НАВРУЗ МУБОРАК!!!

20 03 2010

Инак, боз насиб будаасту Наврузро чашн мегирем. Накша кашидем хама дустон чамъ омада оши як ба як хохем кард. Лекин афсус фазо ва табиати Сибир ба иди Навруз мутобикат наменамояд. Чунки инчо хануз барф заминро руйпуш кардааст ва табиат дар хоби ноз аст. Аслан чи фарке дорад, шодии Ватан — шодии мост.
Хуб, ин соле, ки гузашт чи бурду бохте ба камина насиб гашт? Ягона амали хотирмон ин буд, ки аз Наврузи соли гузашта инчониб банда пас аз танаффус боз ба намозхонй огоз намудам. Ба Шумо низ маслихат медихам, ки дар Рузи Нав ислохоти наве ба калби хеш ворид сохта, намозхон шаванд. Ин хеле эхсосоти гуфта нашавандаест, вакте ки хамеша пои ботахорат мегардед.
Бурди дигар ин ки аз нухуми майи соли гузашта ин чониб ин торнигор фаъолият дорад ва дорои наздик ба дах хазор боздид гашт.
Вале дар нимаи аввали соли гузашта, ки бухрони молй дар авч буд, саргардонию бекорию бепулй гаранг карда буд. Дар нимаи ахир шукри Худо корхо ранги дигар гирифт.
Умедворам дар оянда низ боз бехтар шавад. Ва аз имконият истифода бурда хамаи хонандагони ин сатрхоро ба муносибати иди Навруз табрик гуфта, аз даргохи Илохи бароятон бахту бурдборй таманно дорам. Дасти дуо мебардорем ки Точикистони азизамонро обод гардонад ва аз офатхо эмин нигах дорад. Илохо, хар яки моро хидоят ба рохи рост бинмояд. Иншоаллох, начот танхо ва танхо дар Исломи азиз аст!
Навруз муборак!

Муборак бод Навруз бар точику бар точикистонй,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнй,
Расидем боз бар Навруз, ба соли нав, ба рузи нав,
Дар ин дунёи берахму дар ин дунёи сарсонй,
Илохо Иди Навруз чун сархаде бошад ба самти нек,
Кушоиш орадо бар дини Ислому мусалмонй,
Орову тор бахшад бар хаёти хар яки Шумо,
Рухи болидаву хам шодй бахшад иди осмонй.
Намо бахшад, наво бахшад, ба хар калбе даво бахшад,
Озодиву адолат бишкуфад дар хоки Сомонй.
Муборак Рузи Нав ай точику, ай точикистонй,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнй!

Реклама

Действия

Information

2 комментария

5 04 2010
Khisrav

Салом алйкум око, гарчи номи шуморо намедонам. Дер хам бошад, лекин шуморо бо фарорасии Соли Нав (Навруз хам аслан барои мо соли нав, соли шамси, агар хато накунам) табрик мекунам, ба шумо хохони онам ки ба худ таманно мекарда бошед.
Як назарамро гуфтаниам, ки «Ислом на факат савту салот аст, илм асту низом асту хает аст». Дин ин на танхо ибодати худо, балки омузиш табиат, мутолеаи китоб ва аз худ кардани хар гуна илмхоро дарбар мекунад.
Мехохам ки чавонони мо дар масъалаи хонишу дониш «на голову» бояд бошанд, бе илм ягон тараккиет гайри имкон аст.
Соли наватон боз муборак, сарбаланду муваффак бошед!

10 04 2010
ilhom

Салом бародар Хисрав. Урусхо як макол доранд: лучше поздно, чем никогда. Ба Шумо низ муборак бошад!
Дар хакикат фалсафаи Ислом чукур ва бехамтост. Аммо мо хануз олим ва файласуфе надорем, ки Исломро тавони фахмидану фахмондан дошта бошад. Дар мусулмонии мо бояд фарке аз кофирон бошад. Танхо бо забон гуфтан, ки «ман мусулмонам» басанда нест. Дар холе ки мо фарзхоро (намоз, руза) ичро накунем, аз харом (шароб, гушти хук..) пархез накунем, пас чи фарке аз кофирон мемонад? Ин фикри камина аст. Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: