Хабари нохуш аз Казон

28 02 2010

(Як нафар хонандаи торнигор аз Казон чунин иттилоъ дод, ки хеле гамгин шудем. Чояш чаннат бод, Омин.
ва ба наздиконаш аз даргохи Парвардигор сабри чамил металабем.)

Имруз 27 феврали
соли 2010 дар
шахри Казани
Руссия , як бародари
Точик низ чон ба
Хак супурд . Чор руз
пеш уро бо охан
дар пушти сараш
зада буданд , ки то
имруз дар
шифохона бистари
буд . Худо рахматаш
кунад, тахминан 45
сол дошт, бо зану
фарзандонаш дар
ин шахр солхои
зиёд буд , ки
зиндаги мекард.
Чанд сол инчониб
ронандаи автобус
шуда кор мекард .
Ватани аслиаш
нохияи Файзобод
буд . Дар рузхои
наздик ба Ватан
инткол хохад шуд.
Хонандагони азиз,
дар хакаш дуъои
нек кунед . Худоё
Чаннат-ул-
фирдавсро
насибаш
бигардони ! ОМИН!

Реклама




Защищено: Як хамлаи скинхедхо (давомаш).

28 02 2010

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:





Як хамлаи скинхедхо.

26 02 2010

(Аз сиёхнависи ёддоштхои тирамохи соли 2009.)

Вокеае, ки он руз шохидаш гаштам, маро водор кард онро руи торнигор орам. Сахари тахминан соати 7, суи истгохи бозори Черемушки (шахри Краснаяриск) мерафтам, то ба мусофирбари зарурй нишаста ба кор равам. То истгох наздик ба 15 кадам монда буд. Оромии сахарии ончоро як шуру гавгое, ки аз пушти истгох мерасид халалдор мекард. Чашмам ба ду нафар афтод, ки ин су он су медавиданд. Аз онхо дуртар дар руи барф касе мехобид. Аз гандумрангии онхо маълум буд, ки гайрирус хастанд. Дар аввал фикр кардам, ки шояд озарй хастанд, вале вакте калимахои форсй ба гушам расид точик будани онхо фахмо гашт ва зуд наздашон шитофтам. Марде пурожанг, тахминан 40-45 сола дар даст телефони мобилй ин су, он су бошитоб рох гашта, кадом хамшахриашро ба ёрй даъват мекард. Аз суханронихояш фахмо гашт, ки ба онхо дузд, ё миллатчихои урус хамла кардаанд. Боло чашмаш захм бардошта буд ва хун аз пахлуи чашмаш гузашта то ба зери манах равон шуда буд. Дуввумй, чавони хароби кадбаланд ва тахминан 18-20 сола буд. У ягон чояш захмй набуд, вале нигоху ранги руяш гувохй медод, ки хеле тарсидааст. Дар дасташ зарфе обдор суи саввумй мешитофт. Саввумй, бехушу беёд хоб буд. Дар назди нишаста набзи дасташро чустам. Дилаш хеле охиста мезад. Дар руи у ягон захме дида намешуд. Сахт- сахт меларзид. Он марди пурожанг наздам шитофт ва бо чашмони пур аз ашк аз ман ёрй мехост. Худоё, чи ёрй хам аз дастам меояд дар ин холат? Дасту по хурда намедонистам чи тавр кумаки аввалиндарача бояд кард. Ин марди пурожанг вокеаро мефахмонд, ки панч дакика пеш се нафар ба онхо хучум карданд. Ин марди 40 сола ва он чавони бехуши хобида, ки тахминан 30 сола буд, бо онхо муковимат нишон медиханд. Вале он чавони 20 сола ягон муште назада ва нахурда мегурезад. Ин ду бо он се нафар ки дар дасти як нафарашон тахтачуб будааст хеле занозан менамоянд, вале вакте ин пахлавони хобида ба сараш зарбаи сахти тахтачуб мерасад, аз пой меафтад. Тахтачуб аз зарбаи сахт мешиканад, ки порахояш ончо буданд. Миллатчихои урус баробари афтидани у рохи гурез мегиранд…
Ин марди солхурда чавони хобидаро такон дода бо ашки резон, фарёд мекард, ки Алишер хез..
Ба у фахмондам, ки такон надихад уро, чунки агар майнааш лат дида бошад (сотрясение мозга) харгиз уро начунбонанд. Ин хама вокеаро тудаи одамони истгох аз дур наззора мекарданд. Як урусзани тахминан 40 сола наздамон омад ва пурсид, ки ёрии таъчилиро чег задаанд ё на? Он марди пурожанг чавоб дод, ки ха чег заданд. Ба хар хол фикр кардам, ки бехтараш хамин зани урус бори дигар ёрии тиббиро даъват намояд. Бо телефони худ занг зада баробари пайвастшавии алока онро ба зани урус додам. У бо шеваи дурусти руси нишонаи инчоро дод.
Дасту рую пешонии Алишер хеле сард гашта буд..

(Давом дорад)





Защищено: Кансе кансов..

18 02 2010

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:





«..Буи турушй бехтар буд..»

14 02 2010

Байни бисёр мардикорон методи «замена» ба хукми анъана даромадааст. Хубии ин дар он аст, ки шахси нав аз Точикистон омада бе мушкилй сохиби чои кор мешавад ва шахси чои корро холй карда ба дидори наздиконаш ба Точикистон бармегардад. Аз хама мухимаш чои кор аз даст намеравад. Боре пас аз омадани мо Мусою Носир чои корро ба мо супорида ба Ватан баргаштанд. Онхоро гусел кардаму андешидам, ки шояд Носир бо норозигихои шухиомезаш то ба Точикистон расидан гуши Мусоро кар кардагист.
Гап дар сари он ки як руз пеш аз сафар Мусо ба бозору магозахо хадяхарй рафт. Носир ба у пул дода, таъкид кард «…чи чизе мехарй албатта дуто-дуто бихар.
Ман ба табъи ту эътимод дорам ва он чизе ки ту мехарй, на вобаста аз арзишу нархаш албатта ба ман хам маъкул хохад шуд.»
Мусо аз руи хохиши Носир амал кард ва хама харидхояш ба у маъкул буд, ба чуз шишачаи 50мл-и атри (туалетная вода) HugoBoss Valdesarini. Вакте ки Носир нархи онро дар чек дид доду вояш ба фалак печид. «Хамин шишачаро бо 1800 рубл харидй?!» Мусо гуфт, ки ин серияи нави HugoBoss аст ва Valdesarini ном дорад. Носири бечора хамоно дод мезад, «Эээ, хонам сухте.. Вой пулакаме.. Хааазооору хааашсааад сум! Эээ, ин валдесарини не, дардисарине! 1800 сума ман як мох дар Точикистон бо бачаяком мехурдаме..» Мусо гуфт ин тавр бошад, пулашро баргардонда
хардуяшро мегирад, вале Носир гуфт, «Хайр шудаги кор шуд. Онро бурда дар токчаи баланд мегузорам ва дар як сол як бор, дар чашни зодрузам ду чакрача истифода хохам кард.» Хамин тавр то назди дари фурудгох, ки бо хам будем як-як Носир «мекафид». «Вой дод, ки 1800 сум дода дардисарине харидам. Ээ, хамон буи туруши мекардам бехтар буд..» Ин шикоятхои у як шухие буданд, ки бо махорати баланд бо чиддият садо медоданд.





An die Regierung Bundesrepublik Deutschland (copy)

12 02 2010

An die Regierung
Bundesrepublik
Deutschland, und Federal
Foreign Minister
Guido Westerwelle.
Wir bitten Sie Herrn
Michael Galustjan
kein Visum erstellen,
um nach Nürnberg
zu anreisen. Herr
Michael Galustian im
TV programm «Nascha Russia»
demütigt die Ehre
und die Würde der
tadschikischen
Nation und
entwickelt den
Nationalismus und
Faschismus gegen
die Mittelasiatischen
Völker.

/Нусхаи номае,ки аз номи 11 нафар мухочир ба хукумат ва вазорати корхои хоричии Олмон фиристода шудааст./





Коидахои бакайдгузорй (регистратсия) дар шахрхои Русия.

11 02 2010

Бештари мардикорони точик аз сабаби надонистани тартибу низоми бакайдгузорй мачбуранд ба миёнаравхо дар ивази аз 2 то 4 хазори урусй «регистратсия» намоянд ва дар бисёр холатхо ин когаз калбакй(фалшивий) мебарояд, ки дар оянда боиси чаримасупорй ва хатто берунронй(депортатсия) мегардад. Ин кори душвор нест ва бехтараш худашон мустакилона хамагй як рузи худро сарф карда, бакайд гузоранд. Ба хамагон маълум аст, ки баробари ба чои расида(место прибытие) дар тули се рузи кори худро ба кайд гузоранд. Барои ин албатта сохибхона ё дилхох шахрванди Русия чунин хуччатхоро гирифта ба наздиктарин УФМС равад:
1. Шиносномаи сохибхона.
2. Нусхаи (ксерокопия) шиносномаи сохибхона (сахифаи чои истикомат низ нусха шавад).
3. Шиносномаи шумо.
4. Нусхаи хамаи сахифахои шиносномаи шумо.
5. Варакаи мухочирй (миграсионая карта).
6. Нусхаи харду тарафи, яъне пасу пеши варакаи мухочирй (мигр/карта).
7. Квитансияи «Сбербанк»-и Русия дар бораи ба суратхисоби ФМС, барои бакайдгузорй ба чои расида(регистрасия по месту прибытие) пардохт кардани 180 рубли урусй.

Ана хамин хуччатхоро сохибхонаатон ба ФМС барад шуд, бе иштироки шумо низ, дар давоми ним соат кайдномаи(регистратсия) семоха тайор мешавад. Пас чи зарур се чор хазор додан, дар холе, ки бо 180 рубл метавон гирифт? Муваффакият!