Мактаби хаёт

7 03 2010

Харгиз эрод нагиред мо мардикоронро, аз он ки бештар дар латифахо дар накши асосием.

«ДАХОНАТА ПУШ, ПАШША НАДАРОЯД..»

Вакте ки мардикор аз як Давлати окибмонда, якумбор ба чунин мухити пешрафта ва идеологияи бегона меояд, касе ки набошад бисёр вокеахои хандаовар аз сар мегузаронад, то ба он мухит одат карданаш.
Чандин бор дар расонаву бахсу сухбатхои интернетй шохиди он мешавем, ки хамватанони мо, мардикорро гунахкор мехисобанд, ки гуё боиси паст гаштани шаъни миллат гаштаанд. Дилхох одам на вобаста аз миллаташ, вакте ки аввалинбор ба метро фаромада хаёти зеризаминй ва зинапояхои худравро мебинад, хох нохох дахонаш яла мешавад.
Боре милисахо маро боздошт намуданд ва азбаски бепулиро бахона карда, пора надодам маро ба шуъба бурданд. Дар рох то шуъба се нафари дигарро боздошт намуданд. Аз «сагхо» пурсидам, ки чи тавр мо мардикоронро мешиносанд? Мисли мо муйсиёх бисёр аст, ки шахрванди Русияанд-ку.
Онхо чавоб доданд, ки мо ба куллй фарк мекунем. Ё рохравиамон дигар, ё дахонамон кушода ба чор тараф чашм давонда гаштаем. Хатто яктоаш илова кард, ки аз дурии 1 км моро мешиносад..

ЗАБОН ДОНЙ — ЧАХОН ДОНЙ.

Ба аттестати фартут шудаам менигараму хайрон мешавам, ки дар имтихонхои синфи 11 аз забон адабиёти точик чор гирифтааму аз забони урус 5. Муаллимони онвакта дар хакикат муаллим буданд. 3-и он вакта баробар аст ба 5-и хозира. Аламовараш онки мани «урусидон» аввалин бор соли 1995 дар Маскав ба фурушанда гуфта натавонистам, ки ба ман нон дех. Чунки якчанд намудхои нон дар рафи магоза буд. Нони сиёх, нони сиёхи кашниздор, доканон, нони сафед, «булка», «батон», «батони нарезной» ва г..
Вале банда нонро дар намуди умум — хлеб медонистам ва бори аввал ин гуна намудхои зиёди нонро медидам. Пас аз кашмакашхои зиёде бо фурушандазанак окибат нон харидам. Хайрият, ки бахтам тофту фурушанда зани ботамкин будааст ва мисле ки муаллим дар назди тахтасинф якто-якто харфхоро нишон медихад, у низ дар назди рафхо аз як сар якто-якто ба нонхо ишорат мекард. «-Вот этот?
— Нэт.
— Вот этот?
— Нэт.
-Этот?
-Нэт.
-Вот этот?
-Даааа! Йетот йетот!»

ОХИРСУХАН.

Нагмаю дагалии як дустам Субхон маро дар хайрат гузошт. У бо урусй хеле бурро медонад, вале баркасд нодуруст харф мезанад. Масалан бо прораб мегуфт:
— Я руский плохо знаишь. Но вы миня панимаиш? Виладимир Санавич, я вичера где ви сиказала уже шутукатурил..
Ба у гуфтам, ки чаро ин гуна худро ба нодонй зада, нодуруст гап мезанй?
Гуфт: — Эй бародар, сад сол бигзарад, сад муятро зард намой, сад бо русй бурро гап занй хам, ту барои инхо бегона будй ва бегона мемонй. Пас чи зарур ин кушишхо? Бигзор онхо бо мо, бо кашолагии мо, бо идеологияи мо одат кунанд. Ва ин натичахои интихоботи «шаффоф» хам гувох бар онанд, ки мо ба карибй мардикориро тарк намегуем…

Реклама

Действия

Information

2 комментария

7 03 2010
Follower

Сабки навиштахоятон оли аст, Мардикори гироми!

Илохо хамеша дар панохи Кирдугор бошед ва хонандагони худро на танхо бо киссахои гамангез аз Русия, боз бо латифахои ширин низ шод бигардонед. Аз ашк рехтан мардикори бас намешавад, вале аз хандидан умри мардикор дарозтр ва саломатияш бехтар мешавад.

8 03 2010
ilhom

Сипосгузорам бародар, Follower. Дар мусофирию гарибй вокеаю хабархои хуши латифабоб кам пайдо мешаванд..

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: