ЖУКИ КОЛОРАДО

31 01 2010

Дируз аз Точикистон боз ба Русия баргаштам. Рости дар андешаи он будам, ки пас аз парвоз матлабе бо танкиди шадид дар бораи пулситонихои гайриконунии фурудгохи шахри Хучанд хохам навишт. Аммо ин тавр нашуд. Хам аз рафтан ва хам аз омадан ягон дирами зиёдатй пора надодаам. Пеш аз сафар дар сайти вароруд хондам, ки хамагй 5 сомону 10 дирам харч бояд шавад. Ду сомонию дах дирам барои назорати фитосанитарй ва се сомонй ба гумрук барои борхалтакобй. Якум назорати фитосанитарй маро пешвоз гирифтанд. Шиносномаамро гирифта 10 сомонй дихед гуфт. Бо нармй ва бе бахсу кашмакаш аз у пурсидам: «бародар, дар кисаам хамин 2 сомону 10 дирам пул мондааст ва дар борхалтаам жуки колорадо надорам ва ягон чизи манъшуда…» Корманди фитосанитария як ачоиб нигох карда, ба яке аз кормандони зердасташ фармон дод борхалтаамро кушоянд. Борхалтаамро кушоданд. Аз хама боло магзу мавизхои модарамдода меистоданд. Ба онхо ишора карда асабона пурсид: «Ина и магзо сертификаташ ку?» Дар ин савол хайрон ва гунахкорона сарамро хам карда «Ака, жук нест ку зато»… 🙂
У дастафшонду шиносномаамро ба дастам дод ва ишора кард, ки равам. Уффф… Аз якумаш гузаштам. Аз чи бошад бозии машхури компутерии «Марио», ки хеле мухлисаш будам ба хотирам омад. Бале, мо мусофирон хама мариочаи алохидае будем, ки аз зина ба зина мегузаштем. Яке бобарор мегузашту яке
бебарор. Инак «бозй» идома дорад, ман дар зинаи дуввум — ГУМРУК. Ду нафар маро кабул карданд. Яке борчомаамро мекофту дигари ба ман саволхо дода когази декларатсиаро пур мекард. Пешаки барои пардохти гумрук се сомонй тайор карда будам, вале аз чи буд, ки пас аз чустучу когази декларатсиаро ба дастам дода чавоб доданд. Сипас барои руйпушкунии борхалта 5 сомон ва когази декларатсиаро ба як корманде назди миз нишаста супорида ба гузаргохи Нуктаи Назорати..(пограничнико) рафтам. Дар инчо ба шиноснома мухр гузошта 10 сомонй талаб карданд. Аз онхо боз ба нармй пурсидам, ки барои чй 10 сомон? Корманд ба суям нигох карду шиносномаро баргардонд ва рухсат дод равам.
Хаминтарик бо харчи 7 сомонй аз хама зинахо гузаштам ва дар хавопаймо нишастам. Аз ду нафар кунчковона пурсон шудам, ки ба кй чанд пул доданд. Чунин чавоб гирифтам:
1. Назорати фитосанитарй — 10 сомон.
2. Гумрук барои кофтукови сумка ва навиштани декларатсия — 10 сомонй
3. Як мизи дигар монда декларатсияхоро мегиранд — 5 сомонй.
4. Барои руйпуш намудани богоч — 5 сомонй.
5. Гузаштан аз нуктаи назорати сархади — 5 сомонй.
Хамаги 35 сомонй хар яктоаш харч кардааст. Онхо харчи маро пурсон шуданд. Гуфтам 7 сомону 10 дирам. Ду нафари дигар, ки дар курсихои пеш нишаста моро мешуниданд ба сухбат хамрох шуда гуфтанд, ки онхо ба хеч кадомаш ягон дирам надодаанд.
Ман бошам мисли кахрамон фахр мекардам, ки шояд дар таърихи фурудгох дар поранадодан рекорд гузошта бошам, вале аз ман гандахояш хам будааст. Аз хама ачоибаш пурсиш дар бораи сертификати магзу мавизхои модарамдодагй буд.
Хулоса хамин, ки ин ё он корманд як бор хавой «фалон сомон» мегуяд. Ва яке фавран медихад, дуввумй сабабчуй мекунад ва сеюмй бо гилаву илтимос ягон дирам намедихад.
Хайр, хонандагони азиз ман рафтам ба телефонам пул гузошта аз сихату саломат ба Русия расиданамро ба модар хабар дихам ва хатман шикоят хохам кард, ки чаро аз хосили мевахои хона магзу мавизхоро додеду сертификаташро не..? 🙂

Реклама

Действия

Information

6 комментариев

1 02 2010
Follower

супер навиштед, махсусан мукоиса бо бозии Марио

2 02 2010
ilhom

Follower, ончо хар як аждахорхое хастанд, ки хой-хой нагуи мариоро бо богочаш фуру мебаранд…

2 02 2010
Али

Худованд Шуморо дар гарибихо дар панохи худаш нигах дорад… Ха гуфтаги барин хамун сертификати магзу мавизро ки гирифтед намунаашро дар торнигоратон гузоред то мо хам бубинем…

2 02 2010
ilhom

Ташаккур. Худованд, шуморо низ ва хамаи бандагони мусулмон ва хусусан хамаи мардикоронро, ки доим, дар хонаю куча хаёташон зери хатар аст, дар панохаш нигах дорад.

10 02 2010
Азиз

Ман коилам, Илхомчон. )
Чунин як манзараи хузнангезро шавковару хандаовар накл кардаи. Ташаккур!)

Факат як чизро пурсиданиям. «Барои руйпушкунии борхалта 5 сомон» — мачбури нест, ха?

11 02 2010
ilhom

Салом бародар, Азиз. Руйпуши богоч бояд ихтиёрй бошад, вале ба фикрам агар ихтиёрй эълон намоянд хеч кас аз ин хизматрасонй истифода нахохад кард. Барои хамин мачбурй гуфтанд. Мисли хамин сахмияфурушй..

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: