Защищено: Макаронбирён — таоми «миллии» мардикорон.

27 04 2010

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Реклама




Дуои «хайр»

10 04 2010

Далер вакте аз мардикорй ба Точикистон бармегардад, барои супоридани нома аз дусташ Барот рахсипори хонаи у мешавад. Дар назди дарвоза падари пири 80 солаи дусташро мебинад ва номаро месупорад.
— Рахмат писарам, рахмат барои мактуб. Кай омадй аз Расия? — мепурсад муйсафед.
-Дируз бобо. Дигар худатон нагз хастед, бобо? — дастони муйсафедро фишурда мепурсад Далер.
— Худоро шукр писарам нагз. Хар руз дар хамин офтобии назди дарвоза мешинам. Бигу ки Баротбой кору бораш хуб аст?
— Хуб аст бобо, хуб. Баротбой БИЧ шуда гаштааст. -посух медихад Далери шух.
— Ха, нагз, нагз. Исто ки БИЧа нафахмидам, писарам..
— Бобо, БИЧ ин бачаи зур. Яъне коргар, усто, пулдор. Хавотир нашавед. — шухиашро идома медихад Далер.
— Нагз, нагз. Худо кушоиши кораш дихад. Хай, пулфиристониаш бад не. У хасту моро мехуронаду мепушонад.
Писарам, биё хамин мактубашро ба ман хонда дех. Ман айнакам дар хона мондааст. — мактубро ба Далер медихад.
— Майлаш бобо, гап нест.- Далер мактубро гирифта ба хондан медарояд.
— Салом падарчон. Ман нагз, кор карда гаштаам. Аз ман хавотир нашавед. Насихатхои шуморо фаромуш накардаам. Шабгардй ва шаробнушй накардаам. Дар бобати пул низ боэхтиёт сарф менамоям. Масалан дируз вакти ба кор рафтан бо автобус нею пиёда аз паси автобус рафтам ва 25 сум эканом шуд…
— Офарин писарам, офарин. Хайр шуд давомаша баъд худам мехонам. — мактубро бозпас гирифта ба чайбаш гузошт ва пурсид: — Исто, ки то чои коратон таксй чанд сум аст?
— 200 сум бобо. Хайр майлаш, ман рафтам. Як дуои хайр дихед, бобо, ман ба карибй бозмегардам. Ба Баротбой ягон таъин ё нома бошад расонам.- Далер азми рафтан кард.
— Хайр хамин ки рафти ба Баротбой гуй аз мо хавотир нашавад. Хозир вакти «салдаткаппак» расидааст. Мабодо наояд. Гуй вакти кор рафтан аз паси таксй равад то 200 сум эканом шавад. Охир 25 сум кучою, 200 сум кучо.. Хайр, ба ту рохи сафед. Илохи аз писарам хам бичтар шави, омин…
Далер бо дили нохохам омин карду супсурх, «дуд карда — дуд карда» рох пеш гирифт.