Як хамлаи скинхедхо (давомаш).

28 02 2010

Алишер нафас намегирифт. Танхо дилаш бо як сусти базур-базур метапид.
Дере нагузашта, як хамшахрии онхо омад. Ва аз паси у нихоят ёрии таъчилй низ расид. Духтурзанак бо як ёрдамчии худ давон назди Алишер омаданд. Духтур набзи дасташро санчида, сипас аз чомадонаш пахтаро бо доруе тар карда, ба бинии Алишер гузошт.
Дар ин хол ду милиса низ аз кучое пайдо шуданд ва аз марди солрафта вокеаро пурсон шуданд.
Алишер аз буи дору сурфае карда, ба нафаскашй даромад ва чашмонашро кушода харакати аз чой хестан мекард. Духтур уро ором кардани мешуд ва барои фахмидани хотираю хуш, номашро пурсон мешуд. Вале Алишер чизе намегуфт ва танхо мачоли аз чой бархостан мекард.
Аз кучое садои сирена ба гуш мерасид ва торафт баланд мешуд. Инак боз як мошинаи ёрии таъчилй омад. Инаш шояд даъвати хамон урусзанак буд. Духтурхо дуто шуданд.
Алишер хамоно ба саволхои духтур чавоб намедод. Пас аз фурсате аз харакат боз монд ва аз бинию дахонаш кафк хуруч мекард. Маълум гардид, ки аз нафаскашй бозмонд.
Духтур пахтаро бори дигар ба дору тар карда ба бинии у мемолид, вале Алишер дигар ягон нишонае аз таъсири буи тези дору нишон намедод.
Атрофи Алишерро тудаи одамон милисаю духтурхо ва наздиконаш ихота карда буданд.
Он марди пурожанг дасти чавони хобидаро молиш дода, бо фарёд «Алишер!» мегуфт. Хуни аз абруи зарбёфтааш лат баста буд.
Духтурон бо терминхои тиббй байни худ чизе гуфта, сипас ба ёрдамчихояшон ишора карданд, ки замбарро оранд.
Алишерро бурданд ва аз паси ёрии таъчилй хешовандони у рафтанд.
Пас аз дидани ин вокеа хар боре, ки аз ончо гузар мекардам, шуру гавгою даву тозй он марди пурожанг бо руи хуншор ва он чавони кокинаи тарсуи гурезпою симои Алишер бо чашмони нимпуш пеши назарам меояд.
Афсус аккалан ягон раками телефон аз онхо напурсидам, то фахмам, ки Алишер чи шуд..
Ва агар тасодуфан яке аз онхо, ё ягон шиносу хешовандони огох аз ин ходиса ин сатрхоро хонад, хохиш дорам аз ахволи Алишер иттилоъ дихад.
Агар он чавони хароб намегурехт ва дар пахлуи рафиконаш истода мечангид, шояд голибиятро ба даст меоварданд.
Худо нигахдорад аз ин хел хамсафарони тарсую гурезпо. Дар урфият мегуянд, ки «Як шарти мард — гурехтан аст», аммо дар инчо гурехтан шарти номардист.
Камина, низ замоне гурехта будам. Вале ман хеч касро партофта нагурехтам. Танхо будам ва онхо чор нафар ва аз тарси ширинии чон ру ба гурез нихода будам.
Ва баъд аз он ходиса аз зарфхои пластикй ва бетон хар гуна лавозимотхои машки (гантелу штанга..) сохта ба обу тоби бадан ва варзиш машгул шудем. Гарчанде, ки пас аз рузи вазнини корй хаста мешудем, вале ба нигох доштани чуссаи варзишй ва иродаи кавии чангй сахт ахамият медодем.

Реклама

Действия

Information

One response

11 04 2010
Daler

Rost megui barodar , rafiki hudro partofta gurehtan kori nomardon ast.Hususan dar shahrhoi Rossiya , ki mo tojikon besarpanohem boyad tifoku dust boshem.
Az sh. Krasnoyarsk hotirahoi hushu nohushi ziede doram vakte on joj zindagi doshtam. Helo alamovar bud vakte du tojik tojiki digarro shabongoh labi darjoi Enisej ba kushtan meburdand. E ki tojike ba sari hammillatonash chechenhoro meovard…
Az yakdilii bachahoi Istarafshon,ki dar Bazai Glinka kor mekardand , e ki az tifokii bachahoi Fajzobodu Kofarnihon , ki dar bozori Krastec pojafzolfurush budand , husham meomad…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: