«..Буи турушй бехтар буд..»

14 02 2010

Байни бисёр мардикорон методи «замена» ба хукми анъана даромадааст. Хубии ин дар он аст, ки шахси нав аз Точикистон омада бе мушкилй сохиби чои кор мешавад ва шахси чои корро холй карда ба дидори наздиконаш ба Точикистон бармегардад. Аз хама мухимаш чои кор аз даст намеравад. Боре пас аз омадани мо Мусою Носир чои корро ба мо супорида ба Ватан баргаштанд. Онхоро гусел кардаму андешидам, ки шояд Носир бо норозигихои шухиомезаш то ба Точикистон расидан гуши Мусоро кар кардагист.
Гап дар сари он ки як руз пеш аз сафар Мусо ба бозору магозахо хадяхарй рафт. Носир ба у пул дода, таъкид кард «…чи чизе мехарй албатта дуто-дуто бихар.
Ман ба табъи ту эътимод дорам ва он чизе ки ту мехарй, на вобаста аз арзишу нархаш албатта ба ман хам маъкул хохад шуд.»
Мусо аз руи хохиши Носир амал кард ва хама харидхояш ба у маъкул буд, ба чуз шишачаи 50мл-и атри (туалетная вода) HugoBoss Valdesarini. Вакте ки Носир нархи онро дар чек дид доду вояш ба фалак печид. «Хамин шишачаро бо 1800 рубл харидй?!» Мусо гуфт, ки ин серияи нави HugoBoss аст ва Valdesarini ном дорад. Носири бечора хамоно дод мезад, «Эээ, хонам сухте.. Вой пулакаме.. Хааазооору хааашсааад сум! Эээ, ин валдесарини не, дардисарине! 1800 сума ман як мох дар Точикистон бо бачаяком мехурдаме..» Мусо гуфт ин тавр бошад, пулашро баргардонда
хардуяшро мегирад, вале Носир гуфт, «Хайр шудаги кор шуд. Онро бурда дар токчаи баланд мегузорам ва дар як сол як бор, дар чашни зодрузам ду чакрача истифода хохам кард.» Хамин тавр то назди дари фурудгох, ки бо хам будем як-як Носир «мекафид». «Вой дод, ки 1800 сум дода дардисарине харидам. Ээ, хамон буи туруши мекардам бехтар буд..» Ин шикоятхои у як шухие буданд, ки бо махорати баланд бо чиддият садо медоданд.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: