнахои бусаю канор намоиш медиханд. Бо ин фархангу адабиёти бой чаро наметавонем аккалан барои хурдсолон ТВ-канали тамошобоб
пешниход намоем? Хайр, агар сохтану бофтан мушкил бошад, наход тарчима аз каналхои русию англисй ин кадар мушкил бошад? Метавон беохир чумлахои саволи сохт, аммо чи суд? Корвон хамон корвон аст…

Реклама

Действия

Information

6 комментариев

28 01 2010
Равшан

Салом бародари азиз Илхом. Хайрият ки аз худ дарак медодед. Кучо будед ин муддати дароз?
Хондам, вокеан хам мавзуи дог аст!

28 01 2010
ilhom

Салом бародар, Равшан! Ман ду мох мешавад дар Точикистон. Яъне ба «истирохат» , ба Ватан баргаштам.
Мо точикон метавонем тв-шабакахои номдор дошта бошем, метавонем филмхои хуччатию бадеии олидарача офарем. Танхо ба кавли Хоча Хофиз:
..Тавки заррин хама дар гардани хар мебинам…

10 02 2010
Parviz

Салом алейкум, бародар! Як хафта пеш тасодуфан бо ин сайти шумо дучор шудам, тарзи навиштатону мавзуъхое ки шумо пешниход мекунед, расо маъкул шуданд. Шумо дар бораи адабиету фарганхи бои мо дуруст ишорат кардем, хар руз аз ТВ карнай мезананд: мо насли ориеи, дорои шоирону нависандагони бузургу гайраву хоказо. Агар хамон классикони форси ба забони насли наврасони мо таваччух медоданд, муяшон сафед мешуд. Дуруст гуфтед, хозир дар нохияи Сугд куллан хамаи барномахо кудакони бо забони узбаки пахш мешаванд, бисерихо хачми зарурии калимахои точикиро намедонанду бинобар ин бо киесхои (аналогхои) баен мекунанд.
Байни шиносхоям 90 фоизашон забони точикиро бо хачми «чихели, сози» медонанд, бисерихо гумон доранд ки бо забони руси гап заданро муносиб дидаанд.
Ман намедонам, баъди 20-30 сол чи мешад. Худам агар бачадор шавам, сарам хайрон аст, кадом чорая бинам, ки забони точикиро хатто бо микдори каноатбахш донад, чунки вакти дароз дар Русия умр ба сар мебараму максад дорам дар оянда хам инчо зиндаги кунамю.

Ман як халро ба раисхои мухтарамхи оличанобхои ТВ пешниход мекардам: бо забони форси дар Эрон бисер барномахо расо чолибу завковар бахш мешаванд, раесати ТВ метавонист аз онхо истифода баранд, ба хар хол, мо хамзабон. Чунки сатхи дониши забони форси (=точики) аз тарафи эронихо назар ба точикхо (сад афсус) баландтар аст. Барномахо тайеранд, танго гиреду худатон ба лахчаи точики тарчума кунед, халос.

Бубахшед, агар вакти шумоя аз хад бисер гирифтам. Ба шумо саломатию сарбаланди. Маколахои шумоя интизор шуда шиштем.

11 02 2010
ilhom

Салом Парвизчон. Дируз дар кучое хондам, ки раиси ТВ Бахористон як бону шудаанд. Умедворем, ки ягон бехбудие шавад. Мавзуъхову навиштахо бисёранд, вале камтар вакт тангй карда истодааст. Бо дарёфти камтарин фурсат албатта онхоро иншо хохам кард. Саломат бошед.

10 03 2010
фируз

Ман дар шахри,Москав мебошам лекин мехохам,ки дар Точикистон рафта дар ягон донишгох тахсил намоям.

10 03 2010
ilhom

Фикри хуб, бародар Фируз. Барои хондан хеч вакт дер нашудааст. Маълумоти оли ки гирифтед дипломро дар таги сандук монда боз шкатур ба мархамат. ))

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: