Шери точик ва палангхои озарй

25 03 2010

«Хар беша гумон мабар, ки холист..»
Дар шахраки Пушкинои назди Маскав Фаридун (ном тагир дода шудааст) як точикбача бо пахлавониаш номдор гаштааст. Аз накли як шохиди зинда чунин хикояи вокей руи когаз омад.
Тахминан солхои 2004-2005 дар шахраки хурдакаки Пушкино на танхо точикон, балки дилхох мардикори озару узбаку киргиз дар вакти аз магозаи хурокворй баргаштанаш ба дасти хурдсолакони (малолетка) урус меафтид. Хурдсолакони чинояткор, вакте ки туда-туда иборат аз 5 то 15 нафари чамъ шуданд, омодаанд ба сангинтарин чиноят даст зананд. Миллатхои гайри рус аз руи зарурат ба магоза мерафтанд ва хангоми баргашт мавриди горат, латтукуб ва аз хама камаш мазоху дашному шаппотй мегаштанд.

Дар махалли дигар дар як чоррахаи серодам сартосхо чамъ мешуданд ва ягон гайрирусе вакти аз ончо гузаштан бе латтукуб халос намешуд. Рузе як озарро сартосхо хеле «футбол» мекунанд.
Фаридун, аз руи чусса машкдида ё варзишгар наметобад, лекин як бачаи дар куча калоншуда ва аз хурдсолй чангараю чангдида хаст.
Озархо хама барои касос гирифтан омодагй мебинанд. Зиёда аз бист нафар бачахои бакувват чамъ меоянд ва накшаи касос тартиб медиханд.
Фаридун, ду сол мешавад, ки дар сохтмон кор намекунад. На хама медонист манбаъи даромади уро. У дар як зали варзишй, ки дар ончо чангхои рустй, гайрирасмй ва пулакй мегузашт кор мекард. Инчо на ягон намуди «бокс» ва на «бой без правила», балки як чанггохи кучагиро мемонд, ки тамошобинон пул мепартофтанду ду нафар хохишманд бе хеч коида занозан мекунанд ва пул насиби голиб мешавад. Онхо хатто тренер надоранд. Фаридун бештари вакт бо чангхои точикиаш пешсаф аст ва даромади хуб дорад.
Нихоят озархо накша мекашанд, ки ин гурухи миллатчиро бо ягон рох ба тангкучае баранд, то ягонтоаш гурехта натавонад ва милисахо низ халал надиханд. Он махалро хуб санчида сипас амалиётро огоз мебахшанд. Ба ду гурух таксим мешаванд. Гурухи якум бо калтакхо дар тангкуча мемонанд. Як нафарашонро, ки суръати давиданаш хуб аст ба назди тоссархо мефиристанд. Гурухи дуввум бо фосилаи дур дунболи он як нафарро мегиранд. Ин нафари фиристода аз назди тоссархо мегузарад. Онхо уро доштани мешаванд ва у дашномхои сахт дода суи тангкуча мегурезад. Тоссархо бо газаб уро таъкиб мекунанд. Вакте ки ин як нафари тездав то тамомшавии тангкуча мерасад гурухи якум ба майдон мебароянд. Тоссархо ин тудаи бокалтакро дида ба акиб гурехтани мешаванд, вале дер шуда буд. Гурухи дуввум аллакай аз дигар тарафи тангкуча меомаданд. Хуллас, мухосираи тоссархо, на чои гаштану, на чои гурез.
Фаридунро дар куча касе намешинохт. Вакте аз дари магоза берун меояд «малолеткахо» уро давра мекунанд ва аз у сигору пул талаб мекунанд. Фаридун атрофро аз назар мегузаронад, ки оё чои муносиб аст ё на. Сипас аз кисааш хамёнашро бароварда мекушояд. Онхо мебинанд, ки хамёни у серпул аст. Фаридун як фурсати муносиб ёфта, чолокона давраро убур карда мегурезад. Онхо аз паи сайди худ медаванд, вале бехабар, аз он ки кй сайд асту кй шикорчй. Фаридун суи торикй ва беодамй медавад. Чун макони муносиб меёбад ист мегирад ва омода шуда онхоро «пешвоз» мегирад. Бо хар як зарба як нафаре меафтид.
Дар ин тангкуча ягона рохи гурез бол бароварда ба осмон паридан монда буд. Инак, озархо аз ду тараф ба хучум мегузаранд. Танхо садои вою доди тоссархо ва шикастани устухонхо мебаромад. Пас аз дакикахои башумур дар тангкуча танхо тоссар хоб буданд. Ягонтоашро бе «насиба» нагузоштанд.
Фаридун почахои шимашро афшонда аз чанг тоза карда рохашро идома дод. Дар паси у бачахо шикаставу даридаву бехушу бохуш хоб буданд.
Акнун, дар ин шахрак «калласиёхон» озоду бахузур гардиш менамоянд ва касе пишакашонро пишт намегуяд. Хурдсолакон Фаридунро аз дури дида самти рохашонро дигар мекунанд. Тоссархо мисле бухор шуда бошанд дар ин шахрак дигар наменамуданд.





Медонистам — Наметавонистам, Метавонистам — Намедонистам

23 03 2010

Ба суоли «Точикистон дар чояш?», Мусо, ки хафтаи гузашта аз он чо омад, чавоб дод, «Ээ бародарон, садкаи хоки Русия шавам, ки дар инчо харгиз кисаам бепул намонда буд. Дар Точикистон ба носпулй зор шудам. Кор нест. Нарххо боло мераванду поин не. Яку ним хазор долларе, ки бурдам дар як мох тамом шуданд…»

Мусову Носир мебоист хадди акал ду мох дар Точикистон истирохат мекарданд, вале як мох пас баргаштанд. Хайрият Худо кушоиш доду зуд кор ёфтем. Саввум руз аст, ки таъмири як хонаи се хучрагиро бар душ гирифтем ва таъмири он бо тамоми конуну коидааш дар чуш аст. Чун анъана, кор ба воситаи як миёнраваки пулхури зиёдатй идома дорад ва аз хакки кор 15 фоиз аз они уст.
Гарчанде, ки мардикорони ин чо аз надоштани шахрвандй бо нархи арзон кор кунанд хам, нисбат ба урусбачахои махаллй серпултару бойанд. Ман хайрон, ки ин каллазардхо, хамин хел шароитхои фарохам доранд, аммо хамин хел камбагаланд. Як сабабаш майли онхо ба майнушй ва сабаби дигар танбалй будагист. Инхо тавонову нодон, мо донову нотавон.
Агар ин хел шароите, ки урусхо доранд дар Точикистон мебуд, хам Ватан гул-гул мешукуфту хам ахволи мардум бех мешуд.
Ачаб миллати захматкашу мехнатдустем.
Албатта, ахволи Русия он кадар олй хам нест, лекин ба хар хол ягон бизнеси худро сар кардан мумкин аст. Хама имкониятхо мавчуд. Мархамат, халта-халта карз гир аз бонкхо ва накшахоро амалй соз. Чанд гектар замин лозим? Мана, гир картошка кишт намо. Андози ягона — 13 фоиз. Карз намехохй? Мархамат, чи коре, ки табъат бардорад — карера, варзиш, савдо, сохтмон.. Кор намехохй? Ин тавр бошад, бо дуздию гадой майнушида гард.. Хамин тавр бештари урусбачахо рохи ахиронро интихоб кардаанд.
Мардикорони точик чи? Бештари онхо аз субхи соатхои 6 — 7, то 9- 10-и шаб кор, кор ва боз кор хох арзону хох кимат.
Мо, ки дар сохтмонхои корхонахо то нимашаб кор мекардем, чун одат дар таъмири хучрахои шахсй низ бо ин усул кор карданй шудем. Аммо соат аз 8-и шаб ки гузашт дари моро хамсояхо мекуфтанд, то ба тараку пурук хотима бахшем ва ба истирохати онхо халал надихем.
Ин бегох низ соат аз 8 гузашту мо кор мекардем. Кори аз хама пурсадо, кандани кафели кухна ба воситаи перфоратор дар ихтиёри Носир буд. У шояд хаста шуда буд, вале хост бахонаи хамсояхоро пеш орад.
Носир: — Бачахо, шояд ба кори имруза хотима бахшем? Боз ягон хамсояхо наоянд..
Мусо: — Ээ, то омадани табар, кунда осояд гуфтаанд, кор кардан гир.
Носир: — То омадани табар кй осояд? Мусо, агар ин гапро ягон урус мегуфт аламаш камтар буд. Ту медонй чи гуфтй? Хамин гапатро бо урусй гуй-чи..
Мусо: — То омадани табар- до прихода топора, ъъъ.. ч..рка осояд? … ХаХааХааа..

Садои ханда аз садои перфоратор хам баланд шуду табархо дарро так-так карданд.. )))





НАВРУЗ МУБОРАК!!!

20 03 2010

Инак, боз насиб будаасту Наврузро чашн мегирем. Накша кашидем хама дустон чамъ омада оши як ба як хохем кард. Лекин афсус фазо ва табиати Сибир ба иди Навруз мутобикат наменамояд. Чунки инчо хануз барф заминро руйпуш кардааст ва табиат дар хоби ноз аст. Аслан чи фарке дорад, шодии Ватан — шодии мост.
Хуб, ин соле, ки гузашт чи бурду бохте ба камина насиб гашт? Ягона амали хотирмон ин буд, ки аз Наврузи соли гузашта инчониб банда пас аз танаффус боз ба намозхонй огоз намудам. Ба Шумо низ маслихат медихам, ки дар Рузи Нав ислохоти наве ба калби хеш ворид сохта, намозхон шаванд. Ин хеле эхсосоти гуфта нашавандаест, вакте ки хамеша пои ботахорат мегардед.
Бурди дигар ин ки аз нухуми майи соли гузашта ин чониб ин торнигор фаъолият дорад ва дорои наздик ба дах хазор боздид гашт.
Вале дар нимаи аввали соли гузашта, ки бухрони молй дар авч буд, саргардонию бекорию бепулй гаранг карда буд. Дар нимаи ахир шукри Худо корхо ранги дигар гирифт.
Умедворам дар оянда низ боз бехтар шавад. Ва аз имконият истифода бурда хамаи хонандагони ин сатрхоро ба муносибати иди Навруз табрик гуфта, аз даргохи Илохи бароятон бахту бурдборй таманно дорам. Дасти дуо мебардорем ки Точикистони азизамонро обод гардонад ва аз офатхо эмин нигах дорад. Илохо, хар яки моро хидоят ба рохи рост бинмояд. Иншоаллох, начот танхо ва танхо дар Исломи азиз аст!
Навруз муборак!

Муборак бод Навруз бар точику бар точикистонй,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнй,
Расидем боз бар Навруз, ба соли нав, ба рузи нав,
Дар ин дунёи берахму дар ин дунёи сарсонй,
Илохо Иди Навруз чун сархаде бошад ба самти нек,
Кушоиш орадо бар дини Ислому мусалмонй,
Орову тор бахшад бар хаёти хар яки Шумо,
Рухи болидаву хам шодй бахшад иди осмонй.
Намо бахшад, наво бахшад, ба хар калбе даво бахшад,
Озодиву адолат бишкуфад дар хоки Сомонй.
Муборак Рузи Нав ай точику, ай точикистонй,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнй!





Бахси сиёсии ду мардикор

14 03 2010

— Ало! Скорий помощ? Тут человек безсознания… Да. Ребята чут-чут падралис. Нет ментов ненадо… Водой побризгали, но бесполезна. Адрес? Эээ, 3- й микрарайон, дом 18, квартира 9…

Рузхои истирохат мо асосан то соати 10 — 11-и руз хоб меравем. Сипас якто-якто аз хоб хеста хар кас ба коре машгул мешавад. Яке либосшуи, яке дарбеху духтан..
Бисёрихо назди телевизор банд шуда, дискхои двд бо клипхои точикй тамошо мекунем. Ин дафъа дар айни тамошои клипхои точикй як таронаи Фарзонаи Хуршед боис шуд, ки байни Мусою Содик бахс боло равад. Аслан чунин бахсхо байни ин ду нафар тез- тез рух медоданд, вале ин дафъа бахси хотирмон гашт. Чунки бахс бо гуфтор огоз шуда, бо муштзанй хотима ёфт:
(Клипи Фарзона сар шуд)

Содик: — хамин бечорая 2 сол доданд а..
Мусо (ба суи Содик руй туруш карда): — садхо нафар ба чурми тахриру таблигчй махкум мешаванду ту боши барои хамин афсус мехурй?
Содик: — онхоро хуб мекунанд сазояшон хамин аст. Эмомалй ичозати намозхонй додааст ку, ба ки лозим ин таблиг?
Мусо: — «При чем тут» Эмомалй, додгохи олй онхоро махкум кард?
Содик: — э «дураку ясно», ки дар паси ин фишорхо ба дину ба додгохкашии нашрияхо у истодааст. Интихоботи ношаффоф низ бо «закази» уст. Офарин, ман тарафдори Эмомалй!..
Мусо: — нашрияхо «рисковат» карда, хакикатро менависанд ба хотири бехбудй бахшидан ба хаёти мардум, ба хотири решакан намудани порахурии мансабдорон ба хотири ба гуши президентат расонидани дарду ранч ва шикоятхои мардум..
Содик: — кадом дарду ранч?
Мусо: — ту ахли оилаатро партофта чор хазор километр корковй омади ин ранч нест? Аз пули бо машаккат фиристодаат мачбурй сахмия хариданд, ин алам нест? Дар курсихои мансаб асосан хешу табор ва хамшахрихояшро шинонид, ин шикоят нест? Шахсиятхое, ки дар хакикат дар фикри мардуманд хор гаштаанд. Донишмандон аз сахна берунанд. Чаро? Чунки онхо хешу табори Рахмон нестанд, чунки онхо аз Дангара нестанд ва дар хизби ХХДТят нестанд. Кучост хакикат? Кучост адолат?
Содик: — э хамин хакикату адолат гуфта чанг хезонда хуни бисёре рехт боз мегуед?
Мусо: — ки рехт хамон хунро?! Ээ ту тагоят раиси чамоат таъин шуд ку. Дар интихобот корнамой нишон додагист? Барои хамин ба ту сахт мерасад?
Содик: — хунари мардак! Ту барин шаби дароз бо нотбук банд нест. Ту майнаат аз кор монда истодааст аз хамин интернет. Дар хамин кунчи хона ту шер, ку майдон баро!
Мусо: — дар дилхох чой ман хамин хел ва ба дилхох кас фикрама озод дар руяш мегуям. На аз президентат метарсаму на аз министрат!
Содик: — рахмат гуед, ки боз хамин Эмомалй чангро хомуш кард! Курнамак! Шукри оромию осудагиро…
Мусо: — чи чи чи? Курнамак? Ту киро гуфта истодаи? Дуруст гап зан! Дигар омилхо сабаби хомушшавии чанг гаштанд. Хей, агар президентат калладор мешуд ту 15 сол боз ба Расия омада рафтан мегирифтй? Рахмон ин Саддоми точик аст ва такдири у низ ..
Акаи Муллошо: — ..шуд бас бачахо. Аз ин гапхо ягон фоида нест!
Мусо: — ман ягон гапи зиёдатй нагуфтам у бошад..
Содик: — .. Ман бошад «неблагадарный твар» гуфтам! Шуд? Бо гап до… ЪАА!!..

Карсасти муште баромаду Содик бо бинии хуншор дар руи фарш мехобид…





Тухфаи Наврузй ба Путин

10 03 2010

Путин мехохад якбор бо ягон мардикори точик хамсухбат шавад, чунки ба у гуфтанд, ки точикон мардуми хозирчавобу бохираданд, вале у хамаи точиконро чун раис Рахмон медид. Барои ба ин боварй хосил карданаш либосхои факиронаи «бомжй» ба бар карда ба куча мебарояд. Дар назди «Александровский сад» бо як точик вомехурад, ки дар даст чомаву токй мерафт. Аз у мепурсад, ки чи чиз дар даст дорад ва кучо меравад? Мардикор чавоб медихад, ки ин чомаву токиро ба муносибати иди Навруз мехохад ба Путин хадя намояд. Путин мепурсад, ки агар тухфаатро Путин нагирад чи? Мардикор чавоб медихад: «- Э, чтоб его маму вода унесло, возмёт возмёт, невозмёт пох..й! » Путин ба хашм омадани худро нишон надода меравад. Ва аз у пеш ба кремл рафта либос иваз намуда зуд ду се хукукдон ва милисахоро чег мезанад ва ба онхо мефахмонад, ки хозир бо фармони у як точикро ба хабс кашида хукми катл диханд. Посбонхо ки низ огох карда шуда буданд точикро ичозаи вуруд ба назди Путин медиханд. Мардикор назди Путин медарояд. Мардикор: — Привет Путинчон, как здорове, как дети, янгашка как?
Путин: — Хорошо. Это что у тебя на руках?
Мардикор: — У нас скоро праздник Навруз и вот вам подарок принёс.
Путин: — А если я невозьму..
Мардикор: — Э слушай э, возмёш возмёш, не возмёш ээ ну то что в Александровский сад говорил..
Путин дар хозирчавобй ва фахмиши баланди у коил мешавад, тухфаашро мегирад ва уро хамчун «тухмй» ба шахрвандии Русия кабул менамояд.. Сипас ба Медведев мегуяд: — Дима, блин я думал все таджики такие же лохи, дубы и тупые как Правительства Таджикистана, оказывается я ошибся..





Мактаби хаёт

7 03 2010

Харгиз эрод нагиред мо мардикоронро, аз он ки бештар дар латифахо дар накши асосием.

«ДАХОНАТА ПУШ, ПАШША НАДАРОЯД..»

Вакте ки мардикор аз як Давлати окибмонда, якумбор ба чунин мухити пешрафта ва идеологияи бегона меояд, касе ки набошад бисёр вокеахои хандаовар аз сар мегузаронад, то ба он мухит одат карданаш.
Чандин бор дар расонаву бахсу сухбатхои интернетй шохиди он мешавем, ки хамватанони мо, мардикорро гунахкор мехисобанд, ки гуё боиси паст гаштани шаъни миллат гаштаанд. Дилхох одам на вобаста аз миллаташ, вакте ки аввалинбор ба метро фаромада хаёти зеризаминй ва зинапояхои худравро мебинад, хох нохох дахонаш яла мешавад.
Боре милисахо маро боздошт намуданд ва азбаски бепулиро бахона карда, пора надодам маро ба шуъба бурданд. Дар рох то шуъба се нафари дигарро боздошт намуданд. Аз «сагхо» пурсидам, ки чи тавр мо мардикоронро мешиносанд? Мисли мо муйсиёх бисёр аст, ки шахрванди Русияанд-ку.
Онхо чавоб доданд, ки мо ба куллй фарк мекунем. Ё рохравиамон дигар, ё дахонамон кушода ба чор тараф чашм давонда гаштаем. Хатто яктоаш илова кард, ки аз дурии 1 км моро мешиносад..

ЗАБОН ДОНЙ — ЧАХОН ДОНЙ.

Ба аттестати фартут шудаам менигараму хайрон мешавам, ки дар имтихонхои синфи 11 аз забон адабиёти точик чор гирифтааму аз забони урус 5. Муаллимони онвакта дар хакикат муаллим буданд. 3-и он вакта баробар аст ба 5-и хозира. Аламовараш онки мани «урусидон» аввалин бор соли 1995 дар Маскав ба фурушанда гуфта натавонистам, ки ба ман нон дех. Чунки якчанд намудхои нон дар рафи магоза буд. Нони сиёх, нони сиёхи кашниздор, доканон, нони сафед, «булка», «батон», «батони нарезной» ва г..
Вале банда нонро дар намуди умум — хлеб медонистам ва бори аввал ин гуна намудхои зиёди нонро медидам. Пас аз кашмакашхои зиёде бо фурушандазанак окибат нон харидам. Хайрият, ки бахтам тофту фурушанда зани ботамкин будааст ва мисле ки муаллим дар назди тахтасинф якто-якто харфхоро нишон медихад, у низ дар назди рафхо аз як сар якто-якто ба нонхо ишорат мекард. «-Вот этот?
— Нэт.
— Вот этот?
— Нэт.
-Этот?
-Нэт.
-Вот этот?
-Даааа! Йетот йетот!»

ОХИРСУХАН.

Нагмаю дагалии як дустам Субхон маро дар хайрат гузошт. У бо урусй хеле бурро медонад, вале баркасд нодуруст харф мезанад. Масалан бо прораб мегуфт:
— Я руский плохо знаишь. Но вы миня панимаиш? Виладимир Санавич, я вичера где ви сиказала уже шутукатурил..
Ба у гуфтам, ки чаро ин гуна худро ба нодонй зада, нодуруст гап мезанй?
Гуфт: — Эй бародар, сад сол бигзарад, сад муятро зард намой, сад бо русй бурро гап занй хам, ту барои инхо бегона будй ва бегона мемонй. Пас чи зарур ин кушишхо? Бигзор онхо бо мо, бо кашолагии мо, бо идеологияи мо одат кунанд. Ва ин натичахои интихоботи «шаффоф» хам гувох бар онанд, ки мо ба карибй мардикориро тарк намегуем…