Як хамлаи скинхедхо.

26 02 2010

(Аз сиёхнависи ёддоштхои тирамохи соли 2009.)

Вокеае, ки он руз шохидаш гаштам, маро водор кард онро руи торнигор орам. Сахари тахминан соати 7, суи истгохи бозори Черемушки (шахри Краснаяриск) мерафтам, то ба мусофирбари зарурй нишаста ба кор равам. То истгох наздик ба 15 кадам монда буд. Оромии сахарии ончоро як шуру гавгое, ки аз пушти истгох мерасид халалдор мекард. Чашмам ба ду нафар афтод, ки ин су он су медавиданд. Аз онхо дуртар дар руи барф касе мехобид. Аз гандумрангии онхо маълум буд, ки гайрирус хастанд. Дар аввал фикр кардам, ки шояд озарй хастанд, вале вакте калимахои форсй ба гушам расид точик будани онхо фахмо гашт ва зуд наздашон шитофтам. Марде пурожанг, тахминан 40-45 сола дар даст телефони мобилй ин су, он су бошитоб рох гашта, кадом хамшахриашро ба ёрй даъват мекард. Аз суханронихояш фахмо гашт, ки ба онхо дузд, ё миллатчихои урус хамла кардаанд. Боло чашмаш захм бардошта буд ва хун аз пахлуи чашмаш гузашта то ба зери манах равон шуда буд. Дуввумй, чавони хароби кадбаланд ва тахминан 18-20 сола буд. У ягон чояш захмй набуд, вале нигоху ранги руяш гувохй медод, ки хеле тарсидааст. Дар дасташ зарфе обдор суи саввумй мешитофт. Саввумй, бехушу беёд хоб буд. Дар назди нишаста набзи дасташро чустам. Дилаш хеле охиста мезад. Дар руи у ягон захме дида намешуд. Сахт- сахт меларзид. Он марди пурожанг наздам шитофт ва бо чашмони пур аз ашк аз ман ёрй мехост. Худоё, чи ёрй хам аз дастам меояд дар ин холат? Дасту по хурда намедонистам чи тавр кумаки аввалиндарача бояд кард. Ин марди пурожанг вокеаро мефахмонд, ки панч дакика пеш се нафар ба онхо хучум карданд. Ин марди 40 сола ва он чавони бехуши хобида, ки тахминан 30 сола буд, бо онхо муковимат нишон медиханд. Вале он чавони 20 сола ягон муште назада ва нахурда мегурезад. Ин ду бо он се нафар ки дар дасти як нафарашон тахтачуб будааст хеле занозан менамоянд, вале вакте ин пахлавони хобида ба сараш зарбаи сахти тахтачуб мерасад, аз пой меафтад. Тахтачуб аз зарбаи сахт мешиканад, ки порахояш ончо буданд. Миллатчихои урус баробари афтидани у рохи гурез мегиранд…
Ин марди солхурда чавони хобидаро такон дода бо ашки резон, фарёд мекард, ки Алишер хез..
Ба у фахмондам, ки такон надихад уро, чунки агар майнааш лат дида бошад (сотрясение мозга) харгиз уро начунбонанд. Ин хама вокеаро тудаи одамони истгох аз дур наззора мекарданд. Як урусзани тахминан 40 сола наздамон омад ва пурсид, ки ёрии таъчилиро чег задаанд ё на? Он марди пурожанг чавоб дод, ки ха чег заданд. Ба хар хол фикр кардам, ки бехтараш хамин зани урус бори дигар ёрии тиббиро даъват намояд. Бо телефони худ занг зада баробари пайвастшавии алока онро ба зани урус додам. У бо шеваи дурусти руси нишонаи инчоро дод.
Дасту рую пешонии Алишер хеле сард гашта буд..

(Давом дорад)

Реклама

Действия

Information

3 комментария

28 02 2010
Мухочир

Имруз 27 феврали соли 2010 дар шахри Казани Руссия, як бародари Точик низ чон ба Хак супурд. Чор руз пеш уро бо охан дар пушти сараш зада буданд, ки то имруз дар шифохона бистари буд. Худо рахматаш кунад, тахминан 45 сол дошт, бо зану фарзандонаш дар ин шахр солхои зиёд буд, ки зиндаги мекард. Чанд сол инчониб ронандаи автобус шуда кор мекард. Ватани аслиаш нохияи Файзобод буд. Дар рузхои наздик ба Ватан инткол хохад шуд. Хонандагони азиз, дар хакаш дуъои нек кунед. Худоё Чаннат-ул-фирдавсро насибаш бигардони! ОМИН!

28 02 2010
ilhom

Ташаккур бародар, албатта дар хаккаш дуо хохем кард. Бигуед, ки ягон диаспора ё консулгарии точикон аз казия хабар доранд? Ва чи амал ё кумаке расониданд?

1 03 2010
Мухочир

Аз ин ходиса диаспор ва хамаи Точикони ш. Казон хабар доранд. Чунки, хар вакте ки, ягон бародари Точик дар ин чо бифавтад, чанозаашро дар хамин чо мехонанд ва хамаи Точиконро аз вакту соати гузориши чаноза огах мекунанд. Дар мавриди чи кумакхо расонидаанд, чизе гуфта наметавонам. (умуман, вактоки ягон бародари Точик дар Казон аз дунё гузарад, хамаи Точикони бозорхову сохтмонхо, хатман кумакхои худро мерасонанд) Вале як чизро сад фисад гуфта метавонам, ки рахбарони хамон автобазае, ки мархум кор мекард, хамаи харочотро ба ухдаи худ гирифтаанд. Рахматиро бо зану чанд фарзанди дигараш, аз тарафи корхонааш чиптахои таёраро харида доданд. Барои тобутро бо ахлу байти мархум, аз Казон ба ш. Самара бурдан, боз як микроавтобуси дигар низ доданд, ки имруз баъди маросими чанозаи мархум, ба шахри Самара харакат намуданд. Фардо аз ш. Самара бо таёра ба Душанбе хоханд рафт!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: